“Дар буҷет чунин маблағи зиёд надорем…” Раиси вилояти Суғд сабаби ҳал нашудани мушкилоти шаҳраки Сайҳунро шарҳ дод

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд сабаби кашолкорӣ дар бунёди шаҳраки нави Сайҳун дар вилояти Суғдро камбуди маблағи буҷавӣ донист. Бо гузашти беш аз 10 сол аз оғози сохтмони шаҳрак, он то ҳол сохта нашуда, мушкили обу барқ, роҳ ва дигар инфрасохтори лозима ҳалли худро наёфтааст. “Ях бастан”-и корҳои сохтмонӣ дар Сайҳун яке аз мавзуъҳое буд, […]

Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд сабаби кашолкорӣ дар бунёди шаҳраки нави Сайҳун дар вилояти Суғдро камбуди маблағи буҷавӣ донист. Бо гузашти беш аз 10 сол аз оғози сохтмони шаҳрак, он то ҳол сохта нашуда, мушкили обу барқ, роҳ ва дигар инфрасохтори лозима ҳалли худро наёфтааст.

“Ях бастан”-и корҳои сохтмонӣ дар Сайҳун яке аз мавзуъҳое буд, ки аввали моҳи феврал дар нишасти матбуотии Раҷаб Аҳмадзода ба баҳс кашида шуд.

“Барои муҳайё кардани тамоми инфрасохтори лозима, аз ҷумла пайваст кардани хатти обу ташноб, барқтаъминкунӣ, оби нушокӣ маблағҳои зиёд лозим аст, ки мо дар буҷет чунин маблағи калон надорем. Мо бояд аввал камбудиҳое, ки ҳаст, бартараф кунем. Барои ҳалии мушкилоти шаҳрак лоиҳаҳо омода шуда, ба сармоягузорон пешниҳод шудааст ва боварӣ дорам, ки мо ин масъаларо ҳал мекунем”- , гуфт раиси вилоят дар посух ба суоли тақдири ояндаи шаҳрак.

Сайҳун бояд аввалин шаҳр дар вилояти Суғд мешуд, ки дар давраи истиқлолияти Тоҷикистон бунёд мегардид. Зарурати бунёди он аз афзоиши назарраси аҳолӣ дар шаҳрҳои калонтарини вилоят пеш омад.

Шаҳри нав, ки барои 250 ҳазор нафар пешбинӣ шуда буд, бояд дар биёбони хушки Сомғор, 15 км дуртар аз шаҳри Хуҷанд бунёд мешуд. Дар ин шаҳр сохтмони 19 маҳалла, 17 мактаби миёна, 31 кӯдакистон, 140 маркази савдо ва хидматрасонӣ, 40 майдонча ва толори варзишӣ, терминали нақлиёти мусофирбар, бозорҳо ва дигар иншооти иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда буд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Шаҳр, маҳалла, истгоҳи роҳи оҳан. Чаро дар Суғд иншооти ваъдашударо то ҳол насохтанд?

Илова бар ин, зиёда аз 1000 гектар замин дар назди шаҳри нав барои бунёди боғҳои мевагӣ бо истифода аз усули обёрии қатрагӣ ҷудо шуда буд.

Соли 2015 ба сохтмони нахустин биноҳои бисёрошёна санги асос гузошта шуда, ду истгоҳи насоси об ба кор оғоз карданд.

Дар моҳи майи ҳамон сол, Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вақти вилояти Суғд, ки яке аз ташаббускорони сохтмони ин шаҳр ҳисобида мешуд, бо лоиҳаҳои биноҳои оянда шинос гардид. Ваъда дода шуд, ки иншооти нахустин то моҳи сентябри соли 2016 ба истифода дода мешаванд.

Вале то имрӯз шаҳр сохта нашудааст. Даҳҳо оилаҳое, ки барои рушди бахши хусусӣ ва бунёди боғҳо замин гирифта буданд, обу барқи онро бо харҷи худ гузарониданд. Бисёриҳо дар интизори инфрасохтори ваъдашуда хаста шуда, ҳама чизро партофта, аз он ҷо кӯч бастанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.