“Ҳеҷ як парванда боз нашудааст”. Тоҷикистон касеро барои иштирок дар ҷанги Русия зидди Украина муҷозот накардааст

Бо гузашти қариб чаҳор сол аз оғози ҷанги Русия дар Украина хабари ҳузури садҳо зодаи Тоҷикистон дар он расонаӣ шуд, аммо мақомоти Тоҷикистон расман мегӯянд, то ҳол ҳеҷ шаҳрванди худро барои иштирок дар ин ҷанг муҷозот накардаанд. Ин дар ҳоле, ки дар кишварҳои дигари минтақа чандин нафар барои иштирок дар ин ҷанг муҷозот ва равонаи […]

Asia-Plus

Бо гузашти қариб чаҳор сол аз оғози ҷанги Русия дар Украина хабари ҳузури садҳо зодаи Тоҷикистон дар он расонаӣ шуд, аммо мақомоти Тоҷикистон расман мегӯянд, то ҳол ҳеҷ шаҳрванди худро барои иштирок дар ин ҷанг муҷозот накардаанд. Ин дар ҳоле, ки дар кишварҳои дигари минтақа чандин нафар барои иштирок дар ин ҷанг муҷозот ва равонаи зиндон шуданд.

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кул ва Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, дар як соли охир барои иштирок дар низои Русия дар Украина ягон шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудааст.

 

Чаро парвандаи ҷиноятӣ боз нашуд?

Додситони кул рӯзи 13-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро низ қабул кардаанд, “онҳо бояд ҳатман уҳдадориҳои ҳарбии ин кишварро низ ба ҷой биёранд”.

“Аз рӯйи қонунгузории Тоҷикистон мо алайҳи шаҳрвандоне, ки шаҳрвандии Русия доранду дар асоси созишнома аз ҷониби ин кишвар дар муҳориба бо Украина иштирок кардаанд, ҳаққи оғози парвандаи ҷиноятӣ надорем”,- гуфт Воҳидзода.

Додситони кул гуфт, дар ҳолате, ки шахс шаҳрванди Тоҷикистон бошад ва шаҳрвандии Русияро интихоб накарда бошад, вале дар ҷанги зидди Украина иштирок карда бошад, “алайҳи ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз мешавад”.

“Дар ҳаракатҳои ӯ албатта талаботҳои кодекси ҷиноятии ҶТ татбиқ мегардад. Ин моддаи 401, иловаи 1-и КҶ барои иштироки ғайриқонунӣ дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар давлатҳои хориҷ”, – гуфт Воҳидзода.

 

Аммо ӯ таъкид кард, ки дар ин бора “то имрӯз маълумоти дақиқ ва расмӣ дар прокуратура нест”.

Ҳабибуллоҳ Воҳидзода ин нуктаро тобистони соли 2025 низ зикр карда буд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ низ дар нишасти матбуотии рӯзи 12-уми январ гуфт, ки ягон шаҳрванди Тоҷикистон барои иштирок дар муҳорибаҳои Русия дар Украина ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудааст.

“Дар ҷанги Украина шаҳрвандони мо чӣ қадар ҷанг карда истодаанд, накарда истодаанд, мо ягон ҳисобот ҳам намебарем, ягон уҳдадорӣ ҳам надорем дар ин масъала”,- гуфт Раҳимзода.

Давоми чаҳор соли ҷанг, ки идома дорад, расонаҳо аз ҳузури ҳазорҳо зодаи Тоҷикистон дар ин ҷанг хабар медиҳанд ва теъдои кушташуда миёни онҳоро садҳо нафар мегӯянд. Аммо ҳеҷ як мақомоти расмӣ онро тасдиқ ё рад намекунад.

Охирин хабари кушта шудани як зодаи Тоҷикистон ва ба ватан интиқол ёфтани ҷасади ӯ 12-уми феврал расонаӣ шуд. Ҷасади Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷикро, ки ба Русия барои кор рафта, дар ҷанги ин кишвар дар Украина кушта шуд, дар зодгоҳаш деҳаи Басмандаи ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич ба хок супурданд.  

Дар соли 2025 низ чанд ҷасади зодагони Тоҷикистон, ки дар ин ҷанг кушта шудаанд ба ватан оварда, ба хок супурда шудаанд.

 

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ вазъ чӣ гуна аст?

Мақомоти кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон аллакай чандин шаҳрванди худро барои иштирок дар ҷанги Русия алайҳи Украина ҷазо доданд.

Аз ҷумла, дар Ӯзбекистон соли гузашта як шаҳрванди 38-сола барои иштирок дар ҷанги зидди Украина ба се соли зиндон маҳкум гардид.

Тибқи иттилои Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон, аз соли 2022 то нимаи соли 2025 мақомоти ин кишвар 338 парвандаи ҷиноятӣ барои иштироки шаҳрвандон дар низоъҳои мусаллаҳонаи хориҷӣ боз кардаанд. Ҳарчанд мушаххас нест, ки чандтои он ба иштирок дар ҷанги Русия дар Украина рабт дорад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Москалкова мегӯяд, онҳо чун шаҳрванди Русия ба ҷанг мераванд”. Омбудсмен ҷалби тоҷикон ба ҷанги Русия дар Украинаро шарҳ дод

Чандин шаҳрванди Қазоқистон низ барои ширкат дар амалиётҳои ҷангии зидди Украина ҷазо дар намуди маҳрумият аз озодӣ гирифтанд. Дар умум, мақомоти ин кишвар дар соли 2025 нисбати шаҳрвандонаш, ки ба нерӯҳои низомии Русия ҷалб шуда буданд, 700 парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. 

Мақомоти Қирғизистон низ алайҳи шаҳрвандонаш барои ширкат дар амалиёти низомӣ дар Украина парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Қонунгузории Тоҷикистон низ ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳоро манъ кардааст. Барои ин кирдор, тибқи моддаи 401, иловаи 1-и Кодекси ҷиноятӣ  ҷазо дар намуди маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз 12 то 20 сол пешбинӣ мешавад.

Илова бар ин тибқи ин моддаи қонунгузорӣ, шахсоне, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо то қатъи амалиёти ҷангӣ даст мекашанд ва дар кирдори онҳо аломатҳои таркиби ҷиноятҳои дигар мавҷуд набошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

 

Теъдоди ҷангҷӯён аз Осиёи Марказӣ дар артиши Русия чӣ қадар аст?

Тарҳи давлатии Украина – “Зистан мехоҳам” (Хочу жить), ки ба ҷамъоварии омори ҷанг машғул аст, моҳи апрели соли 2025 номи 3 ҳазору 62 шаҳрванди Тоҷикистон, Қазоқистон , Қирғизистон  ва Ӯзбекистонро, ки бо Вазорати дифои Русия барои иштирок дар ҷанги зидди Украина шартнома бастаанд, муайян ва нашр кард.

Ин тарҳ номи 931 зодаи Тоҷикистонро нашр карда, навишт, ки “онҳо бо артиши Русия шартнома баста, зидди Украина меҷанганд ва то имрӯз 196 нафари онҳо кушта шудаанд”.

Дертар моҳи октябри соли гузашта тарҳи мазкур боз номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, навишт, ки онҳо дар сафи артиши Русия бар зидди Украина ҷангида ва кушта шудаанд.

Ин тарҳ ҳамчунин, 1 ҳазору 110 шаҳрванди Ӯзбекистон, 661 шаҳрванди Қазоқистон ва 360 шаҳрванди Қирғизистонро, ки “дар ҳайати артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд” нашр кард.  Баъдтар ин лоиҳа боз номи 270 шаҳрванди Қазоқистонро, ки дар ҷанг ширкат кардаву кушта шудаанд нашр кард.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Ҳеҷ як мақомоти ин кишварҳо аз ҷумла Тоҷикистон то ҳол ба нашри рӯйхати тарҳи “Зистан мехоҳам” вокуниши расмӣ накардаанд.

Коршиносон мегӯянд, Русия дар симои муҳоҷирон аскари тайёрро мебинад ва ҳарчӣ бештар онҳоро дар ҷанг қурбон кардан мехоҳад. Русия ҳеҷ гоҳ пинҳон накардааст, ки шаҳрвандони кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистонро барои имзои шартнома бо артишаш ва минбаъд ҷанг дар Украина ҷалб мекунад.

Тибқи иттилои Кумитаи тафтишотии Русия ба ҳолати июни соли 2024, зиёда аз 10 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, барои иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар Украина фиристода шудаанд.

Барои ҷалби шаҳрвандони кишварҳои дигар ба ҷанг бо дастури раиси ҷумҳури ин кишвар тарзи соддакардашудаи гирифтани шаҳрвандӣ низ пешниҳод гардидааст. Аммо ин кишвар аз ҳолатҳои зиёди фиреб, таҳдид, фишор ва сӯйистифода аз вазъи танги муҳоҷирон барои имзои иҷбории шартнома бо артишаш сухан намегӯяд.

Аз ҷумла, аз зиндониён, ки зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд ва ба ҷанги Украина иҷборӣ ҷалб мешаванд, мақомоти Русия ҳарфе намезанад, ҳарчанд расонаҳо борҳо шикояти зиндониёнро нашр карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.