“Ба фурӯши замин гунаҳкор буд”. Раиси пешини Идораи замини Шаҳристон бо пардохти 70 ҳазор сомонӣ аз ҷавобгарӣ озод шудааст

Шокирҷон Қаробоев, сардори ҳамакнун пешини Идораи замин дар ноҳияи Шаҳристон бо иттиҳоми “ғайриқонуни додани қитъаи замин” гунаҳкор ва бо ҳукми додгоҳ бо пардохти 70 ҳазор сомонӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудааст. Хабари боздошт ва оғоз шудани парванда нисбати ӯ тобистони соли гузашта расонаӣ шуд. Вале худаш дар як сӯҳбати кутоҳи телефонӣ ба “Азия-Плюс” боз гардидани парванда […]

Шокирҷон Қаробоев, сардори ҳамакнун пешини Идораи замин дар ноҳияи Шаҳристон бо иттиҳоми “ғайриқонуни додани қитъаи замин” гунаҳкор ва бо ҳукми додгоҳ бо пардохти 70 ҳазор сомонӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудааст.

Хабари боздошт ва оғоз шудани парванда нисбати ӯ тобистони соли гузашта расонаӣ шуд. Вале худаш дар як сӯҳбати кутоҳи телефонӣ ба “Азия-Плюс” боз гардидани парванда нисбаташро рад карда, онро “хато ва туҳмат” гуфта буд.

Рабим Ғафурзода, раиси ноҳияи Шаҳристон рӯзи 27-уми январ зимни  нишасти матбоутӣ гуфт, Шокирҷон Қаробоев тобистони соли 2025 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуд ва нисбаташ барои ғайриқонуни додани қитъаи замин (моддаи 338 (1) Кодекси ҷиноии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда буд.

Ба иттилои Ғафурзода, сардори пешини Идораи замини Шаҳристонро зинаи поёнии додгоҳ 5 сол аз озодӣ маҳрум кард. Вале Шокирзода ба зинаҳои болоӣ шикоят бурд ва тибқи ҳукми зинаи болоии додгоҳ, ӯ бо пардохти ҷарима ба озодӣ баромад.

“Мо шунидем ки суд 70 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин кардааст, вале нусхаи ҳукм дастраси мо нашуд ва дақиқан намедонем, ки Шокирзода чӣ миқдор ҷарима пардохтааст. Ҳоло дар озодӣ ва бо соҳибкорӣ машғул аст”- зикр кард Рабим Ғафурзода.

Қаблан, Тоҳирҷон Толибзода, сардори идораи замин дар вилояти Суғд гуфта буд, ки сардори идораи замин дар ноҳияи Шаҳристон ва як масъули идораи замин дар ноҳияи Деваштич даст ба ҷиноят задаанд. Аммо ӯ мушаххас нагуфт абуд, ки ин ду корманд чӣ ҷиноят содир кардаанд.

Вале он замон худи Шокирҷон Қаробоев, зимни як тамоси кӯтоҳи телефонӣ гуфта буд, ки “хато ва туҳмат карданд”. Аммо нагуфт, ки чӣ хато шудааст ва кӣ тӯҳмат кардааст.

Сафар Салимзода, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, дар нишасти нимсолаи соли 2025 гуфта буд, ки  дар шаш моҳи соли ҷорӣ, 11 корманди идораҳои замин дар шаҳру навоҳии вилоят 10 ҷиноят содир шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.