Ҳабси 39 кас ва ҷалби 216 тани дигар ба корҳои ислоҳӣ. Дар Тоҷикистон беш аз 13,7 ҳазор нафар пули “алимент”-ро надодаанд

Мақомоти Тоҷикистон соли гузашта алайҳи 270 нафар, ки аксаран падарон ҳастанд, бо гумони саркашӣ аз пардохти “алимент” барои таъмини фарзандонашон парвандаи ҷиноӣ боз намуда, 39 нафарро ҳабс, 15 касро ҷарима карда, 216 тани дигарро ба корҳои ислоҳӣ ҷалб кардаанд. Дар ин бора Алиҷон Аминзода, сардори Раёсати ташкил ва назорати иҷрои Хадамоти иҷро имрӯз, 10-уми феврал […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Мақомоти Тоҷикистон соли гузашта алайҳи 270 нафар, ки аксаран падарон ҳастанд, бо гумони саркашӣ аз пардохти “алимент” барои таъмини фарзандонашон парвандаи ҷиноӣ боз намуда, 39 нафарро ҳабс, 15 касро ҷарима карда, 216 тани дигарро ба корҳои ислоҳӣ ҷалб кардаанд.

Дар ин бора Алиҷон Аминзода, сардори Раёсати ташкил ва назорати иҷрои Хадамоти иҷро имрӯз, 10-уми феврал ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Вале манбаъ нагуфт, ки 39 нафар ба чанд соли зиндон маҳкум шудаанд, аммо қонунгузории Тоҷикистон (моддаи 177-и КҶ) барои напардохтани пули “алимент” аз корҳои ислоҳӣ то 3 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Номбурда гуфт, соли гузашта ҳамчунин 753 (соли 2024 – 514) нафар, ки аксарашон падаронанд, барои саркашӣ аз додани “алимент” ва пинҳон кардани маҳалли зисташон дар ҷустуҷӯйи мақомоти интизомӣ қарор доранд.

Аҳтам Абдуллозода, сардори Хадамоти иҷро зимни ин нишаст гуфт, ки ҳоло дар умум 13 ҳазору 765 нафар барои напардохтани “алимент” дар рӯйхати қарздорони ин ниҳод қарор доранд ва ба ин далел наметавонанд кишварро тарк кунанд. Аз ин теъдод 8 ҳазору 332 нафар танҳо дар соли 2025-ум ба феҳристи қарздорони сафарашон ба хориҷ маҳдуд ворид шудааст.

Тибқи маълумоти номбурда, соли гузашта аз падарон дар Тоҷикистон ба манфиати модару кӯдак 179 миллиону 904 ҳазору 447 сомонӣ “алимент” ситонида шудааст, ки назар ба соли 2024-ум 147 миллиону 189 ҳазору 963 сомонӣ зиёд будааст.

 

Абдуллозода мегӯяд, ки тибқи қонунгузории кишвар дар ҳолати беш аз се моҳ саркашӣ кардани шаҳрванд аз пардохтани “алимент” маводҳо ҷиҳати оғози парвандаи ҷиноӣ ба мақомоти додситонӣ ирсол карда мешавад. Инчунин ба феҳристи қарздорон дохил шуда, маҳдудиятҳои убури сарҳад барои онҳо низ ҷорӣ карда мешавад.

“Дар асоси қонунгузорӣ дар ҳолате, ки шаҳрванд пули алиментро пардохт мекунад, қонунгузор боз аз ӯ талаб мекунад, ки шаш моҳи ояндаро низ пешпардохт кунад. Баъдан ин асос мегардад барои бардоштани маҳдудият дар хусуси берун баромадани ӯ аз ҳудуди Тоҷикистон”, – изҳор дошт Абдуллозода.

Ӯ гуфт, хадамот мустақиман наметавонад ба кишварҳои хориҷӣ барои ситонидани пули “алимент” муроҷиат кунад, танҳо тавассути мақомоти дахлдор ва худи шаҳрванд дархост ирсол карда мешавад.  

“Лекин мо мушкили ҷиддӣ дар самти пардохти “алимент” дар кишварҳои хориҷӣ надорем. Дар соли 2025 ҳалномаҳои додгоҳӣ ва ҳакамии давлатҳои хориҷӣ ба хадамот ҳамагӣ 13 адад ворид шудааст”, – гуфт сардори Хадамоти иҷро.

Бояд гуфт, ки мушкили саркашӣ аз пардохти алимент дар ҷомеаи Тоҷикистон нав набуда, солҳои қабл низ мақомот ҷой доштани онро зикр мекарданд. Солҳои ахир манъи хуруҷи нафарони саркаш аз пардохти алиментро ҳамчун яке аз роҳҳои ҳалли ин масъала муаррифӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.