Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд

Тарҳи давлатии Украина – “Зистан мехоҳам” (“Хочу жить”) номҳои 446 шаҳрванди Тоҷикистонро муайян ва нашр карда, навиштааст, ки онҳо дар сафи артиши Русия бар зидди Украина ҷангида ва кушта шудаанд. Тарҳ менависад, ному насаби шаҳрвандони Тоҷикистон, ки марги онҳоро “бо итминони комил” тасдиқ карданд, дар як феҳрист ҷамъ овардааст. “Феҳрист комил нест. Шумораи воқеии кушташудагон […]

Asia-Plus

Тарҳи давлатии Украина – “Зистан мехоҳам” (“Хочу жить”) номҳои 446 шаҳрванди Тоҷикистонро муайян ва нашр карда, навиштааст, ки онҳо дар сафи артиши Русия бар зидди Украина ҷангида ва кушта шудаанд.

Тарҳ менависад, ному насаби шаҳрвандони Тоҷикистон, ки марги онҳоро “бо итминони комил” тасдиқ карданд, дар як феҳрист ҷамъ овардааст.

“Феҳрист комил нест. Шумораи воқеии кушташудагон ва беномунишон шудагони шаҳрвандони Тоҷикистон кайҳо аз чанд ҳазор нафар гузаштааст”, – менависад тарҳи “Зистан мехоҳам”. Тасдиқи ин хабар аз манобеи расмии Тоҷикистон ва ё Русия ғайриимкон аст.

Муаллифони хабар гуфтаанд, ки даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон барои ҷанг алайҳи Украина боздошт шудаанд, аммо на Русия ва на Тоҷикистон ба бозгардондани онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намекунанд.

Охири моҳи сентябр расонаҳо аз кушта шудани Исломиддин Раҳматов, як зодаи 23-солаи Тоҷикистон, дар ҷанги Русия алайҳи Украина хабар доданд. Сумая Саидова, ҳамсари Исломиддин Раҳматов, ки ҳоло ба Тоҷикистон баргаштааст, ба “Азия-Плюс” нақл кард, ки чӣ тавр шавҳараш ба артиши Русия пайваст ва кушта шуд.

Моҳи апрели имсол ин тарҳ номи 931 зодаи Тоҷикистонро нашр карда, навишт, ки “онҳо бо артиши Русия шартнома баста, зидди Украина меҷанганд ва то имрӯз 196 нафари онҳо кушта шудаанд”.

Пештар аз ин, номи 661 шаҳрванди Қазоқистон, 360 шаҳрванди Қирғизистонро ҳам нашр карда буд. Баъдан тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 1 ҳазору 110 шаҳрванди Ӯзбекистонро низ нашр кард, ки “дар ҳайати артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд”.

Ҳеҷ як мақомоти ин кишварҳо то ҳол ба нашри рӯйхати тарҳи “Зистан мехоҳам” вокуниши расмӣ накардаанд.

Коршиносон мегӯянд, Русия дар симои муҳоҷирон аскари тайёрро мебинад ва ҳарчи бештар онҳоро дар ҷанг қурбон кардан мехоҳад.

Русия ҳеҷ гоҳ пинҳон накардааст, ки шаҳрвандони кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистонро барои имзои шартнома бо артишаш ва минбаъд ҷанг дар Украина ҷалб мекунад.

Мувофиқи иттилои Кумитаи тафтишотии Русия ба ҳолати июни соли 2024, зиёда аз 10 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, барои иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар Украина фиристода шудаанд.

Барои ҷалби шаҳрвандони кишварҳои дигар ба ҷанг бо дастури раиси ҷумҳури ин кишвар тарзи соддакардашудаи гирифтани шаҳрвандӣ низ пешниҳод гардидааст. Аммо ин кишвар аз ҳолатҳои зиёди фиреб, таҳдид, фишор ва сӯйистифода аз вазъи танги муҳоҷирон барои имзои иҷбории шартнома бо артишаш сухан намегӯяд.

Аз ҷумла, аз зиндониён, ки зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд ва ба ҷанги Украина иҷборӣ ҷалб мешаванд, мақомоти Русия ҳарфе намезанад, ҳарчанд расонаҳо борҳо шикояти зиндониёнро нашр карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.