Раиси Суғд ба сохтмони биноҳои баландошёна дар шаҳраки Сайҳун ҳусни оғоз бахшид

Рӯзи 1 май дар шаҳраки навбунёди Сайҳун бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба сохтмони 10 адад биноҳои истиқоматии 12 ошёна санги асос гузошта шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, тавре зимни муаррифии лоиҳаҳои биноҳои баланошёна таъкид гардид, як қисми ин биноҳои истиқоматӣ то арафаи Наврӯзи соли 2016 ва қисми дигар то […]

ASIA-Plus



Рӯзи 1 май дар шаҳраки навбунёди Сайҳун бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба сохтмони 10 адад биноҳои истиқоматии 12 ошёна санги асос гузошта шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, тавре зимни муаррифии лоиҳаҳои биноҳои баланошёна таъкид гардид, як қисми ин биноҳои истиқоматӣ то арафаи Наврӯзи соли 2016 ва қисми дигар то моҳи сентябри соли 2016 аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии ҶДММ «Стройкомплекс», ҶДММ «ПМК – 115», ҶДММ «КММ-44», ҶДММ «Тиниал» ва ғайраҳо бунёд карда мешавад. Биноҳои истиқоматӣ бо тарҳу намуди муосир бунёд гардида, тибқи нақша дар онҳо ҷойгирсозии марказҳои хизматрасонӣ ва таваққуфгоҳи нақлиёт низ дар назар дошта шудааст.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ зимни шиносоӣ бо лоиҳаҳои биноҳои истиқоматӣ таъкид намуд, ки лоиҳаҳо бояд коркард шаванд ва унсурҳои меъмории миллӣ низ дар вақти сохтмон ба назар гирифта шавад.

Таъкид шуд, ки дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Суғд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар дашти Сомғор ба сохтмони як шаҳри нави замонавӣ асос гузошта шуда буд ва инак имрӯз бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ин минтақа вусъат меёбанд. Ба таъкиди Раиси вилоят дар ин минтақа зиёда аз 40 ҳазор оила ё худ беш аз 250 ҳазор аҳолии шаҳри Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои Чкалов, Бобоҷон Ғафуров, Истиқлол ва Қайроққум бо манзилу  шароити муосири зиндагӣ таъмин мешаванд. Зеро солҳои охир аҳолии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Қайроққуму Чкалов хеле афзуда, шумораашон ба зиёда аз 700 000 расидааст ва зарурати бунёди маҳаллаҳои нави аҳолинишн бо биноҳои бисёрошёнаи муосир ба миён омадааст.

Раиси вилоят таъкид намуд, ки алҳол ба ин мавзеъ оби нӯшокиву полезӣ оварда шудааст ва корҳо дар самти кашидани хатти ташноб низ оғоз шудааст.

Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон аз соҳибкорон даъват ба амал овард, ки дар корҳои бунёдкорӣ саҳми худро гузоранд. Таъкид гардид, ки тибқи нақшаи генералии шаҳраки навбунёд, ки аллакай тасдиқ шудааст, соҳибкорон метавонанд дар бунёди марказҳои хизматрасонӣ, мактабу марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ саҳми худро гузоранд.

Хотирнишон бояд кард, ки дар шаҳраки Сайҳун 19 микрорайон, 17 муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ, 31 кӯдакистон ва ширхоргоҳ, 140 маркази савдою хизматрасонӣ, 40 майдонча ва толорҳои варзишӣ, терминали нақлиёти мусофиркаш ва бозору дигар зербинои зарурӣ бунёд хоҳад шуд.

Ин мавзеи фарох дорои 14 000 га заминҳои хушку ташналаб аст, ки мавриди обёрию ободонӣ қарор гирифта, дар 3000 гектари он маҳаллаҳои истиқоматӣ бунёд меёбанд. Дар марҳилаи аввали бунёди шаҳр дар 1010 гектар замин биноҳои истиқоматӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва маъмурӣ сохта мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.