Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 феврали соли 2026

0
5
асс

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз Палатаи ҳисоб (соати 08:00), Вазорати рушди иқтисод ва савдо (соати 10:00), Бонки миллӣ (соати 10:00), Вазорати саноат ва технологияҳои нав (соати 11:00), Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ (соати 11:00 дар собиқ бинои Маркази тадқиқоти стратегӣ), Донишкадаи инноватсионӣ (соати 14:00, воқеъ дар кӯчаи Баҳовуддинов, 32Б, рӯ ба рӯи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон, шафати Мактаби Ҳоризонт) нишасти матбуотӣ доир карда, аз фаъолияти яксолаи худ назди хабарнигорон ҳисобот медиҳанд.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 11 ФЕВРАЛ

Соли 2009 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Брюссел иштирок карда, бо тоҷикони муқими Белгия мулоқот кард.

Соли 2010 – Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳаи олимпии Ванкувер барафрохта шуд.

Соли 2012 – Дар Афғонистон чархболи “Ми-8”-и Қувваҳои ҳавоии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон суқут кард. Ҳамаи чаҳор халабон, ки низомиёни Қувваҳои ҳавоии Тоҷикистон буданд, ҳалок шуданд.

Соли 2015 – Дар  Олмотӣ (Алмато) дафтари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба кумаки тиббӣ-санитарӣ ифтитоҳ шуд.

Соли 2020 – Ҳавопаймои “Сомон Эйр” донишҷӯёни тоҷикистониро аз шаҳри Вуҳани Чин, ки ба коронавирус сироят ёфта буданд, берун овард. Онҳоро барои 14 рӯз дар осоишгоҳи “Харангон” ба карантин гирифтанд.

Соли 2020 – Думаи давлатии Русия созишномаи сохтмони панҷ мактаби русизабонро дар Тоҷикистон тасдиқ кард.

Соли 2020 – Ӯзбекистон ба шаҳрвандони худ, ки дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекарданд, пешниҳод кард, ки ба ватан баргарданд.

Соли 2022 – Сафорати Арабистони Саудӣ дар Душанбе эълон кард, ки гирифтани раводиди ҳаҷ дар Тоҷикистон ройгон мебошад.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1915  – Зодрӯзи Маҳмадёқуб Маҳмадюсуфов, Ҳофизи халқии Тоҷикистони шуравӣ.

Соли 1938 – Мавлуди Теша Раҷаб, нависандаи тоҷик.

Соли 1942 – Зодрӯзи Сафияи Носир, нависандаи тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сафияи Носир

Сафияи Носир аз нависандагони хушноми тоҷик ном бурда мешавад, ки романҳои “Садди Искандар”, “Заркосаи шикаста”, қиссаҳои “Зиндашӯю мурдашӯ” ва “Қосиди хиёнатгар”-аш байни хонандагон маъруфанд.

Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии ба номи Алишер Навоӣ буда, соли 1962 ба Душанбе омада, дар маҷаллаи “Машъал” ба кор оғоз кардааст. Минбаъд дар рӯзномаҳои “Пионери Тоҷикистон»”-у “Комсомоли Тоҷикистон”, маҷаллаҳои “Машъал”, “Занони Тоҷикистон”, “Чашма” ва Кумитаи давлатии радиову телевизон кор кардааст.

Ҳикояи аввалини ӯ “Мукофоти ишқи пок” ном дошта, соли 1990 қиссаи “Мӯъҷизакорони кӯчак”-аш дар шакли китоби алоҳида ба дасти хонандагон расид. Ӯ ҳамчунин муаллифи маҷмӯи ҳикояҳои “Мукофоти ишқи пок”, “Танӯри осмон”, “Духтаре аз гӯшаи фаромӯшӣ”, “Минбари Насим” мунташир шуданд.

Ӯ ҳамсари Насим Раҷаб, нависандаи тоҷик аст. Баъдан маҷмӯаи ҳикояҳояш “Сози муҳаббат”, “Гаҳворабандон”, “Зарофаяки нодон” чоп шуданд.

Соли 1954 – Мавлуди Воҳид Эшонхоҷаев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Соли 1963 – Зодрӯзи  Абдулло Табарӣ, ректори пешини Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, вакили пешини парлумони кишвар.

Соли 1964 – Мавлуди Иззатулло Сафарзода, директори Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Иззатулло Сафарзода

Иззатулло Сафарзода то моҳи августи соли 2025 роҳбари Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе буд ва сипас директори Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов таъин гардид.

Соли 1969 – Мавлуди Маликшо Неъматзода, муовини якуми раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ).

ИЗОБРАЖЕНИЕ Маликшо Неъматзода

Ӯ соли 1994 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, соли 2005 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ, соли 2009 Академияи хизмати давлатии назди президентиРусияро бо ихтисосҳои филолог, муаллими забон ва адабиёти пушту ва тоҷикӣ, сиёсатшиноси байналхалқӣ хатм кардааст.

Соли 1999 аввалин бор масъулияти иҷрои вазифаи давлатиро ба зимма мегирад ва мушовири намояндаи минтақавӣ дар намояндагии тиҷоратии Тоҷикистон дар Русия, шаҳри Санкт-Петербург таъин мешавад ва то соли 2001 дар ин маснад кор мекунад.

Баъдан, аз соли 2001 то соли 2007 дар вазифаҳои гуногуни Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон фаъолият мекунад. Соли 2007 раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш таъин гардид ва то соли 2014 кор кард.

Соли 2014 Неъматзода сафири Тоҷикистон дар Олмон таъин гардид. Соли 2016 ба ин вазифаи ӯ ҳамчунин масъулияти сафирӣ дар ҷумҳуриҳои Чех ва Лаҳистон низ илова гардид.

Баъди ин ӯ аз сафирӣ сабукдӯш ва солҳои 2018-2020 сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳали Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон таъин кардид. 11 моҳ, аз январ то ноябри соли 2020 раисии шаҳри Норакро ба зима дошт.

Маликшо Неъматзода аз соли 2020 то моҳи декабри соли 2024 раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон буд.

Рӯзи 18-уми декабри соли 2024, Маликшо Неъматзода ба ҷойи Абдуҷаббор Азизӣ муовини якуми раиси ҲХДТ интихоб гардид.

Дар бораи шахсият ва корномаи сиёсии Маликшо Неъматов дар ин маводи “Азия-Плюс” маълумот гиред.

Соли 1970 – Зодрӯзи Зикрихудо Самадзода, раиси собиқи ноҳияи Ишкошим.

Зикрихудо Самадзода соли 1991 техникуми молиявӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе ва соли 1999 Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст. Солҳо дар соҳаи молия дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ фаъолият кардааст.

Ӯ соли 2013 иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ишкошим таъин гардид ва то соли 2019 дар ин маоқм кор кард. Ҳоло маълум нест, ки чӣ мақом дорад.

Соли 1971 – Алӣ Аҳмадов, арбоби давлатии шӯравӣ ва тоҷик, Комиссари халқии корҳои хориҷии Тоҷикистони шӯравӣ дар 60-солагиаш даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии беморон аст. Ин рӯз 13 майи соли 1992 бо ташаббуси Папаи Рим Иоанн Павели II (Pope John Paul II) таъсис ёфтааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Бо қарори Маҷмаи Умумии СММ аз 22-юми декабри соли 2015 қатъномае қабул шуд, ки тибқи он 11-уми феврал Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм эълон гардид.

Ҳадафи ин рӯз таъмини дастрасии пурра ва баробари занону духтарон ба илм ва иштироки онҳо дар ин соҳа гуфта мешавад. Ин рӯз аз он ёдоварӣ мекунад, ки занону духтарон дар ҷомеаи илмӣ ва технология нақши муҳим доранд ва бояд иштироки бештари онҳо таъмин гардад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо баъзан борон, дар ноҳияҳои доманакӯҳию-кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 0+5º гарм, дар водиҳо шабона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ баъзан шиддат мегирад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 7+12º гарм, дар водиҳо шабона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо баъзан борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф борида, дар баъзе ноҳияҳо шиддат мегирад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 0+5º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 6-8º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 9+11º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 0-5º сард, дар баъзе минтақаҳо то 8-10º сард, дар ғарби вилоят шабона -1+4º, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17º сард, дар баъзе минтақаҳо то 25-27º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, баъзан борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 12+14º гарм, шабона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 6+8º гарм, шабона 3+5º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, рӯзона асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 7+9º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 5+7º гарм, шабона -1+1º.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 11 ба 12-уми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь