Афзоиши пешниҳоди қарз ба аҳолӣ аз сӯйи бонкҳои Тоҷикистон

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Соли 2025 аз ҷониби ташкилотҳои молиявии қарзии Тоҷикистон ба маблағи 30,0 млрд сомонӣ (ҳудуди 3 млрд доллар) қарз дода шудааст. Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар медиҳад. Дар иттилои Бонки миллӣ зикр мешавад, ки ин нишондиҳанда ба андозаи 21,1% зиёдтар дар муқоиса бо соли 2024 аст. Аз ҳаҷми умуми қарзҳои додашуда 42,6%-аш ба […]

Соли 2025 аз ҷониби ташкилотҳои молиявии қарзии Тоҷикистон ба маблағи 30,0 млрд сомонӣ (ҳудуди 3 млрд доллар) қарз дода шудааст. Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар медиҳад.

Дар иттилои Бонки миллӣ зикр мешавад, ки ин нишондиҳанда ба андозаи 21,1% зиёдтар дар муқоиса бо соли 2024 аст.

Аз ҳаҷми умуми қарзҳои додашуда 42,6%-аш ба соҳаи истеъмол рост меояд. Қисмати боқимонда тариқи зайл аст:

– савдо ва хӯроки умумӣ – 13,4%;

– бахши кишоварзӣ – 11,8%;

– соҳаи саноат – 8,3%;

– соҳаи хидматрасонӣ – 7,1%;

– ипотека – 6,1%;

– сохтмон –  4,5%;

–  дигар соҳаҳо – 6,2% .

То охири соли 2025 бақияи умумии сандуқи қарзии ташкилотҳои молиявӣ 26,1 млрд сомониро ташкил додааст, ки ба андозаи 22,2% зиёдтар нисбат ба охири соли 2024 аст.

Меъёри миёнавазни фоизӣ дар соли 2025 бо асъори миллӣ 22,6% ва асъори хориҷӣ – 11,7%-ро ташкил медиҳад.

Меъёр бо асъори хориҷӣ дар муқоиса бо соли пешин бетағйир боқӣ монда, меъёр бо асъори миллӣ ба андозаи 0,5 банди фоизӣ боло рафтааст. Дар соли 2024 он ба 22,1% баробар буд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки меъёри фоизи қарзҳои бонкӣ кам карда шавад. Онҳо бояд чӣ гуна бошанд?

Ёдрас мекунем, ки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба парлумон охири соли 2024 ба сохторҳои дахлдор супориш дод, ки барои паст кардани меъёрҳои фоизӣ аз рӯйи қарзҳо тадбирҳо рӯйи даст гиранд.

То ин вақт, ҳанӯз моҳи майи соли 2018 ӯ дастур дода буд, ки арзиши воқеии онҳо муайян карда шуда, давра ба давра меъёрҳои фоизии онҳо коҳиш дода шавад.

Дастрасӣ надоштан ба маблағгузорӣ бо шартҳои мусоид монеъаи асосӣ барои рушди тиҷорат маҳсуб меёбад.

Соҳибкорон бисёр вақт бо норасии маблағҳо барои гардиш дучор гардида, маҷбур мешаванд, ки ба бонкҳо муроҷиат кунанд. Аммо меъёрҳои баланд ва душвориҳои марбут ба баргардонидани маблағ ба он оварда мерасонанд, ки онҳо бо умеди барори кор қарз гирифта, лекин на ҳамеша ҷиҳати саривақт баргардонидани он фурсат меёбанд.

Ғайр аз ин, бисёре аз бонкҳо ба давраи кӯтоҳмуҳлат қарз пешниҳод мекунанд, вале барои соҳибкорон қарзҳои дарозмуҳлат лозиманд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Як сокини Кӯлоб барои содир кардани чанд ҷиноят 23 сол равонаи зиндон шудааст

Аз ҷумла ӯ, ба муомилоти беш аз 100 кг маводи мухаддир гунаҳкор дониста шуд.

Раиси Созмони истихбороти Сипоҳи посдорони Эрон ҳам дар пайи ҳамлаи Исроилу Амрико кушта шудааст

Ӯ соли гузашта пас аз кушта шудани Муҳаммад Козимӣ, раиси пешини Созмони иттилооти Сипоҳ ба ин мансаб таъин гардида буд.

Мақомот бори аввал ҷузъиёти куштори ду зану як кӯдак дар Кӯлобро шарҳ доданд

Додситонии Кӯлоб бар зидди Валӣ Сафаралӣ, шавҳари яке аз занони кушташуда барои одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

“Дар сарҳад мушкили ҷиддии амниятӣ вуҷуд надорад”. Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон дар ҳамоише дар Кобул суханронӣ кардааст

Дар муколамаи машваратии “Афғонистон ва Осиёи Марказӣ”, ки дирӯз дар Афғонистон гузашт, кӣ чӣ гуфт ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, барои сокинон “ташхису муоина ва машварати ройгон” ба роҳ мемонад

Ин ниҳод мегӯяд, сокинони кишвар имкон доранд, 3 рӯз аз ташхису муоинаи ройгон истифода кунанд.

Посухи Муҳаммадбоқир Қолибоф ба зарбулаҷали навбатии Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба нерӯгоҳ ва пулҳои Эрон

Трамп барои музокира бо Эрон то рӯзи чоршанбе, соати 3:30 ба вақти Теҳрон ва 5-и субҳ ба вақти Душанбе муҳлат додааст.