Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз сӯйи Содир Жапаров, раисҷумҳури ин кишвар ба истеъфо фиристода шуд. Ба ҷойи Тошиев генерал-майор Ҷумгалбек Шабданбеков таъин шуд. Хабаргузории “24.kg” навишт, ки фармони раисҷумҳури Қирғизистон дар бораи пеш аз муҳлат аз вазифаи муовини раиси Девони вазирон – раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон озод кардани Қимчибек […]

Asia-Plus

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз сӯйи Содир Жапаров, раисҷумҳури ин кишвар ба истеъфо фиристода шуд. Ба ҷойи Тошиев генерал-майор Ҷумгалбек Шабданбеков таъин шуд.

Хабаргузории “24.kg” навишт, ки фармони раисҷумҳури Қирғизистон дар бораи пеш аз муҳлат аз вазифаи муовини раиси Девони вазирон – раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон озод кардани Қимчибек Тошиев имзо шудааст.

Якҷо бо Тошиев, муовинҳои ӯ ҳам ба истеъфо фиристода шуданд.

Ба ҷойи Тошиев Ҷумгалбек Шабданбеков, ки то ин лаҳза сардори хадамоти 9-ум ва муовини раиси КДАМ-и Қирғизистон буд, таъин шудааст. Ӯ 55 сол дорад ва соли 2022 рутбаи генерал-майор гирифтааст. Номзадии ӯ барои тасдиқ ба парлумон ирсол шудааст.

Бояд гуфт, Қамчибек Тошиев аз “дӯстонии наздиктарин” ва ҳамақидаву ҳамсангари Содир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон дониста мешавад. Ӯ якҷо бо Жапаров паси панҷараи додгоҳ рафтааст, дар озодии раисҷумҳури кунунӣ саҳми муассир доштааст ва аз рӯзи аввали сари қудрат омадани Жапаров дар паҳлӯи ӯ ва дар вазифаи раиси КДАМ будааст.

 

Чанде пештар дар филми “Раисҷумҳур”, ки ба давраи ҳукмронии Жапапов бахшида шуда буд, Тошиев аз корномаи раисҷумҳураш бо эҳсосот ва ифтихор нақл кардааст.

Чанеде пеш аз истеъфои Тошиев дар саҳифаҳои қирғизии шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он ҳамакнун раиси пешини КДАМ мегӯяд, “дӯстӣ бо қудрату пул набояд чен карда шавад”.

Чанд лаҳза баъди эълони истеъфои Тошиев, расонаҳо Содир Жапаров сабаби ин истеъфоро шарҳ дод.

“Ман ин тасмимро пеш аз ҳама барои манфиати давлат, бо мақсади пешгирӣ аз ҷудоӣ дар ҷомеа, аз ҷумла миёни ниҳодҳои давлатӣ ва баръакс, барои тақвияти ваҳдат, гирифтам”, – гуфт Жапаров.

Худи Тошиев то ҳол дар бораи истеъфоаш расман ва ошкор чизе нагуфтааст.

Ёдовар мешавем, ки Тошиев дар музокироти Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли баҳси марзӣ низ аз чеҳраҳои калидӣ буд. Ӯ аз ҷониби кишвари ҳамсоя роҳбарии ҳайати музокиротро ба зимма дошт вачанд маротиба ба Тоҷикистон сафар кардаву бо ҳамтои тоҷикаш мулоқот карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.