Соли 2025 дастикам 14 корманди Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд аз кор озод шудаанд. Аз ин нисбати 7 тан барои хунукназарӣ, баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ ва ҳамшарикӣ дар ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҳамаи онҳо баъди татбиқи ҷазо аз сӯи додгоҳ аз ин ниҳод ронда шудаанд. Дар ин бора Зафар Маҳмадиев, сардори ин Раёсат дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Номбурда гуфт, ки аз 14 корманди озодшуда, 7 тани онҳо баъди қарори додгоҳ барои хунукназарӣ, баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ, ҳамшарикӣ дар ҷиноят ва иҷро накарадани вазифаи хидматӣ аз мансаб озод шуданд.
“Онҳо дар гузаргоҳии гумукии Фотеҳободи ноҳияи Мастчоҳ, гумруки шаҳри Истаравшан ва дигар манотиқи Суғд кор мекарданд”, – гуфт Зафар Маҳмадиев.

Номбурда аз ин бештар дар бораи кирдори ҳамкасбони собиқаш ҷузъиёт надод. Танҳо гуфт, ки 3 каси дигар баъди расидан ба синни нафақа ва 4 тани дигар бо хоҳиши худ аз кор рафтанд.
Ҳамин тариқ, маълум нест, ки онҳо пурра аз мақомоти гумрук ронда шуданд ё танҳо аз ин Раёсат аз кор озод шуданду халос.
Маҳмадиев илова кард, ки соли 2025 ба ин сохтор 34 нафар тариқи озмун ба кор қабул карда шуданд.
Бори аввал нест, ки кормандони ин Раёсат барои чунин кирдорҳо аз кор ронда мешаванд. Соли гузашта, сардори кадрҳои ин раёсат хабар дода буд, ки нисбати 8 корманди ин Раёсат барои хунукназарӣ, баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ ва ҳамшарикӣ дар ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҳамаи онҳо баъди татбиқи ҷарима аз сӯи додгоҳ аз мақомот пурра ронда шудаанд.
Номбурда гуфт, ки ҷинояти 8 корманди ин ниҳод аз ҷониби Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд, Раёсати Оҷонсии зиддифасод дар вилоят ва додситонии Суғд ошкор шудааст.
Ёдовар мешавем, ки аз кор рафтани шумораи зиёди кормандони Раёсати минтақавии гумруки вилоят соли 2020 бесобиқа буд. Шаш сол пеш, 30 корманди ин ниҳод, ки “таҷриба”-и 20-25-солаи корӣ доштанд, бо сабаби нагузаштан аз аттестатсия, эътибор пайдо кардани ҳукми айбдоркунӣ ва роҳ додани дигар камбудиҳо дар фаъолият аз кор ронда шуда буданд.



