“Москалкова мегӯяд, онҳо чун шаҳрванди Русия ба ҷанг мераванд”. Омбудсмен ҷалби тоҷикон ба ҷанги Русия дар Украинаро шарҳ дод

Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфт, воқеан шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар маҳбасҳои Русия адои ҷазо мекунанд, ба ҷанги Украина фиристода мешаванд. Аммо, ба гуфтаи ӯ, аксари онҳо душаҳрвандӣ дошта, ҳамчун шаҳрванди Русия ба ҷанг бурда мешаванд. Омбудсмени тоҷик зимни нишасти матбуотии рӯзи 9-уми феврал бо зикри ин нукта, илова кард, ки дар робита […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфт, воқеан шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар маҳбасҳои Русия адои ҷазо мекунанд, ба ҷанги Украина фиристода мешаванд. Аммо, ба гуфтаи ӯ, аксари онҳо душаҳрвандӣ дошта, ҳамчун шаҳрванди Русия ба ҷанг бурда мешаванд.

Омбудсмени тоҷик зимни нишасти матбуотии рӯзи 9-уми феврал бо зикри ин нукта, илова кард, ки дар робита ба ин масъала дар шаҳри Мински Белорус бо Татяна Москалкова, ваколатдори ҳуқуқи инсони Русия суҳбат доштааст.

“Хонум Москалкова низ мегӯяд, ки онҳо ҳамчун шаҳрванди Русия сафарбар мешаванд”, – гуфт ӯ.

Ба таъкиди Бобозода, дар қонунгузории Тоҷикистон иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар низоъҳои мусаллаҳона манъ аст.

“Бо вуҷуди он ки мо низ назорат мебарем, мутаассифона, вақте шаҳрванди Тоҷикистон дар муассисаи ислоҳии Русия меафтад, аллакай маҳбуси он давлат аст ва дар амалия шумо мебинед, ки онҳо ба низоъҳои мусаллаҳона мераванд”, – гуфт .

Ба таъкиди Омбудсмени тоҷик, ба ҷанг рафтани тоҷикистоние, ки шаҳрвандии Русияро надорад, ҷиноят аст.

 

Пештар аз ин Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии моҳи августи соли 2025 гуфта буд, ки ягон шаҳрванди кишвар “барои иштирок дар муҳорибаҳои Украина”, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудааст.

“Баъзе шаҳрвандон худашон душаҳрвандӣ доранд, чӣ шаҳрвандии Тоҷикистон ва чӣ шаҳрвандии Русия. Дар ҳоле, ки шаҳрвандии ягон кишварро қабул мекунед, талабот ва ӯҳдадориҳои он давлатро бояд риоя кунед. Яъне, масъалаи иштирок карданро худи давлат масъалагузорӣ мекунад нисбати ҳамон шахсе, ки шаҳрвандиро қабул кардааст. Барои ҳамин, ин ба шаҳрвандии худи шахс вобаста асту ба хоҳишу ӯҳдадориҳои ӯ”, – гуфта буд Воҳидзода.

Давлати Русия ҳеҷ гоҳ пинҳон накардааст, ки шаҳрвандони кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистонро барои имзои шартнома бо артишаш ва минбаъд ҷанг дар Украина ҷалб мекунад.

Мувофиқи иттилои Кумитаи тафтишотии Русия ба ҳолати июни соли 2024, зиёда аз 10 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, барои иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар Украина фиристода шудаанд.

Соли 2025 хабари кушта шудани ҷанд шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷанги Украина расонаӣ шуд.

Коршиносон мегӯянд, Русия дар симои муҳоҷирон аскари тайёрро мебинад ва ҳарчӣ бештар онҳоро дар ҷанг қурбон кардан мехоҳад.

Аммо ин кишвар аз ҳолатҳои зиёди фиреб, таҳдид, фишор ва сӯйистифода аз вазъи танги муҳоҷирон барои имзои иҷбории шартнома бо артишаш сухан намегӯяд.

Ахиран тарҳи “Зистан мехоҳам” (“Хочу жить”), лоиҳа давлати Украина, ки ба ҷамъоварии омори ҷанг машғул аст, моҳи апрели соли 2025 номи 931 зодаи Тоҷикистонро нашр карда, навишт, ки “онҳо бо артиши Русия шартнома баста, зидди Украина меҷанганд ва то имрӯз 196 нафари онҳо кушта шудаанд”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.