Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоишномаи кӯдаконаи “Рӯбоҳаки ҳиллагар” рӯи саҳна гузошта мешавад. Басаҳнагузоранда Зафар Ҷаводов аст. Арзиши билет 25 сомонӣ буда, аз сомонаи ticketon метавон харидорӣ кард.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Имрӯз соати 14:00 дар Театри драмавии русии ба номи Маяковский дар шаҳри Душанбе намоиши “Ҳар чӣ кобӣ, ҳамонро ёбӣ” (“За чем пойдешь, то и найдешь”) ба саҳна гузошта мешавад. Намоиш бо роҳбарии Хуршед Мустафоев, дар жанрим мазҳака рӯйи саҳна омадааст. Арзиши чипта 35 сомонӣ аст.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 1 МАРТ

Соли 1937 – Анҷумани VI-уми фавқулодаи Шӯроҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Конститутсияи нави ҶШС Тоҷикистонро тасдиқ кард, ки дар он тағйироти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии  ҷумҳурӣ инъикос ёфта буд.

Соли 1967 – Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино дар соҳаи илму техника таъсис ёфт.

Соли 2016 – Шабакаи телевизиони “Варзиш” ба фаъолият шурӯъ кард.

Соли 2016 – Шабакаи телевизионии “Синамо” ифтитоҳ гардид.

Соли 2016 –Академияи васоити ахбори умум ба фаъоляит оғоз кард.

Соли 2018 – Дар марзи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон фаъолияти як гузаргоҳи роҳи оҳан ва ҳашт гузаргоҳи автомобилии сарҳадӣ, инчунин як посгоҳи марзӣ аз нав барқарор гардид.

Соли 2020 – Дар Тоҷикистон интихоботи Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнии парлумон) баргузор шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1919 – Мавлуди Ёрмаҳмад Ашӯрмуҳаммадов, ҳунарпешаи театр ва намоишноманавис.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ёрмаҳмад Ашӯрмуҳаммадов

Ёрмаҳмад Ашӯрмуҳаммадов яке аз ҳунарпешагони шоистаи музофот буда, аз соли 1940 ба ҳайси ҳунарпеша ва баъдан солҳои зиёд ҳамчун директори Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятӣ дар шаҳри Хоруғ фаъолият кардааст. Баъдан солҳои 1976-1979 директори Осорхонаи кишваршиносӣ ва таърихии ВМКБ буд. Ҳунарпеша 7 августи 2004 дар синни 85-солагӣ аз олам даргузашт.

Ашӯрмуҳаммадов дар саҳнаи театр як силсила нақшҳои драмавӣ, фоҷиавӣ ва романтикӣ офаридааст, аз ҷумла Сардор ва Қозӣ дар “Қишлоқи тилоӣ”, Ҷаллод дар “Достони Ҳофиз”, Таваккалхоҷа дар “Чинори гӯё”, Кнуров дар “Аруси беҷиҳоз”.

Ӯ ҳамчунин муаллифи песаҳо, композитсияҳои мусиқӣ ва як қатор барномаҳои консертӣ буда, асарҳои драмавии нависандагони хориҷиро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Соли 1948 – Зодрӯзи Баҳринисо Бобомуродова, шоираи тоҷик.

Соли 1950 – Зодрӯзи Абдуҷалол Салимов, ходими давлатӣ, собиқ вазири нақлиёти Тоҷикистон.

Соли 1950 – Мавлуди Аслиддин Низомов, мусиқишинос, доктори илмҳои санъатшиносӣ.

Соли 1955 – Зодрӯзи Давлаталӣ Мирзоев, олим, доктори илмҳои байторӣ.

Соли 1958 – Зодрӯзи Амриддин Кабиров, сароянда, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Соли 1962 – Мавлуди Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Азим Иброҳим

Азим Иброҳим, ки имрӯз вазири нақлиёти Тоҷикистон аст, хатмкардаи Донишкадаи политехникии Тошкентро бо ихтисоси муҳандиси маъдан-маркшейдер ва номзади илмҳои техникӣ, академики Академияи байналмиллалии ашёи минералии Маскав аст.

Солҳои 1995-2002 дар вазифаи муовини аввали раиси Кумитаи металлу сангҳои қиматбаҳо ва сипас ҳамчун муовини вазири саноати Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2004-2005 раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва солҳои 2005-2013 сардори Саридораи геология буд.

Баъдан аз соли 2013 то 2020 дар мансаби муовини сарвазири Тоҷикистон фаъолият намуд ва 31 августи соли 2020 вазири нақлиёти Тоҷикистон таъин гардид.

Соли 1966 – Зодрӯзи Муҳаммадалӣ Азизӣ, доктори илмҳои педагогӣ.

Соли 1967 – Зодрӯзи Зулфиқори Азиз, овозхони саршиноси тоҷик ва яке аз таъсисдиҳандагони гурӯҳи мусиқии “Анис”.

Гурӯҳи «Анис» дар соли 1986 таъсис шуд ва панҷ бародар — Достони Азиз роҳбари гурӯҳ ва Қайсиддини Азиз, Вайсиддини Азиз, Абӯбакри Азиз ва Зулфиқори Азиз аъзои ин гурӯҳ буданд.

Зулфиқор Азизов, ки бо бародаронаш дар гурӯҳи овозадори “Анис” (дар ҳайати панҷ бародар) овозхонӣ мекард, дар нимаи дуввуми солҳои 80-ум аз машҳуртарин овозхонони мусиқии попи Тоҷикистон гардид.

Ӯ бо аввалин сурудҳояш – “Аз ёдат ман бирафтам”, “Баҳор асту ба тоқи хонаи ман”, “Манижа”, “Модар” ва “Ман нагӯям, ки маро аз қафас озод кунед” ба дили мардуми кишвар роҳ ёфт.

Зулфиқор машҳуртарин сарояндаи хонаводаи Азизовҳо буд. Овозхонони ҷавони мусиқии попи имрӯзи Тоҷикистон Остон Азизов ва Шаҳроми Абубакр низ аз хонаводаи Азизовҳо ҳастанд.

Мавсуф 6 майи соли 2010 дар 40-солагӣ дар шаҳри Душанбе бар асари сактаи қалб аз олам даргузашт.

Соли 2021 – Фотима Ғуломова ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик дар синни 87-солагӣ аз олам даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Фотима Ғуломова

Фотима Ғуломова ҳунарпешаи хидматнишондодаи Тоҷикистон буда, бештар аз 40 сол дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ ҳунарнамоӣ кардааст. Симои ӯ тавассути “Бой ва ғулом”, “Шоҳ Лир”, “Рӯдакӣ”, “Рустам ва Суҳроб”, “Мо аз боми ҷаҳон” барин намоишномаҳои маъруфи театри тоҷик дар хотири ҳаводоронаш нақш бастааст.

Фотима Ғуломова модари Барзу Абдураззоқов, коргардони пуровозаи тоҷик ва ҳамсари нахустини Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманд ва коргардони номошнои Тоҷикистон буд. Хоҳараш Соҷида Ғуломова коргардони маъруф ва бародараш Исфандиёр Ғуломов низ аз ҳунарпешаҳои шинохтаи театру синамои тоҷик мебошад.

Ӯ фаъолияти кориашро cоли 1960 дар Театри ҷумҳуриявии мазҳакаи мусиқии ба номи А. С. Пушкин оғоз намуда, аз соли 1961 ҳамчун ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият кард. Номбурда дар саҳнаи театр ва синамо зиёда аз 100 нақш офаридааст. Аз ҷумла, нақшҳои Хонзода дар “Бой ва хидматгор” Гонерил дар “Шоҳ Лир”, Гурдофарид дар “Рустам ва Сӯҳроб”, Нигина дар “Рӯдакӣ”, Бунафша дар “Духтари қишлоқӣ”, Клариче дар “Хизматгори ду хоҷа”, шоҳдухтар дар “Шоҳгавазн” ва ғайра.

Чеҳраи ӯ дар синамо низ ошно буда, дар филми “Овора”-и Далер Раҳматов нақши бибиро бозидааст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола 1 март дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии мудофиаи гражданӣ таҷлил мегардад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Соли 1931 бо ташаббуси чанд давлат генерал Ҷорҷ Сен-Поли фаронсавӣ дар шаҳри Париж “Ассотсиатсияи минтақаҳои Женева”-ро таъсис дод, ки ҳадафи он эҷоди минтақаҳои амн дар тамоми ҷаҳон тавассути созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба гуфта мешуд. Ҳадафи ин рӯз баланд бардоштани эътибори хадамоти дифои миллӣ дониста мешавад.

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ситоишу хушгӯйӣ (комплимент) таҷлил мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ин ҷашн бо ҳадафи болида гардонидани рӯҳияи одамон ва хотирмон сохтани як рӯзи одамон таъсис дода шудааст. Калимаи “комплимент” аз забони фаронсавӣ гирифта шуда, маънои таъриф, эътироф, таҳсин ва эҳтиромро дорад. Бархе чунин мепиндоранд, ки хушгӯӣ метавонад риёкорона бошад, вале то куҷо воқеӣ будани он аз ихлоси шахс вобаста аст.

Шурӯъ аз соли 2002 ҳамасола 1 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии масунияти бадан (иммунитет) ҷашн гирифта мешавад.

Ин ташаббуси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ буда, ҳадафи он ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба мушкилоти паҳншавии бемориҳои гуногун ва дар маҷмӯъ нигоҳдорӣ ва тақвияти масунияти бадан мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2+7º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 12+17º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе минтақаҳо то 1-3º сард, дар ғарби вилоят шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона 6-11º сард, дар баъзе минтақаҳо то 15-17º сард. 

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 21+23º гарм, шабона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 12+14º гарм, шабона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 23+25º гарм, шабона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 7+9º гарм, шабона 1-3º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 1 ба 2-юми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

spot_imgspot_img

Популярное