Агар умр бақо мекард, Саттор Турсун имрӯз 80-сола мешуд. Ӯ Нависандаи халқии Тоҷикистон, чеҳраи матраҳи адабӣ, шахси ошкорбаён ва соҳибмавқеъ буд. Ин нукта дар маҳфили ёдбудаш ҳам садо дод.
Рӯзи 13-уми феврал дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба хотири 80-солагии ин нависандаи шинохта маҳфили адабӣ баргузор шуд. Дар он аҳли адаб, ҳамовардони нависанда, дӯстдорони адабиёт ва пайвандони Саттор Турсун ширкат доштанд. Ва аз марҳум чун адиби ҳақпараст, ҳақгӯ, пурғурур ва шахси шӯхтабиат ёд оварданд.
“Саттор одами тасодуфӣ буд дар сайёра”
Гулрухсор, Шоири халқии Тоҷикистон, ки маъмулан солҳои охир дар маҳофили адабии Иттифоқи нависандагон ширкат намекард, ба ёдбуди Саттор Турсун омад ва перомуни ғуруру ифтихороти дӯсташ ҳарф зада, гуфт, “мо якҷо бузург шудем, бузург ба маънои калон шудем”.
Ӯ гуфт, бо Саттор Турсун ҳамовард аст ва афзуд, ки “бидуни ҳеҷ таоруфу хоксорӣ бо ҳамин насле, ки маро тарбият кардааст, дар ғарибӣ, дар гуштанӣ, дар ташнагӣ ифтихор дорам”.
Ба гуфтаи ӯ, яке аз ифтихороварони ин насл Саттор Турсун аст, ки адабиёти навини тоҷикро оро додааст. Гулрухсор бо ишора ба ошкорбаёнӣ гуфт, ки “ману Саттор ба ҳам монандем”.
Гулрухсор гуфт: “Аммо Саттор одами тасодуфӣ буд дар сайёра. Кошке намеомад ба ҳамин наздикӣ. Як қарн ақиб не, бояд як қарн баъдтар меомад. Саттор ба ин сайёра барои дидану шинохтани худаш омада буд, на худашро донист, на худашро дид, на худашро шинохт. Ва на мо иҷозаташ додем, ки гапашро гӯяд”.

Гулрухсор мехост гӯяд, ки андеша ва диди Саттор Турсун фарогир буд, вале замонаву ҷоиеа ӯро дарк накард. Агар садсол баъдтар меомад, қадраш бештар дониста мешуд.
Ӯ таъкид кард, ки Саттор Турсун шахси бисёр пурғурур ва боифтихор буд ва ба касе иҷоза намедод, ки ба он латма расонад. Аз охирин сафари ҳамроҳ бо Саттор Турсун ба Алмаато ва меҳмонӣ дар хонадони раисҷумҳур ёд овард ва гуфт, “дар ҳамон маҳфил аввал ба ману Саттор Турсун сухан доданд – ин шаҳодати он буд, ки Саттор миёни ҳамаи адибони Осиёи Миёна ва Русия эътироф шуда буд”.
Гулрухсор идома дод, ки барои Саттор Турсун ғурураш, шахсияташ, миллаташ аз ҳама чиз боло буд. Дар ҳамон сафари Алмаато касе чи ҳарфе зад, ки ба ин нависанда бархӯрд. Шаб хобаш набурд. Сафарро нотамом партофту ба Тоҷикистон баргашт. Чунин буд Саттор Турсун. Намегузошт, ки ба номи миллаташ ё шахсияташ латма расонанд.
Ба таъкиди Гулрухсор, Саттор Турсун аввал шахсият буд, баъд нависанда. Ҳунари шоирӣ ҳам дошт. Ӯ Саттор Турсунро “муаллими ман” номид, зеро бори аввал маҳз ҳамин нависанда ба ин шоир ҳунари тарҷумаи назмро омӯзонидааст.

“Сиёҳро сафеду дурӯғро рост нагуфтаанд”
Равшани Махсумзод, мудири бахши насри Иттифоқи нависандагон гуфт, дарднок аст реҳлати инсонҳои эҷодгар, ки умре худ месӯзанду меофаранд, то роҳи дигаронро ҷиҳати дарки маънии ҳастӣ, аз ёд набурдани қарзи инсонии хеш дар назди ҷомеа ва тантанаи адолату ҳақиқат равшан кунанд.
Ӯ афзуд, хушбахтии ин фарзонагон дар он аст, ки дар ёди ҳаводорон, дар ҳар саҳифаи асарҳои бамағзу маъниашон ҳамеша зинда мемонанд.
“Устод мақоми суханро воло дониста, ҳангоми таълиф ҳаргиз аз ҳақиқати зиндагӣ рӯ натофтаанд, сиёҳро сафеду дурӯғро рост нагуфтаанд ва ҳамеша хиёнату разолат ва ноинсофию бевафоиро мазаммат карданд”, – гуфт ӯ.
Махсумзод барои тақвияти ин гуфтаҳо чанд сатрро аз андешаҳои адиби марҳум мисол овард: “Нависанда агар ҳақиқатан баистеъдод аст, танҳо ба тақозои ҳамин касбаш ҳеҷ гоҳ наметавонад дурӯғ гӯяд, сиёҳро сафед маънидод кунад. Муҳимтарин шуғли вай ҷустуҷӯи ҳақиқат аст”.
Ба қавли Махсумзод, ин мароми зиндагии Саттор Турсун буд, ҳақиқатро меҷуст, ҳақиқатро мегуфт, ҳатто агар душвор буд.
Охирин ҳарфҳояшро ҳам гуфт…
Абдураҳмон Абдуманнонов, адабиётшинос ва мунаққид, ки аз давраи донишҷӯӣ бо Саттор Турсун ошноӣ дошт, аз он вақт ёд оварда, гуфт, “аввалин ҳикояҳои Саттор ҳамон замон рӯйи чоп омада, аз он вақт ӯ чун нависанда шинохта шуд”.

Абдуманнонов гуфт, ки асарҳои Саттор Турсун басо тунду тез баррасӣ мешуд. Масалан романи “Се рӯзи як баҳор”-ро чор-панҷ сол муҳокима карданд.
Ба гуфтаи ӯ, дар баррасии роман аз муаллиф талаб карданд, ки қисмҳоеро иваз кунад. Аз миёни муҳокимакунандагон танҳо Ӯрун Кӯҳзод, Гулназар ва Абдуманнонов ҷонибдори чопи “Се рӯзи як баҳор” буданд. Ҳатто устод Лоиқ, ки сардабири “Садои Шарқ” буданд, гуфтанд, ки чопаш вазнин…
“Вале Саттор гуфт, иҷоза диҳед, ягон ҳарфашро иваз накунам, ҳамин хел истад, ягон сол чоп мешудагист. Баъди чанд сол, ки бозсозӣ сар шуд, устод Лоиқ шахсан Саттор Турсунро даъват карда, романро гирифта, дар “Садои Шарқ” чоп карданд. Акнун замон мебардорад гуфтанд”, – ба ёд овард Абдуманнонов.
Ба қавли мунаққид, замон нишон дод, ки Саттор мавқеи дуруст дошт, романи “Се рӯзи як баҳор” баъдтар дар Маскав бо теъдоди беш аз 2 миллион нусха нашр шуд ва яке аз асарҳои барҷастаи адабиёти тоҷик шуд.
“Нависандаи тозакор буд, гапи гуфтанӣ дошт, дар зиндагӣ мавқеи худро дошт, агарчи ба баъзеҳо писанд набуд. Баъд аз Фазлиддин Муҳаммадиев Саттор насрнависӣ барҷаста буд. Зиёд мехонд, дар муҳокимаи асарҳо ҳам ҳамеша ҳусну қубҳро ошкоро мегуфт. Ин ба дигарон писанд набуд”, – гуфт ӯ.
Абдуманнонов ба ёд овард, ки соли 2020 дар Анҷумани Иттифоқи нависандагон Саттор Турсун хоҳиш кард, ки “бештар вақт диҳед, то ҳарфҳоямро гӯям. Ва охирин ҳарфҳову пешниҳоди худро ҳамон ҷо гуфту пас аз се сол реҳлат кард. Гӯё эҳсос мекард, ки вақташ кам мондааст…”
“Ҳам аввалу ҳам охири дунёст сухан”
Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон, ки бо Саттор Турсун дар як ҳуҷра менишаст, аз қаламбадастӣ, озодагӣ ва ҷобаҷогузории ашёҳояш ҳарф зад.

Вай таъкид кард, ки “вақте асареро барои таҳрир ба Саттор Турсун медоданд, мисли асари худаш таҳрир мекард. Яъне зиёд ва аз таҳти дил ба таҳрири асар даст мезад. Бо тамоми вуҷуд ба даст қалам мегирифту эҷод мекард”.
“Адиби рӯҳшинос буд. Бештар бо олами маънавии қаҳрамононаш сари кор мегирад, дунёи рӯҳонии онҳоро мавриди пажӯҳиши бадеӣ қарор медиҳад. Қаҳрамононаш андешапарваранд”,-гуфт Камол Насрулло.
Ӯ таъкид кард, ки яке аз хусусиятҳои ҷолиби эҷодии Саттор Турсун офариниш ва таҳқиқу тасвири симоҳои муассир аст. Махсусан, дар ду асари “Зиндагӣ дар домани талхии сурх” ва “Пайванд” симоҳои нобе офаридааст.
“Аввал сахт танқид мекард, баъд…”
Ато Мирхоҷа, Шоири халқии Тоҷикистон аз дидорҳои солҳои охираш бо Саттор Турсун ёд оварда, гуфт, “солҳои охир Саттор Турсун бемор буду ба Иттифоқи нависандагон омада наметавонист ва вақте бо Равшани Махсумзод ба дидор мерафтем, камбудҳои Иттифоқи нависандагонро ба рӯямон мекашиданд, баъд маслиҳат медоданд”.

Мирхоҷа гуфт, “вақте ба романҳои Саттор Турсун рӯй меовардам, намефаҳмидам, ки дар кадом услуби бадеӣ навишта шудааст. Лирика дошт, бадеият дошт, дар баъзе ҳолат насраш ба назм ҳам монанд буд”.
Ӯ аз хотироташ қисса карда, гуфт, вақте романи “Сарои санг"-ро навишт, онро ба Саттор Турсун дод, то ҳусну қубҳашро гӯяд.
“Устод гуфтанд, ки ту ба роман чӣ кор дорӣ, рав шеъратро навис?! Баъди чанд вақт занг зада, гуфтанд, ки наздам биё, гап дорам. Рафтам, аввал хеле танқид карданд, арақи пешониамро бароварданд, баъд баъзе бартариҳоро гуфтанд ва як сарсухани хубе ҳам ба роман навиштанд”, – иброз дошт Мирхоҷа.
Ёде аз мунозираҳои ширин ва пешниҳоди нашри куллиёт
Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон ҳам аз баҳсҳои зиёдаш бо Саттор Турсун ва пурмутолиа будани ӯ ёд оварда, гуфт, баъзан мунозираҳо дар каҳвахонаву китобхонаҳо сар мезад, вале ҷамъбаст намешуд.

“Соати ёздаҳу дувоздаҳи шаб хона мерафтам, ки телефон занг мезад. Мебардоштам, ки Саттор Турсун ва давоми баҳс…”, – бо табассум гуфт ӯ.
Қарор Муҳаммадӣ, муҳаққиқи осори Саттор Турсун, дар як маърӯзаи муфассал хулоса кард, ки “Саттор Турсун дар адабиёти нимаи дуюми асри ХХ ва ибтидои асри ХХ1 ҷойгоҳи худро дошта, дар ғанӣ гардонидани адабиёти ин давра саҳми арзанда гузошт”. Ин адабиётшинос зарур донист, ки куллиёти осори нависанда ба баҳонаи 80-солагиаш рӯйи чоп ояд.

Кӯҳе, ки дар ёдҳо мемонад
Саттор Турсун 15-уми феврали соли 1946 дар деҳаи Посурхии ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон таваллуд шудааст. Дар 5-солагӣ модарашро аз даст дод ва ин фоҷеа то охири умр варо азоб дод.
Соли 1965 ба Душанбе омад ва ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба шуъбаи забони арабӣ дохил шуд ва соли 1970 онро хатм кард. Дар замони донишҷӯӣ ба эҷодиёти адабӣ машғул шуд ва бо дастгирии Мирзо Турсунзода ва Убайд Раҷаб дар маҷаллаи “Садои Шарқ” ба кор оғоз кард. Бист сол дар ин маҷалла дар вазифаҳои гуногун фаъолият кард.
Аввалин маҷмуаи ҳикояҳояш “Дили гарм” соли 1971 нашр шуд. Баъдан ҳикояёту романҳои “Камони Рустам”, “Сукути қуллаҳо”, “Пайванд”, “Санг дар бағал ба тӯфон” ва чандеи дигараш ба чоп расиданд.

Соли 1993 нахустин сухангӯйи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, соли 1994 Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, соли 1998 Нависандаи халқии Тоҷикистон, соли 2006 барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шуд.
Шоми 5-уми июни соли 2023 дар 77-солагӣ дар Душанбе даргузашт ва канори аҳли зиё дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда шуд.
Ҳамовардону дӯстону шогирдонаш ба ин боваранд, ки Саттор Турсун кӯҳи пуршукӯҳи адабиёти муовири тоҷик буд, ки ҳамвора бошаҳомат дар ёдҳо боқӣ мемонад.









