Ҳомид Маҳмудов – нахустин коргардони касбии театри тоҷик

Имрӯз ба шарофати заҳмату фидокории Ҳомид Маҳмудов 90-солагии театри тоҷик таҷлил шуд. Агар ба ҷараёни ташаккули театри тоҷик назар афканем, ҳатман бо фаъолият ва зиндагии Ҳомид Маҳмудов дучор мешавем. Мавсуф ҳунарпешаю коргардони барҷаста ва асосгузори театри касбии тоҷик мебошад. Аз зиндагиномаи ӯ бармеояд, ки соли 1900 дар оилаи амалдори сарватманди Бухоро Сайид Маҳмуди Таракачӣ ба дунё […]

Имрӯз ба шарофати заҳмату фидокории Ҳомид Маҳмудов 90-солагии театри тоҷик таҷлил шуд.

Агар ба ҷараёни ташаккули театри тоҷик назар афканем, ҳатман бо фаъолият ва зиндагии Ҳомид Маҳмудов дучор мешавем. Мавсуф ҳунарпешаю коргардони барҷаста ва асосгузори театри касбии тоҷик мебошад.

Аз зиндагиномаи ӯ бармеояд, ки соли 1900 дар оилаи амалдори сарватманди Бухоро Сайид Маҳмуди Таракачӣ ба дунё омадааст. Падар мехост, ки писараш пешаи ӯро интихоб кунад, аммо Ҳомиди наврас аз сабаби завқ доштан ба ҳунар роҳи дигарро пеш гирифт.

Ба нақли наздикону дӯстон, Ҳомиди 15-сола ҳамроҳи падар ба Қазон сафар карда, бори нахуст ба театр мераваду аз тамошои намоиши “Руслан ва Людмила” баҳравар мешавад. Орзуи ҳунарманди асил шудан аз ҳамон рӯз дар замири ӯ шуълавар мегардад.

Тибқи қарори Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон, 7-уми ноябри соли 1929 аввалин дастаи касбии театрӣ таъсис дода шуд (ҳоло он Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мебошад). Ҳомид Маҳмудов ба ҳайси коргардон ва сарвари он таъин шуд. Ӯ дар оғоз ба душвориҳои зиёд рӯ ба рӯ гардид. Аммо ҷавони пурҳунар бо шавқу рағбати зиёд ба кор пардохта, мушкилотро пушти сар кард ва билохира театри миллии тоҷикро фаъол гардонид.

Дар аввали кор Маҳмудов саҳначаҳои хурд меофарид. Нахустин маҳсули эҷоди ӯ “Наврӯз ва Гулчеҳра” ном дошт. Вале беҳтарин намоиши мавсуф “Маликаи Турандот” буд.

Сипас Ҳомидро барои ташкили театри дуввум ба шаҳри Хуҷанд даъват карданд (ҳоло Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ).

Ҳодисаҳои солҳои 30-юми асри гузашта барои хонаводаи онҳо низ таъсиргузор буд. Ҳомид Маҳмудовро ҳамчун писари “душмани халқ” як муддат аз кори театр маҳрум карданд. Соли 1943 ӯро ба вазифаи муовини сарвари театри Лоҳутӣ дар Сталинобод таъин карданд. Аммо дар соли 1945 ӯ фаъолияти худро дар соҳаи театр комилан хотима бахшид.

Инсони пок ва “қурбонии ҳунар”

Академик Муҳаммадҷони Шакурӣ оид ба фаъолияти ӯ гуфтааст: “Дар таълимгоҳи театрии Маскав устодаш Рубен Симонов намоишномаи “Маликаи Турандот”-ро бо гурӯҳи русӣ рӯйи саҳна оварда буд ва ба Ҳомид Маҳмудов фармуд, ки ин намоишро ба гурӯҳи ҳунарҷӯёни Бухоро ёд бидиҳад. Чунонки худи устод ба гурӯҳи русӣ ёд дода буд, ҳунарҷӯёни Бухоро айнан рӯйи саҳна оварданд. Ҳомид Маҳмудов супориши устодро нағз ба иҷро расонид, вале коре кард, ки ҷавонони тоҷик “Маликаи Турандот”-ро на айнан ба он тарз, ки ба русӣ буд, балки андак ба тарзи дигаре, бештар ба тарзи шарқии худ бозӣ кунанд. Ӯ ба иҷрои намоиш унсурҳои миллӣ дохил кард ва аз устоди худ офарин шунид. Ин аст, ки Ҳомид Маҳмудов аз нахустин қадамҳо эҷодкорӣ нишон дода ва истеъдодаш миллӣ будааст. Вежагии миллии театри тоҷикӣ аз солҳои аввал ба тарзе назаррабо ба ҷилва омад ва ин театрро шуҳрат дод”.

Ортиқи Қодир, ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мегӯяд: “Ҳомид Маҳмудов нахустин коргардони касбӣ ва падари ҳирфаии театри тоҷик аст. Ӯ бо системаи Станиславский ва асосҳои театри мактаби русӣ ошно буд ва бо касбияти баланд кори худро оғоз кард. Гарчанде мо унсурҳои театрӣ доштем, аммо ӯ аз ҳаваскорони бе маълумоти касбӣ театр ташкил кард”.

Қурбони Собир, ҳунарпешаи маъруфи театр ва синамо ӯро “қурбонии ҳунар” номида, афзуд: “Заҳматҳо ва фидокории Ҳомид Маҳмудов буд, ки аз театр ёд карда мешавад. Танҳо бо шарофати ин марди ҳунар театри тоҷик 90-солагии худро ҷашн мегирад”.

Коргардон ва драманавис Шамсӣ Қиёмов дар бораи ин шахсияти барҷаста чунин гуфтааст: “Одами пок, донишманд ва барои театр бисёр дилсӯз буд. Кӯшиш мекард, ки дар корҳои ҷиддӣ маслиҳати одамонро гирад. Ӯ тавонист, наслҳои гуногуни театрро, ки маълумоту мактабҳои гуногуни касбию ҳаваскорӣ доштанд, ба ҳам муттаҳид созад. Ҳомид Маҳмудов муътақиди он буд, ки драматургияи ҷаҳонӣ мактаби ҳақиқии маҳорат ва ҷавлонгоҳи ҳунари актёрист. Бинобар ин, ӯ дар фаъолияти эҷодии худ борҳо ба ин хазинаи пурганҷ рӯ оварда буд”.

Маълумотнома

Ҳомид Маҳмудов 24-уми феврали соли 1900 дар оилаи амалдори маъруфи Бухоро Сайид Маҳмуди Таракачӣ ба дунё омадааст. Модараш Назокат дар таълиму рушди маънавии ӯ саҳми зиёд гузоштааст.

Ҳамсараш – Амина Маҳмудова шоира ва яке аз созмондиҳандагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст.

Ҳомид Маҳмудов дар соли 1945 аз саҳнаи театр дур шудааст. Баъд аз он дар вазифаи мудири Комиссариати халқии кишоварзии ҶШС Тоҷикистон фаъолият кардааст. Соли 1959 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро ғоибона хатм намуда, то соли 1966 дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ кор кардааст.

Намоишҳои офаридаи ӯ: “Маликаи Турандот”, “Ромео ва Ҷулетта”, “Ревизор”, “Фарзанди бегона”, “Ҳалима”, “Рустам ва Суҳроб”, «Тоҳир ва Зуҳро”, “Душман”, “Саодат”, “Зиндагии нав”, “Ҳукм”, “Ғалаба” ва ғайра.

12-уми марти 1977 дар шаҳри Душанбе вафот кардааст.

Дар ин матлаб аз аксҳо ва иттилооти торнамои Mahmudnoma.tj, инчунин видеои барномаи “Маҳбуб” оид ба ҳаёт ва эҷодиёти Ҳомид Маҳмудов (муаллиф: Умед Шарифзод, ТВ “Баҳористон”) истифода шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.