ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 2004 – Ёқуб Салимов, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз Маскав ба Душанбе истирдод шуд. Ӯ моҳи июни соли 2003 дар Маскав боздошт шуда ва то вақти истирдод дар боздоштгоҳи “Лефортово” нигоҳ дошта мешуд.
Ӯ дар Тоҷикистон бо ҷурми "хиёнат ба ватан", "нигаҳдорӣ ва тиҷорати силоҳ" ва "сӯистифода аз мансаб" ба 15 соли зиндон маҳкум гардид. Соли 2016 баъди татбиқи қонуни авф ва 13 соли боздошту зиндон аз мащбас озод гардид.

Соли 2010 – Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Қонун “Дар бораи авф намудани шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ вобаста ба қонунигардонии баъзе маблағҳои пулӣ”-ро қабул намуд. Ин қонун ба шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ имконият дод, ки маблағҳои пулии қаблан пинҳонкардаашонро бидуни таҳти таъқиби ҷиноятӣ ё маъмурӣ қонунӣ гардонанд.
Соли 2012 – Дар вилояти Суғд як гурӯҳ афрод, ки бо ташкилоти мамнӯи “Ҷамоати Таблиғ” алоқаманд буданд, маҳкум шуданд. Ин афрод барои иштироки ғайриқонунӣ дар фаъолияти ташкилоти динӣ ва паҳн кардани ақидаҳои ифротӣ айбдор дониста шуданд.
Фаъолияти “Ҷамоати Таблиғ” дар Тоҷикистон аз соли 2006 манъ шудааст.
Соли 2017 – Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаҳои фаъолияти бонкии “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк”-ро бозпас гирифт. Ин қарор дар асоси мушкилоти молиявии ҷиддии ин бонкҳо, аз ҷумла нокифоягии сармоя ва нотавонии иҷрои уҳдадориҳои молиявӣ қабул гардид.
Соли 2020 – Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) кишварҳои ҷаҳонро даъват намуд, ки барои эҳтимоли пандемияи коронавирус омодагӣ бинанд. Дар ин замон, вируси "SARS-CoV-2", ки боиси бемории COVID-19 мегардад, дар зиёда аз 30 кишвар паҳн шуда, шумораи ҳолатҳои тасдиқшуда ба 80,000 наздик мешуд.
Соли 2021 – Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) аз сокинони вилоят барои норасоии нерӯи барқ узр пурсид. Ӯ дар муроҷиати худ изҳор дошт, ки маҳдудиятҳои барқтаъминкунӣ бо сабаби кам шудани об дар обанборҳо ва афзоиши талабот ба нерӯи барқ дар фасли зимистон ба вуҷуд омадаанд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1900 – Мавлуди Ҳомид Маҳмудов, нахустин коргардони касбии театри тоҷик.

Соли 1929 вақте аввалин дастаи касбии театрӣ таъсис дода шуд (ҳоло Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ) Ҳомид Маҳмудов коргардон ва сарвари он таъин шуд.
Нахустин маҳсули эҷодаш “Наврӯз ва Гулчеҳра”, вале беҳтарин намоиши мавсуф “Маликаи Турандот” буд. Сипас Ҳомид Маҳмудовро барои ташкили театри дуввум (ҳоло Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ) ба шаҳри Хуҷанд даъват карданд.
Ӯ дар саҳнаҳои теарти тоҷик даҳҳо намоишномаҳо гузоштааст. “Маликаи Турандот”, “Ромео ва Ҷулетта”, “Ревизор”, “Фарзанди бегона”, “Ҳалима”, “Рустам ва Суҳроб”, "Тоҳир ва Зуҳро”, “Душман”, “Саодат”, “Зиндагии нав”, “Ҳукм”, “Ғалаба” ва ғайра аз намоишҳои офаридаи ӯ мебошанд.
Ҳомид Маҳмудов соли 1945 аз саҳнаи театр дур шуд. Баъд аз он дар вазифаи мудири Комиссариати халқии кишоварзии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Соли 1959 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро ғоибона хатм карда, то соли 1966 дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ кор кардааст.
Ӯ 12-уми марти 1977 дар 77-солагӣ даргузашт. Пиромуни зиндагӣ ва эҷоди коргардон дар маводи муфассали “Азия-Плюс” Ҳомид Маҳмудов – нахустин коргардони касбии театри тоҷик мутолиа кунед.
Соли 1923 – Зодрӯзи Рафаэл Толмасов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шӯравӣ.

Ў бори нахуст дар 10-солагиаш дар спектакли мусиқӣ-драмавии “Наҷот” иштирок кардааст.
Оғози ҳунарнамоии касбиаш дар театр аз операи “Шӯриши Восеъ” буда, дар давоми фаъолияти эҷодиаш бештар аз 80 партияро аз операҳои машҳури рус, хориҷа ва миллии тоҷик иҷро кардааст.
Ӯ нашқи Сулаймон дар “Аршин мол-олон”, Ренато дар “Отелло”, Нозим дар “Шӯриши Восеъ”, Шаҳрубон дар “Коваи оҳангар”, Тоҳир дар “Тоҳир ва Зӯҳро”, Баҳодур дар “Лаънаткардаи халқ”, Пӯлод дар “Пӯлод ва Гулрӯ”-ро иҷро кардааст.
Соли 1952 – Мавлуди Сироҷиддин Зуҳуриддинов, меъмори тоҷик.

Сироҷиддин Зуҳуриддинов муаллифи лоиҳаҳои бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, бинои пешини парлумони Тоҷикистон, Майдони “Истиқлол” дар Душанбе, хонаи истироҳати “Пугус” дар ноҳияи Варзоб, марказҳои савдои “Меҳргон” ва “Пойтахт”, толори қабули ҳайатҳои ҳукуматӣ, толори "VIP"-и фурудгоҳи Душанбе ва чанд биноҳои истиқоматӣ дар пойтахт аст.
Ӯ хатмкардаи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро дар идораи “Душанбегипрогор” оғоз ва беш аз 20 сол онҷо фаъолият кардааст.
Солҳои 1995-1997 сардори раёсати меъморӣ ва банақшагирии ҳукумати шаҳри Душанбе буд ва сипас ҳамчун Сармеъмори шаҳри Душанбе фаъолият кардааст. Аз соли 2015 Директори устохонаи Илмӣ-истеҳсолии “Академия меъморӣ ва сохтмонии Тоҷикистон” буд.
Ӯ соли 2021 дар синни 69-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1954 – Мавлуди Абдухолиқ Сӯфиев, овозхон ва ҳунарпешаи синамои тоҷик.

Абдухолиқ Сӯфиев аз модар нобино ба дунё омад. Ӯ соли 1983 ба Бадахшон рафт ва бо мусоидати котиби ҳизбии вилоят Муминшоҳ Абдулвосиев ба ӯ дар маркази шаҳри Хоруғ хона доданд. Ӯ ин ҷо 10 сол зиндагӣ кард ва роҳбари бадеии ансамбли нобиноёни “Панҷтанон” буд.
Абдухолиқ Сӯфиевро дар Тоҷикистон ва берун аз он ҳамчун сарояндаи таронаҳои овозхони маъруфи машриқзамин Аҳмад Зоҳир мешиносанд. Ӯ дар филмҳои “Ишқ ва фалсафа”-и Муҳсини Махмалбоф ва “Овора”-и Далер Раҳматов нақш бозидааст.
Абдухолиқ Сӯфиев 26 сентябри соли 2015 дар синни 61-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1969 – Зодрӯзи Зафарҷон Ҳусейнов, доктори илми тиб.
Соли 1971 – Мавлуди Бахтиёр Маҳмадалӣ, иқтисоддон, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон.
Соли 1992 – Ҳодӣ Кенҷаев, Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ дар 78-солагӣ даргузашт.
Соли 2025 – Гавҳар Тоҷибоева, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик дар 84-солагӣ даргузашт.

Гавҳар Тоҷибоева ҳанӯз дар наврасӣ барои иҷрои нақши аввалини худ ба театр даъват шудааст. Баъдан дар Техникуми политехникии шаҳри Хуҷанд ва омӯзишгоҳи санъат таҳсил кардааст.
Ҳунарпеша соли 1961 ба Театри Камоли Хуҷандӣ омада, даҳсолаҳо онҷо фаъолият дошт. Ӯ дар театр ва синамо дар беш аз сад нақш офаридааст, аз ҷумла, дар филмҳои “Рустам ва Суҳроб”, “Арӯси шаҳрӣ”, “Модар нигарон буд”, “Ҳечбудагон”, “Бачаи обӣ” ва “Ишқи маҳтобӣ”.
Номбурда 24-уми феврали соли 2025 дар 84-солагӣ даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
24 феврали соли 2022 Владимир Путин, президенти Русия дар як муроҷиати телевизионӣ эълон кард, ки барои ҳимояи мардум дар Донбасс, ки ба гуфтаи ӯ “ҳашт сол таҳти таҳқир ва генотсиди режими Киев қарор доштанд”, амалиёти махсуси ҳарбиро оғоз мекунад. Ӯ ҳадафи ин амалиётро “демилитаризатсия ва денасификатсияи Украина” номид. Дар натиҷаи ин изҳорот ҳамон рӯз нерӯҳои Русия ба Украина ҳамла карданд, ки ин ба оғози ҷанги васеъмиқёс байни ду кишвар оварда расонд.

24 феврали соли 1852 Николай Гогол дастнависи қисми дуюми “Ҷонҳои мурда”-ро сӯзонд.

Гогол дар охири умраш зери таъсири шадиди изтиробҳои динӣ қарор дошт. Ӯ дар ин давра аз мушкилоти равонӣ, эҳтимолан психоневроз ранҷ мебурд ва таҳти таъсири машваратҳои рӯҳонии худ Матвей Константиновский қарорҳои ғайриоддӣ мегирифт. Ин рӯҳонӣ ӯро водор месохт, ки худро аз корҳои дунёӣ дур кунад ва ҳатто аз хондани китобҳои худ даст кашад.
Шоми 24 феврали соли 1852 Гогол, эҳтимолан дар ҳолати бӯҳрони шадиди рӯҳӣ, дафтареро, ки қисми дуюми “Ҷонҳои мурда” дар он нигаҳдорӣ мешуд, ба оташ партофт. Бархе муҳаққиқон бар инанд, ки ӯ онро на якбора, балки қисм-қисм сӯзонд. Гогол чанд рӯз пас аз ин ҳодиса бистарӣ шуд ва 4 март (21 феврал бо тақвими кӯҳнаи русӣ) дар синни 42-солагӣ аз олам даргузашт.
24 феврали соли 1938 аввалин чӯткаи дандон бо мўйи синтетикии сунъӣ ба истеҳсолот ворид шуд.

Ин воқеа як инқилоби воқеӣ дар саноати маҳсулоти дандонӣ буд, зеро истифодаи мўйи синтетикии найлон ба ҷои мўйи табиӣ, ки пештар дар истеҳсоли чӯткаҳо истифода мешуд, имконоти нав ва самаранокро барои беҳтар кардани сифати нигоҳубини дандонҳо ба вуҷуд овард.
ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 19+24º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 13+18º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 19+24º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 7+12º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 10+15º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 5-10º сард, дар баъзе минтақаҳо то 1+3º гарм, дар ғарби вилоят шабона 3-8º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1+3º гарм, дар шарқи вилоят шабона 14-19º сард, дар баъзе минтақаҳо то 33-35º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 22+24º гарм, шабона 6+8º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 15+17º гарм, шабона 5+7º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 22+24º гарм, шабона 8+10º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 10+12º гарм, шабона 5-7º сард.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 24 ба 25-уми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.



