“Гузоштани номҳои “дуқабата” манъ нест”. Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот тартиби гузоштани ном ба фарзандонро шарҳ дод

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Сахидод Раҳматуллозода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот рӯзи 30-юми январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, гузоштани номҳои ба истилоҳ “дуқабата” ё “сеқабата”, яъне номҳое, ки аз ду ва зиёда реша иборатанд, манъ нашудааст. Ӯ таъкид кард, ки танҳо гузоштани номҳои гӯшхарош, номҳое, ки ба меъёри забони тоҷикӣ ва арзишҳои миллии мо мувофиқ набуда, арзишҳои миллатҳои дигарро таблиғ мекунанд, манъ шудааст.

Раиси Кумита гуфт, дар робита ба интихоби номҳои тоҷикона бо ширкати 35 донишманди тоҷик 6 дафъа ҷаласа доир ва ин масъала ба баҳс кашида шудааст.

Ӯ ба суоли рӯзноманигорон дар робита ба шикояти сокинон аз рад шудани номҳои пешниҳодкардаи сокинон аз ҷониби идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гуфт, “касе гузоштани номҳои ду ва ё сеқабатаро инкор накардааст”.

Раҳматуллозода барои таъкиди иддаояш чанд номеро намуна овард, ки аз ду ё зиёда решаҳо таркиб ёфтаанд.

“Фақат бо калимаи “гул” 97 ном пешниҳод шудааст. Яъне “гул” худаш танҳо набуда, бо калимаҳои дигар пайваст шудааст, яъне дуқабата аст ҳатман. Бо калимаи “дил” бошад 34 номи духтарона пешниҳод шудааст”, – тавзеҳ дод ӯ.

Бо ҳамин тартиб, ӯ чанд калимаеро ном бурд, ки бо истифодаи онҳо ва иловаи решаи дигар номҳои зиёде дар китоби Фарҳанги номҳои тоҷикӣ пешниҳод шудааст.

Аз ҷумла, ба қавли ӯ, бо калимаи “ориё” 15 ном, бо калимаи “пок” 19 ном,  “озар” 22 ном, “беҳ” 16 ном, “моҳ” 40 ва “маҳ” 31 ном ва бо калимаи меҳр 27 ном дар китоби Фарҳанги номҳои тоҷикӣ дарҷ шуда, интихоби онҳо озод аст.

 

Раҳматуллозода дубора таъкид кард, ки дар сурати тарғиби номҳои ғайритоҷикӣ, кумита “сахтгирӣ” мекунад.

“Номгузории одамон яке аз масоили мубрам аст. Мо талош дорем, ки мардуми мо бо номҳои миллии худамон дар тамоми дунё сафар кунанд, бо номҳои миллии худамон шиноснома дошта бошанд ва зиндагӣ кунанд. Чаро бо номҳои дигар миллатҳо фахр кунем?! На, мо бо номҳои миллии худ бояд ифтихор кунем,” –  шиква кард ӯ.

 

Чаро “хор”-у “санг”-у “теша”-ю “табар” аз насаби мардум берун карда мешавад?

Раҳбари Кумитаи забон ба суоли хабарнигорон дар робита ба берун кардани “санг, табар, теша” барин калимаҳо аз насаби шаҳрвандон, ки авлодӣ аст, гуфт, Қонун дар бораи забони тоҷикӣ ба ин иҷоза намедиҳад ва Қонун дар бораи САҲШ ин низомро танзим кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, доштани номи ҳасана ҳаққи конститутсионии ҳар як тифл аст ва набояд ҳуқуқи ӯ поймол шавад.

“Масалан, модар 18 писар таваллуд мекунад, бо сабабҳои гуногун мефавтад ва бо нияти он ки тифл мунҷавиз монад, санг ва ё хор. Чуноне ки насаби ман низ Хоркашев буд ва бобоям “Хор” буд. Лекин тифли навзод чӣ гуноҳ дорад, ки ҳаққи конститутсионии ӯро поймол мекунему номи гӯшхарош ва нодуруст мемонем”, – масал зад ӯ.

Бояд гуфт, масъалаи номгузорӣ ба кӯдакон солҳои охир, махсусан баъди танзими номгузорӣ зиёд баҳс мешавад. Сокинон иддао мекунанд, ки бо вуҷуди тоҷикона ва ба арзишҳои миллӣ созгор будани номҳое, ки пешниҳод мекунанд,  идораи САҲШ ба далели дуқабата буданашон онҳоро рад мекунанд.

Раиси кумита ин иддаоро инкор кард, аммо меъёри муайян намудан дар иҷоза будан ва ё набудани кадом номи ду ва зиёда реша дошта гуфта нашуд ва пешниҳод гардид, ки ба китоби Фарҳанги номҳои тоҷикӣ муроҷиат кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...