Шикояти 15 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла Чину Эрону Русия ба Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон

Соли 2025 Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон 15 парвандаи марбут ба шаҳрвандони хориҷиро баррасӣ кардааст. Дар ин бора Зокир Аминзода, муовини раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон рӯзи 10-уми феврал дар нишастии матбуотӣ хабар дод. Ӯ зикр кард, ки аз ин шумора бо иштироки шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони Чин  7 парванда, Эрон 3 парванда, Туркия 2 парванда, […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Соли 2025 Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон 15 парвандаи марбут ба шаҳрвандони хориҷиро баррасӣ кардааст. Дар ин бора Зокир Аминзода, муовини раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон рӯзи 10-уми феврал дар нишастии матбуотӣ хабар дод.

Ӯ зикр кард, ки аз ин шумора бо иштироки шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони Чин  7 парванда, Эрон 3 парванда, Туркия 2 парванда, Русия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон як парвандаӣ баррасӣ шудааст.

“Як парванда бо даъвои Додситонии кулли Тоҷикистон ба манфиати шаҳрванди Эрон дар бораи беэътибор донистани шартномаи ҳиссагузорӣ, инчунин 7 парванда бо иштироки шаҳрвандони Чин асосан вобаста ба масъалаҳое, ки ба шартномаҳои байниширкатҳо алоқамандӣ доранд, инчунин якчанд шартномаҳои дигар дар бораи барқарор кардани ҳуқуқҳо байни шаҳрвандони Эрон, ки муассисони ҷамъиятҳо ва корхонаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон буданд, баррасӣ шуданд”, – шарҳ дод Аминзода.

Инчунин, ӯ гуфт, парвандаҳои марбут ба шаҳрвандони Русия, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ки дар Тоҷикистон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буданд ва муассис ё директорони ҷамъиятҳо буданд, баҳсҳои онҳо низ, дар бораи беэътибор донистани шартномаҳои ҳиссагузорӣ ва ё рӯёнидани маблағҳо буд.

Ба ҷуз ин, соли гузашта ба додгоҳҳои иқтисодии кишвар 10 дархост дар бораи эътироф ва ба иҷро расонидани ҳалномаи додгоҳҳои хориҷӣ ворид шуда, баррасӣ шудааст.

Зокир Аминзода гуфт, дархостҳои воридшуда 4 адад ба Русия, 2 адад ба Қазоқистон, 2 адад ба Венгрия ва яктоӣ ба Ӯзбекистон ва Қирғизистон рост меояд.

 

“Асосан ҳамаи ҳалномаҳои ба додгоҳҳои олии иқтисодии Тоҷикистон воридгардида тибқи конвенсияи соли 1956 дар бораи эътироф ва иҷрои ҳалномаҳои хориҷӣ ба иҷро расонида шудааст. Инчунин, мувофиқи созишномаҳои байни давлатҳои ИДМ якчанд супоришҳои судӣ аз ҷониби додгоҳҳои олии иқтисодӣ ба иҷро расонида шудааст”, – гуфт ӯ.

Бояд гуфт, ки солҳои охир Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон омори парвандаи марбут ба шаҳрвандони хориҷиро расонаӣ накардааст ва дар воситаҳои ахбори оммаи кишвар ҳам чунин рақам нест.

Ҳашт соли пеш, соли 2018 дар Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон 27 даъвои ширкатҳои хориҷӣ ва ҳамкорони маҳаллии онҳо баррасӣ шудааст, ки ду баробар бештар назар ба нишондодҳои соли 2017 будааст.

Дар нимсолаи аввали соли 2020 бошад, 4 аризаи даъвогӣ ба Додгоҳи олии иқтисодӣ ворид шудааст, ки иштирокчиёни онҳо шаҳрвандони хориҷӣ ё ширкатҳо мебошанд.

Қонунгузорӣ ва санадҳои расмӣ ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷиро барои муроҷиат ба додгоҳ дар Тоҷикистон пешбинӣ мекунанд. Асосан, сармоягузорон ба додгоҳҳои Тоҷикистон дар ин ё он хусус шикоят мебаранд. Сармояи хориҷӣ асосан аз Русия ва Чин ба Тоҷикистон ғолибан барои бахшҳое чун саноати кӯҳӣ, бонкдорӣ, энергжӣ ва истеҳсоли семент маблағгузорӣ мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.