Тоҷикистон дар Маскав ва Русия дар Душанбе дафтари кории ВКД боз мекунанд

Тоҷикистон ва Русия таъсиси намояндагии сохторҳои қудратӣ ва муҳоҷиратро дар қаламрави ҳамдигар баҳри таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи амният ва танзими муҳоҷират ба нақша гирифтанд, иттилоъ медиҳад хабаргузории ТАСС бо истинод ба қарори ҳукумати Русия дар бораи пешниҳоди лоиҳаи созишномаи дахлдор ба президенти Русия. Мувофиқи ин санад, дар Душанбе намояндагии Вазорати корҳои дохилии Русия боз шуда, […]

Asia-Plus

Тоҷикистон ва Русия таъсиси намояндагии сохторҳои қудратӣ ва муҳоҷиратро дар қаламрави ҳамдигар баҳри таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи амният ва танзими муҳоҷират ба нақша гирифтанд, иттилоъ медиҳад хабаргузории ТАСС бо истинод ба қарори ҳукумати Русия дар бораи пешниҳоди лоиҳаи созишномаи дахлдор ба президенти Русия.

Мувофиқи ин санад, дар Душанбе намояндагии Вазорати корҳои дохилии Русия боз шуда, дар Маскав намояндагии ВКД ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон таъсис меёбад.

Ба иттилои манбаъ, вазифаҳои асосии сохторҳои нав аз ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин ҳамкории мутақобила дар соҳаи муҳоҷират иборат хоҳад буд.

Дар намояндагӣ ба арзу муроҷиати шаҳрвандон доир ба масоили салоҳияти худ ва зимни зарурат ҳимоя аз ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо расидагӣ мешавад.

Кормандони намояндагиҳо ва аъзои оилаи онҳо аз имтиёз ва дахолатнопазирии дипломатӣ бархӯрдор хоҳанд буд. Фаъолияти онҳо таҳти роҳбарии умумии сафоратхонаҳои ҳарду кишвар ба роҳ монда мешавад.

Вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев ин маълумотро тасдиқ намуда, дар шабакаи телевизионии “Первый канал" чунин изҳори назар кардааст:

“Аз ҷониби мо намояндаги ВКД Русия дар Тоҷикистон ва аз тарафи онҳо – намояндагии ВКД-и ин кишвар, илова бар ин, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таъсис дода мешавад”.

Қобили зикр аст, ки Колоколтсев ба ҳайати Русия, ки президенти ин кишвар Владимир Путинро дар ҷараёни сафари давлатии ӯ ба Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекунад, шомил аст.

Созишнома пас аз имзои он аз ҷониби президенти Русия ва анҷоми расмиёти дохилиии давлатӣ мавриди амал қарор мегирад.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Владимир Колоколтсев, шумори ҷиноятҳои содиргардида аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия 7%, аз ҷумла ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин – 2% кам шудааст.

Ба гуфтаи вазири Русия, ҷараёни коҳиш аллакай соли дуюм пайдарпай ба мушоҳида мерасад, ки ба пешгирии ҳадафнок ва кори муштарак бо диаспораҳо марбут аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.