Ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон. Сафорати Тоҷикистон ба шаҳрвандононаш тавсия дод, ки Эронро тарк кунанд

Asia-Plus

Дар пайи ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ба шаҳрвандони кишвар тавсия дод, ки ин кишварро “бо истифода аз имконоти дастрас тарк намоянд”. Изҳороти Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон чанд лаҳза пеш дар саҳифаи он дар Фейсбук нашр шуд. Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эронро “амалиёти низомӣ” хонда, ба шаҳрвандони […]

Дар пайи ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ба шаҳрвандони кишвар тавсия дод, ки ин кишварро “бо истифода аз имконоти дастрас тарк намоянд”.

Изҳороти Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон чанд лаҳза пеш дар саҳифаи он дар Фейсбук нашр шуд.

Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эронро “амалиёти низомӣ” хонда, ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Эрон тавсия додааст, ки “оромиро нигоҳ доранд, ҳушёр ва бодиққат бошанд, пайваста иттилоот ва тавсияҳои расмии Сафорат ва мақомоти Эронро пайгирӣ намоянд, аз будубош дар наздикии иншооти ҳарбӣ ва давлатӣ худдорӣ кунанд, инчунин аз аксбардорӣ ва наворбардорӣ дар тамоми ҳудуди кишвар парҳез намоянд”.

Ҳамчунин, Сафорат ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Эрон тавсия додааст, ки ин кишварро “бо истифода аз имконоти дастрас тарк намоянд”.

Дар изҳороти Сафорат зикр шудааст, ки он “фаъолияти худро дар низоми муқаррарӣ идома дода, омода аст барои мусоидат дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба хориҷшавии шаҳрвандон аз Эрон кумак расонад”.

Ва барои тамос рақамҳои зеринро гузоштааст:

+98 (021) 22 29 95 84
2. +98 (021) 22 83 46 50
3. +98 936 325 31 47
4. +98 910 451 98 15
5. +98 937 974 35 08
6. +98 930 433 42 34

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон то ҳол баёнияи расмие нашр накардааст.

Зимнан, вақти “ҷанги 12-рӯза”-и Исроилу Амрико бо Эрон дар тобистони соли 2025 Тоҷикистон аз аввалин кишварҳое буд, ки онро қотеъона маҳкум карда буд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Вазорати корҳои хориҷии Эрон: “Бо иқтидор ҷавоби таҷовузкоронро медиҳем”

Дар ҳамин ҳол, парвозҳо аз Тоҷикистон ба Эрон бекор шудаааст. 

Аз ҷумла як парвози ширкати "Вориш", ки мебоист  пагоҳ аз Теҳрон ба Душанбе парвоз кунад, лағв шудааст. Дар ин бора як манбаъ аз бахши ҳавонавардии кишвар ба “Азия-Плюс” хабар дод. 

Ҳамчунин, ба иттилои манбаъ, субҳи имрӯз, 28-уми феврал, як ҳавопаймо, ки аз Душанбе ба самти Дубай парвоз мекард, дар пайи ҳамлаҳои Эрон ба пойгоҳҳои амрикоӣ ва маҳдуд шудани фазои ҳавоии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз марзи Туркманистон аз роҳ баргашт ва тавассути Покистон дубора ба Душанбе омад.

Ёдовар мешавем, ки ҷанги нав дар Ховари миёна субҳи имрӯз бо ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон оғоз шуд. Дертар артиши Эрон ҳам дар посух ба ин ҳамлаҳо ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ ҳамла кард.

Раисҷумҳури Амрико ва сарвазири Исроил дар изҳороти худ ошкор иброз доштанд, ки ҳадафи ҷанг сарнагунсозии низоми ҷорӣ дар Эрон аст. Эрон посух дод, ки ба ҳар гуна таҷовуз сазовор ва қотеъ посух хоҳад гуфт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Як сокини Кӯлоб барои содир кардани чанд ҷиноят 23 сол равонаи зиндон шудааст

Аз ҷумла ӯ, ба муомилоти беш аз 100 кг маводи мухаддир гунаҳкор дониста шуд.

Раиси Созмони истихбороти Сипоҳи посдорони Эрон ҳам дар пайи ҳамлаи Исроилу Амрико кушта шудааст

Ӯ соли гузашта пас аз кушта шудани Муҳаммад Козимӣ, раиси пешини Созмони иттилооти Сипоҳ ба ин мансаб таъин гардида буд.

Мақомот бори аввал ҷузъиёти куштори ду зану як кӯдак дар Кӯлобро шарҳ доданд

Додситонии Кӯлоб бар зидди Валӣ Сафаралӣ, шавҳари яке аз занони кушташуда барои одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

“Дар сарҳад мушкили ҷиддии амниятӣ вуҷуд надорад”. Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон дар ҳамоише дар Кобул суханронӣ кардааст

Дар муколамаи машваратии “Афғонистон ва Осиёи Марказӣ”, ки дирӯз дар Афғонистон гузашт, кӣ чӣ гуфт ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, барои сокинон “ташхису муоина ва машварати ройгон” ба роҳ мемонад

Ин ниҳод мегӯяд, сокинони кишвар имкон доранд, 3 рӯз аз ташхису муоинаи ройгон истифода кунанд.

Посухи Муҳаммадбоқир Қолибоф ба зарбулаҷали навбатии Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба нерӯгоҳ ва пулҳои Эрон

Трамп барои музокира бо Эрон то рӯзи чоршанбе, соати 3:30 ба вақти Теҳрон ва 5-и субҳ ба вақти Душанбе муҳлат додааст.