“Рӯйхати сиёҳ”-и Хадамоти иҷро. Беш аз 27,7 ҳазор қарздор аз ҳаққи хуруҷ аз Тоҷикистон маҳрум будаанд

Ҳоло номи 27 ҳазору 703 нафар дар феҳристи қарздорони Хадамоти иҷро қарор доштааст, ки ҳуқуқи аз ҳудуди кишвар берун баромаданро надоранд. Аз ин теъдод танҳо дар соли гузашта 11 ҳазору 553 нафар, номашон дар “рӯйхати сиёҳ”-и Хадамоти иҷро ворид шудааст, ки наметавонанд кишварро тарк кунанд. Дар ин бора Аҳтам Абдуллозода, сардори Хадамоти иҷро имрӯз, 10-уми […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Ҳоло номи 27 ҳазору 703 нафар дар феҳристи қарздорони Хадамоти иҷро қарор доштааст, ки ҳуқуқи аз ҳудуди кишвар берун баромаданро надоранд. Аз ин теъдод танҳо дар соли гузашта 11 ҳазору 553 нафар, номашон дар “рӯйхати сиёҳ”-и Хадамоти иҷро ворид шудааст, ки наметавонанд кишварро тарк кунанд.

Дар ин бора Аҳтам Абдуллозода, сардори Хадамоти иҷро имрӯз, 10-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ хабар дода, гуфт, ки ин теъдод нисбат ба соли 2024-ум 7 ҳазору 579 нафар зиёд шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, маҳдуд шудани сафари қарздорон натиҷаи мусбат дода, дар натиҷа соли 2025-ум 2 ҳазору 156 нафари онҳо 33 миллиону 18 ҳазору 575 сомонӣ, 108 ҳазору 560 доллар (беш аз 1 млн 18 ҳазор сомонӣ) ва 1 ҳазору 736 рубли белорусӣ (каме беш аз 5600 сомонӣ) қарзи худро пардохт кардаанд.

Ин рақам назар ба соли 2024-ум аз рӯи шумора 341 нафар зиёд ва аз ҳисоби маблағ 12 миллиону 109 ҳазору 393 сомонӣ, 74 ҳазору 316 доллар ва 1 ҳазору 736 рубли белорусӣ зиёд будааст.

Бояд зикр кард, ки ин қарз аз ҳисоби  напардохтани пули “алимент”, ҷаримаҳо, маблағҳои қарз ва ғайра ташаккул меёбад ва Хадамоти иҷро вақте барои баргардонидани он муваззаф мешавад, ки қарз аз 10 нишондиҳанда бештар мешавад.

Хадамоти иҷро ҳам танҳо дар асоси қарори додгоҳ барои баргардонидани қарз амал мекунад ва ҳам қарздоронро ба “рӯйхати сиёҳ” ворид мекунад.

 

Аҳтам Абдуллозода мегӯяд, ки тадбирҳои гузоштани маҳдудият дар сафари қарздорон ба хориҷа ва маҳдуд шудани баъзе хидматрасониҳои ҳуқуқӣ барои онҳо натиҷаи хуб додааст ва онҳо таҷрибаи кишварҳои дигарро дар хусуси роҳҳои иҷбории ситонидани маблағ аз қарздорон омӯхта истодаанд.

“Ҳатто барои табобат рафтани қарздор низ ба хориҷӣ кишвар асос барои озод кардани вай аз маҳдудият шуда наметавонад. Мо ҳамарӯза шаҳрвандонро баъди пардохти қарздорӣ аз ин рӯйхат берун бароварда истодааем. Вақте дар оянда шаҳрванд ба фурудгоҳ меравад ва мебинад, ки қарздор аст дар терминалҳои дахлдори фурудгоҳ маблағи қарзашро месупорад ва система аллакай вайро озод мекунад”,- иброз дошт номбурда.

Алиҷон Аминзода, сардори Раёсати ташкил ва назорати иҷрои хадамот ба “Азия-Плюс” гуфт, ки то имрӯз дар рӯйхати қарздороне, ки ҳаққи тарки Тоҷикистонро надоранд ба 27 ҳазору 703 нафар расидааст.

Бояд гуфт, ки ба ин рӯйхат қарздороне дохил мешаванд, ки тибқи қарорҳои додгоҳ бояд маблағи қарзро пардохт кунанд. Ҳадафи он ба таври иҷборӣ ситонидани қарзҳое аст, ки тибқи санади додгоҳӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муваззаф шудаанд.

Ҳамчунин, соли гузашта 3 ҳазору 893 шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон дохил карда шудаанд, ки тибқи он мақомоти давлатӣ, нотариусҳо, САҲШ, хадамоти шиносномадиҳию бақайдгирӣ, БДА ва дигар мақомоти дахлдор муроҷиати чунин шахсонро иҷро намекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.