Обу корези дастрас. Барои аксар он ҳоло орзуи зебое боқӣ мемонад

    0
    4

    Тибқи нақшаи давлатӣ, то соли 2029 сатҳи дастрасии аҳолӣ ба обу корези мутамарказ дар Тоҷикистон ба 30% мерасад, дар ҳоле, ки имрӯз ин нишондиҳанда ба ҳудуди 15% баробар аст.

    Ба гуфтаи раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди ҳукумати Тоҷикистон Ҷамшед Табарзода, айни замон 67%-и аҳолии Тоҷикистон ба оби тозаи нӯшокӣ, вале танҳо 15% ба обу корез (обпарто) дастрасӣ доранд.

    Бо вуҷуди доштани захираҳои бойи обӣ, дастрасӣ ба хидматҳои коммуналии устувор хусусан дар манотиқи деҳот нобаробар боқӣ мемонад.

    Об дар шаҳру деҳот дар канор

    МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
    Оби тоза ва корез барои ҳама: дар Тоҷикистон он соли 2040 дастрас мешавад

    Мувофиқи Стратегияи миллии об, фарогирии аҳолӣ ба низомҳои таъминот бо оби нӯшокӣ, ки аз ҷониби ташкилоту корхонаҳои соҳавӣ таъмин мешаванд, ҳудуди 41%-ро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, дар шаҳрҳои бузург сатҳи фарогирӣ хеле баланд – 95%, дар шаҳракҳо – 48% ва дар деҳот – ҳамагӣ 22%-ро ташкил медиҳад.

    Вазъияти марбут ба низомҳои обпарто душвортар аст. Дар шаҳрҳои бузург 64%, шаҳракҳо – 10% ва дар деҳот – ҳамагӣ 0,1%-и аҳолӣ бо низоми мутамаркази обу корез таъминанд.

    Дар амал ин маънои онро дорад, ки барои аксари аҳоли деҳот низоми обу корез дастнорас боқӣ монда, зерсохтори беҳдошт аксар вақт бо чуқурӣ дар ҳоҷатхонаҳо ва воситаҳое маҳдуд мешаванд, ки ба обу корез дахл надоранд.

    Дар Стратегия таъкид мешавад, ки дар ҳолати мавҷуд набудани назорат, ин низомҳо метавонанд ба сарчашмаи ифлосшавии об (аз ҷумла обҳои зеризаминӣ) табдил ёфта, хавфи гирифторӣ ба бемориҳои сироятиро зиёд кунанд.

    То 60% талафоти об ва баҳисобгирии нокофӣ

    МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
    Таъмини 72%-и аҳолии Тоҷикистон бо оби нӯшокӣ то соли 2030. Ин имконпазир аст?

    Ҳатто дар ҷойҳое, ки қубурҳои обрасон (водопровод) ҳастанд, устувории хидматрасониҳо мушкил боқӣ мемонад. Дар Стратегияи миллӣ зикр мешавад, ки талафоти об дар низоми таъминот бо оби нӯшокӣ метавонад ба 60% расад.

    Дар ҳамин ҳол, сатҳи таъминот бо об дар қаламравҳое, ки бо хидматрасониҳои корхонаҳои обтаъминкун фаро гирифта шудаанд, ба як нафар ба ҳисоби миёна 250 литр дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад, лекин истеъмолгарон тақрибан нисфи ин ҳаҷмро мегиранд. Ин ба талафоти тиҷоратӣ ва техникӣ, ихроҷ ва инчунин сатҳи нокофии баҳисобгирӣ вобаста аст.

    Боз як нишондиҳандае, ки самаранокии пасти идораи захираҳоро нишон медиҳад, он аст, ки дар кишвар ҳамагӣ ҳудуди 1% оби заҳбур ва ихроҷшаванда истифода мешавад.

    То соли 2029 чӣ тағйир меёбад?

    Солҳои наздик давлат суръат бахшидан ба рушди соҳаро тариқи Барномаи давлатии таъминот бо оби нӯшокӣ ва обпарто барои солҳои 2025-2029 ба нақша гирифтааст.

    Тавре ки раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ Ҷамшед Табарзода зикр кард, то соли 2029 сатҳи фарогирии таъминот бо оби нӯшокӣ бояд аз 41% то 73% ва хидматрасониҳои низоми обпарто – аз 15% то 30% расад.

    Дар самтҳои дарозмуҳлати Стратегияи миллии об то соли 2040 афзоиши фарогирии аҳолӣ бо низомҳои таъминот бо об аз 41% дар соли 2023 то 90% дар соли 2040, инчунин афзоиши фарогирӣ бо низомҳои мутамаркази обпарто аз 15% то 50% дар ҳамин давра пешбинӣ шудааст.

    То соли 2029 дар куҷо низоми обрасонӣ таъмиру таҷдид мешавад?

    МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
    Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст

    Нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатӣ нишон медиҳад, ки таъмиру навсозӣ ва тавсеъаи низомҳои мавҷудаи таъминот бо оби нӯшокӣ дар даҳҳо шаҳру навоҳии кишвар дар назар аст. Ба рӯйхат ҳам шаҳрҳои бузург ва ҳам ноҳияҳои дорои сатҳи пасти фарогирӣ дохил шудаанд.

    Корҳои таъмиру навсозӣ аз ҷумла дар шаҳри Душанбе, як қатор ноҳияҳои тобеи марказ, шаҳру навоҳии ВМКБ, қисмати назарраси ноҳияҳои вилояти Хатлон ва минтақаи шимоли кишвар ба нақша гирифта шудааст.

    Фарогирии аз ҳама маҳдуд имрӯз дар низоми обпарто ба назар мерасад, аз ин рӯ, дар барнома ҷудогона сохтмони низомҳои нави обу корез пешбинӣ шудааст.

    То соли 2029 сохтмони чунин иншоот дар ноҳияҳои Рашт, Рӯдакӣ, Фархор, Ховалинг, Муъминобод, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Мастчоҳ дар назар аст.

    Мушкили асосӣ на танҳо сохтан, балки нигаҳдории низом аст

    Ҳарду санад – ҳам Барномаи давлатӣ ва ҳам Стратегияи миллӣ амалан сари як хулоса меоранд: рушди низоми таъминот бо об ва обу корез на танҳо сохтмони иншооту гузаронидани қубурҳо аст. Ин ҳамчунин идораи талафот, ҷорисозии баҳисобгирӣ, маблағгузории устувор барои истифода ва таъмир, тайёр кардани кадрҳо ва назорати бехатарии беҳдоштиро низ дар бар мегирад.

    Бидуни ҳаллу иҷрои ин вазифаҳо, тавсеъаи шабакаҳо метавонад самараи дилхоҳ надода, фарқияти назаррас дар ин самт миёни шаҳру деҳот боқӣ монад.

    Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

    LEAVE A REPLY

    Please enter your comment!
    Please enter your name here