Ҳашт корманди Раёсати минтақавии гумрук дар Суғд аз мақомот пурра ронда шудаанд

Нисбати 8 корманди Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд барои хунукназарӣ, баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ ва ҳамшарикӣ дар ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҳамаи онҳо баъди татбиқи ҷарима аз сӯи додгоҳ аз мақомот пурра ронда шудаанд. Дар ин бора Икром Фаёззода, сардори шӯъбаи кадрҳои Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ хабар […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Нисбати 8 корманди Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд барои хунукназарӣ, баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ ва ҳамшарикӣ дар ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҳамаи онҳо баъди татбиқи ҷарима аз сӯи додгоҳ аз мақомот пурра ронда шудаанд.

Дар ин бора Икром Фаёззода, сардори шӯъбаи кадрҳои Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Номбурда гуфт, ки ҷинояти 8 корманди ин ниҳод аз ҷониби Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд, Раёсати Оҷонсии зиддифасод дар вилоят ва додситонии Суғд ошкор шудааст.

Ӯ гуфт, нисбати Зиёратшо Сафаров ва Бахтиёр Ҳоҷиев барои хунукназарӣ (моддаи 322 қисми 2), нисбати Эшонқулов Улуғбек, Рустамов Мирзо, Ҳоҷиев Маликаҳмад, Юсупов Парвиз, Файзуллои Сайфулло ва Назаров Бахтиёр барои баромадан аз ҳадди ваколати хизматӣ (моддаи 316 қисми 1) парванда боз шуда, ҳамаи онҳо бо ҳукми додгоҳ ҷарима ва баъдан аз вазифа ва ҳамин тариқ аз мақомот ронда шуданд.

Икром Фаёззода мушаххас кирдори кормандони Раёсати минтақавии гумрукро шарҳ надод, ки чӣ гуна ҷиноят даст задаанд.

Вай гуфт, соли 2024-ум 22 корманди Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд аз вазифа озод шуданд.

– 8 нафар бо ҳукми суд;

– 7 нафар бинобар расидан ба синни нафақа;

– 5 нафар бо хоҳиши худ;

– 1 нафар бинобар фавт;

– 1 нафар барои ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ.

Ёдовар мешавем, ки аз кор рафтани шумораи зиёди кормандони Раёсати минтақавии гумруки вилоят соли 2020  ҳам бесобиқа буд. Панҷ сол пеш  30 корманд, ки “таҷриба”-и  20-25-солаи  коридошта бо сабаби  нагузаштан аз  аттестатсия, эътибор пайдо кардани ҳукми айбдоркунӣ  ва роҳ додан  дигар камбудиҳо дар фаъолият аз кор рафта буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.