ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 2007 – Дар Тоҷикистон авфи маҳбусон, ки 18-уми августи соли 2006 оғоз шуда буд, анҷом ёфт ва дар натиҷа 6731 маҳбус аз зиндон озод шуданд.
Соли 2019 – Дар Тоҷикистон Қонун “Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ” қабул шуд.
Соли 2021 – Хадамоти гумруки Тоҷикистон тафсилоти қочоқи 90 килограмм тилло ва 15 миллион доллар ба хориҷро шарҳ дод.
Маълумоти расмӣ дар бораи шахсони ба ин парванда алоқаманд ва ҷазоҳои пешбинишуда иттилоъ надод, аммо ин ҳодиса таваҷҷуҳи васеи ҷомеа ва расонаҳоро ба худ ҷалб кард.
Соли 2022 – Ба вазири тандурустии Тоҷикистон барои саҳмаш дар мубориза бо COVID-19 шаҳодатномаи махсуси Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) тақдим шуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1201 – Мавлуди Насируддин Тӯсӣ, шоир, файласуф, ахтаршинос, олим ва мунаҷҷими форс-тоҷик.
Насируддини Тӯсӣ дар рушди илмҳои дақиқ ва фалсафа нақши назаррас гузоштааст. Ӯ дар Ҳамадон ва Нишопур таҳсил карда, дар давраи ҳуҷуми муғулон ба хидмати Ҳулокухон гузашта, расадхонаи машҳури Мароғаи Озарбойҷонро таъсис додааст.
Тӯсӣ дар риёзиёт, ҳандаса ва ситорашиносӣ кашфиётҳои муҳим анҷом дода, “Зиҷ”-и машҳури худро эҷод кард. Осораш, аз ҷумла “Ақли Қавл”, "Таҳзиб-ул-ахлоқ” ва “Асос-ул-иқтибос” то имрӯз дар илм ва фалсафа арзиши баланд доранд. Вай яке аз аввалин олимоне буд, ки назарияи заминмеҳварии Батланиемро ба чолиш кашида, роҳро барои инқилоби илмии минбаъда ҳамвор кард.
Соли 1942 – Зодрӯзи Сафаралӣ Кенҷаев, ходими давлатӣ ва сиёсии тоҷик ва муассиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон.

Сафаралӣ Кенҷаев, раиси собиқи Шӯрои олӣ ва бунёдгузори Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон дар оғози солҳои навадум буда, аз чеҳраҳои матраҳ ва машҳур дар ин кишвар ба шумор мерафт. Аз ӯ ҳамчун муассис ва роҳбари "Фронти халқӣ" ном мебаранд, ки дар бақарор кардани сохти конститутсионии Тоҷикистон нақши калидӣ дошт.
Ӯ фаъолияти кориашро аз обмони одӣ дар колхози “Бурднок” оғоз карда, баъди хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар вазифаҳои додситони ноҳияи Фрунзе (Фирдавсии имрӯза)-и Душанбе, додситони нақлиёти Тоҷикистон, муовини додситони Роҳи оҳан ва раиси Кумитаи назорати назди раисҷумҳури Тоҷикистон кор кардааст.
Сафаралӣ Кенҷаев ба саҳнаи сиёсат тавассути Шӯрои олӣ роҳ ёфт. Ӯ аввал вакили Шӯрои олӣ интихоб шуд ва баъди баргузории нахустин интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 1991, вакилони парлумон бо пешниҳоди Раҳмон Набиев ӯро раиси Шӯрои олӣ интихоб карданд.
Ӯ то 22-юми апрели соли 1992 дар ҳамин вазифа фаъолият дошт. Сипас дар ҳодисаҳои муқовимати сиёсии солҳои 1992-1997 ҷонибдори ҳукумати Тоҷикистон буд. 24-уми октябри соли 1992 бо нерӯҳои ҳарбӣ аз самти ғарби Душанбе вориди пойтахт шуд ва чанде аз биноҳои маъмуриро ғасб карда, аз сӯйи ҷонибдоронаш тавассути садову симо раисҷумҳури кишвар эълон шуд. Аммо дар ниҳоят ин ҳамла ноком анҷомид ва Кенҷаев аз пойтахт хориҷ шуд.
Кенҷаев 30-юми марти соли 1999 замоне, ки роҳбари яке аз кумитаҳои парлумони Тоҷикистон буд, аз ҷониби ашхоси ношинос дар Душанбе ба қатл расонида шуд.
Соли 1945 – Мавлуди Сайдулло Абдуллоев, муаррих, собиқ ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.

Сайдулло Абдуллоев, ки аз соли 1995 то охири умр – моҳи май соли 2001 вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро ба ӯҳда дошт, хатмкардаи Институти давлатии педагогии Ленинобод буда, солҳо дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба ҳайси муаллим, дотсент, муовини декан ва декани факултети таърих ва ноиби ректор ифои вазифа кардааст.
Ӯ доир ба масъалаҳои рушди илм, маорифу фарҳанг дар Тоҷикистон ва беш аз 350 таълифоти илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва публитсистӣ ба нашр расонидааст.
Соли 1946 – Мавлуди Рустам Муқимов, меъмори тоҷик.
Соли 1948– Зодрӯзи Гулсара Абдуллоева ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1999).
Гулсара Абдуллоева яке аз ҳунарпешагони маъруф ва аз беҳтарин офарандагони симои модар дар саҳнаи театр ва синамои тоҷик аст.
Ӯ хатмкардаи Институти давлатии санъати театрии ба номи А В. Луначарскийи Маскав буда, фаъолияти ҳунариашро соли 1971 дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов оғоз кард.
Дар саҳнаи театр бештар аз 100 нақш офаридааст, ки беҳтаринашон Сайёрахонум дар "Робиаи Балхӣ", Васса Железнова дар "Васса Железнова", судя-модар дар "Арӯс ва домод", Попоян дар "Ҳамин тавр ҳам мешавад", Ситорабону дар "Ибни Сино" мебошанд.

Гулсара Абдуллоева дар синамо низ бештар аз 70 нақш бозидааст. Ӯ симои модаронро муассиру табиӣ офарида, меҳру муҳаббати бепоён ва олами маънавии онҳоро бо маҳорати баланд инъикос намудааст. Модароне, ки Абдуллоева симояшонро офаридааст, муборизу фаъоланд ва ба сулҳу ваҳдат ва дӯстию рафоқат даъват менамоянд.
Гулсара Абдуллоева дар филмҳои тоҷикӣ бештар аз 70 нақшҳоро бозидааст.
Соли 1961 – Зодрӯзи Хурсандмурод Зарифов, овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Хурсандмурод Зарифов, бародари овозхон Қобил Зарифов ҳамчун ҳунарманде бо садои ҷаззоб ва сабки иҷрои хос дар рушди мусиқии классикии тоҷик саҳм гузоштааст.
Фаъолияти эҷодии ӯ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон оғоз ёфта, солҳои зиёд дар дастаи “Зарафшон” таҳти роҳбарии Ҷӯрабек Муродов фаъолият кардааст. Ӯ бо маҳорати хоси иҷроии худ таронаҳои классикиро дар шохаҳои овозии мақомҳо, аз ҷумла “Муғулчаи Дугоҳ”, “Сарахбори Ороми ҷон”, “Ироқи Бухоро” ва дигар намунаҳо сабт кардааст.
Соли 1962 – Зодрӯзи Мирзонабӣ Холиқзод, рӯзноманигори тоҷик.

Мирзонабӣ Холиқзод пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси муҳаррири бахши адабию драмавӣ ба фаъоляит пардохта, баъдан ҳамчун сардабири ҳамин бахш кор кардааст. Ӯ соли 1994 корманди масъули Вазорати фарҳанги Тоҷикистон буд.
Аз соли 1995 дар Радиои Озодӣ ба фаъолият пардохт ва муддате роҳбарии дафтари Радиои Озодиро дар Душанбе бар уҳда дошт.
Соли 1971 – Зодрӯзи Раъно Бобоҷониён, ҳуқуқшинос, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ.
Соли 2024 – Давлатманд Холов, овозхон ва фалаксарои маъруфи тоҷик дар синни дар синни 74-солагӣ аз олам даргузашт.

Давлатманд Холов аз насли фалаксароёни маъруфи тоҷик буда, бо иҷрои сурудҳои марғуб дилҳои мардумро тасхир намудааст.
Ӯ аз овони наврасӣ бо хондани сурудҳои мардумӣ шӯҳрат пайдо кард. Нахустин оҳанги худро Давлатманд Холов соли 1963 дар 13-солагӣ ва дар сугвории падараш хондааст. Ӯ навохтани бисёре аз созҳои мусиқӣ ва муҳаббат ба ашъори Мавлоно Румиро аз падараш мерос гирифтааст.
Соли 1978 ӯ дар Театри драмаи мусиқии Кӯлоб ба кор оғоз кардааст. 20-уми июли соли 1989 дар назди Театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Кӯлоб, таҳти сарварии ӯ ансамбли давлатии “Фалак” таъсис шуд.
Ҳунарпеша аз соли 2004 бо таъсиси ансамбли давлатии “Фалак”-и Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари бадеии он ба фаъолият пардохтааст.
Давлатманд Холов беш аз 50 соли умрашро сарфи санъат кард ва беш аз 200 оҳанг ба мерос гузошт. Сурудҳои маъруфи ӯ “Дилат раҳо кун, ошиқо”, “Сорбон”, “Орзуст”, “Шоҳ, паноҳам бидеҳ”, “Шаби ҳиҷрон” ва “Дур машав” маҳсуб меёбанд.
Ӯ яке аз тарғибгарони бузурги санъати касбии кӯҳистони тоҷик маҳсуб мешавад. Ӯ дар тӯли фаъолияти эҷодии хеш ӯ қариб ба 100 мамолики ҷаҳон беш аз 150 сафари ҳунарӣ намудааст. Сурудаҳои ӯ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои форсизабон низ шунаванда доранд.
Даргузашти ӯро дӯстону ҳамовардонаш талафоти бузург барои санъати тоҷик унвон карда, гуфтанд, ки марҳум дар ҷаҳонӣ шудани фалак саҳми бориз гузошт ва баъди устод Одина Ҳошим фалакро дунявӣ кард.
Соли 2014 – Худойназар Асозода, доктори улуми филологӣ, профессор дар синни 72-солагӣ аз олам даргузашт.
Худойназар Асозода адабиётшиноси маъруфи тоҷик ва муаллифи чандин китобҳои таҳқиқӣ буда, давраҳо ва шохаҳои гуногуни адабиётро таҳқиқ намудааст. Номбурда солҳои гуногун дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Академияи улуми Тоҷикистон фаъолият намуда, дар пешрафти адабиёт яке аз заминагузорон буд.

Ин профессори тоҷик муаллифи китобҳои “Симои коргар”, “Сотим Улуғзода ва фоҷиаи ӯ”, “Абулқосим Фирдавсӣ дар шинохти Сотим Улуғзода”, “Содиқ Ҳидоят ва дунёи эҷоди ӯ”, “Саргузашти устод Лоҳутӣ” буда, се шохаи адабиёти форсиро таҳқиқ кардааст. Вай қариб доир ба ҳаёт ва эҷодиёти ҳамаи шоирону нависандагони тоҷик мақолаву рисолаҳо таълиф намудааст. Махсусан ба ҳаёту эҷодиёти Садриддин Айнӣ таваҷҷуҳи хоса дошт ва чандин рисолаҳо дар бораи кору рӯзгор ва эҷоди ӯ таълиф намудааст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Соли 1911 дар ҳамин рӯз аввалин маротиба почта тавассути ҳавопаймо интиқол дода шуд. Парвози аввалин дар таърихи почтаи ҳавоӣ дар Ҳиндустон аз Аллоҳобод ба Наини сурат гирифт. Ҳавопаймо, ки ҳомили 6,5 ҳазор нома ва 250 корти махсус буд, аз ҷониби халабони фаронсавӣ – Анри Пике идора мешуд.

Номаҳо бо муҳри махсус бо навиштаҷоти: “First aerial post. U. P. Exhibition. Allahabad. 1911” (“Аввалин почтаи ҳавоӣ. Намоишгоҳи иттиҳоди миллӣ. Аллоҳобод. 1911”) мӯҳр зада шуданд.
Маблағи аз интиқоли почта бадастомада барои дастгирии донишҷӯён ба меҳмонхонаи “Оксфорд ва Кембриҷ” дода шуд.
18 феврали соли 1930 астроном Клайд Томбо сайёраи Плутонро кашф кард. Ҳуқуқи номгузории он ба расадхонаи Ловелл, ки Томбо дар он ҷо кор мекард, тааллуқ дошт. Пешниҳодоти гуногуни ном барои сайёра аз саросари ҷаҳон ворид шуданд ва аввалин шуда духтари 11-солаи англис Венесия Берни номи “Плутон”-ро пешниҳод намуд.

Ҷолиб аст, ки дар моҳи августи соли 2006, дар анҷумани Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ дар Прага, Плутон аз рӯйхати сайёраҳои системаи офтобӣ хориҷ карда шуд ва акнун ҳамчун “сайёраи карликӣ” (сайёраи хурд) шинохта мешавад.
Пас аз хориҷ шудани Плутон, танҳо 8 сайёра дар системаи офтобӣ боқӣ монданд: Меркурий, Зӯҳра, Замин, Миррих, Муштарӣ, Зуҳал, Уран ва Нептун.
18 феврали соли 1942 дар баҳри Кариб бузургтарин киштии зериобии фаронсавӣ – “Сюркуф” ғарқ шуд. Он то замони сохтани киштии зериобии ҷопонии I-400, бузургтарин киштии зериобӣ дар ҷаҳон ҳисобида мешуд.

Тибқи маълумоти расмӣ, “Сюркуф” шаби 18 феврали 1942 пас аз бархӯрд бо киштии ҷангии ИМА – “Томсон Лайкс” ғарқ гардид.
Аз он вақт, на худи киштӣ, на одамон ва на ҳеҷ як қисмҳои он пайдо нашуданд. 130 маллоҳ бо зериобӣ бедарак шуданд.
18 феврал Рӯзи байналмилалии батарея таҷлил мешавад. Интихоби ин рӯз ба таваллуди Алессандро Волта, олими машҳури итолиёвӣ, яке аз поягузорони илми барқ, ки 18 феврали соли 1745 таваллуд шудааст, алоқаманд аст.

Номи Алессандро Волта дар таърих бо воҳиди ченкунии шиддати барқ – “волт” сабт шудааст. Яке аз ихтироҳои муҳими ӯ батареяи аввалини барқӣ – “сутуни Волта” мебошад, ки асоси батареяҳои муосир гардид.
18 феврал ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии тушбера (пелмен) ҷашн гирифта мешавад.
Ҷолиб аст, ки калимаи “пелмен” аз забонҳои уғро-финӣ гирифта шуда, маънояш “гӯшти нонӣ” аст. Он яке аз хӯрокҳои дӯстдоштаи мардум дар саросари ҷаҳон буда, аввалин зикри он дар осори таърихӣ ба асри XV рост меояд.

ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 3+8º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1+4º.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 20+25º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 13+18º гарм, дар водиҳо шабона 5+10º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 5+10º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 3+8º гарм, дар водиҳо шабона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона -2+3º, дар баъзе минтақаҳо то 5-7º сард, дар ғарби вилоят шабона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм, дар шарқи вилоят шабона 11-16º сард, дар баъзе минтақаҳо то 27-29º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 7+9º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 7+9º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 20+22º гарм, шабона 9+11º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад.. Ҳарорат: рӯзона 5+7º гарм, шабона 1-3º сард.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 18 ба 19-уми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.



