Дар панҷумин рӯзи ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон ҳамлаҳои ҳавоӣ аз ҳарду ҷониби даргир идома дорад. Амрико ва Исроил ба шаҳрҳои гуногуни Эрон ҳамла мекунанд ва Эрон дар посух ба Исроил ва пойгоҳҳои низомии Амрико дар кишварҳои арабии Ховари Миёна зарба мезанад. Коршиносон мегӯянд, дар Эрон низом фурӯ напошидааст, ҷанг бо бомбборон ва куштори чанд фармондеҳ поён намеёбад, Эрон танҳо нахоҳад буд ва омодаи ҷанги давомдор аст.
Чаро ҷанг оғоз шуд?
Дар ин ҷанг якҷо бо мушакҳову паҳподҳо, аз иттилои бардурӯғу дасткоришуда ва таблиғоти зиёд истифода мешавад, ки аз миёни онҳо пайдо кардани воқеият ва ҳақиқат душвор аст.
Амрико ва Исроил барои дуруст нишон додани тасмими худ ҷиҳати оғози ҷанг ривоятҳои худро доранд. Онҳо Эронро ба саркашӣ аз тавофуқ барои дасткашӣ аз барномаи ҳастаияш гунаҳкор мекунанд ва мегӯянд, агар ин ҳамла намебуд, Эрон дар зудтарин фурсат ба силоҳи ҳастаӣ даст меёфт. Иддаое, ки мухолифи гуфтаҳои қаблиашон дар замони “ҷанги 12-рӯза” аст. Он замон ҳам Амрико ва ҳам Исроил гуфта буданд, ки ҳамлаҳо ба пойгоҳҳои ғанисозии урани Эрон ин кишварро аз дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ маҳрум кард.
Эрон ҳам ривояти худро дорад ва мегӯяд, ин Амрико аст, ки мисли як соли пеш, дар ҷараёни музокирот ба ҳамла иқдом кард ва аз ҳалли дипломатии баҳс ба нафъи ҷанг берун шуд. Теҳрон мегӯяд, ин ҳама даъвоҳои Амрикову Исроил баҳонае беш нестанд, чун Эрон пайваста гуфтааст, ки барномаи ҳастаияш сулҳомез аст ва ҳадафи дастёбӣ ба силоҳи ҳастаиро надошт ва надорад. Барои собит кардани ин иддаои худ, борҳо изҳор доштааст, ки омодаи фароҳамории шароити мусоид ба Оҷонсии байналмилалии ҳастаӣ барои боздид ва арзёбии зерсохторҳои барномаи ҳастаиаш аст. Ин нуктаро роҳбари ин Оҷонс ҳам тасдиқ карда, ки Эрон “силоҳи ҳастаӣ надошт”.
Дар ин миён воқеият ин аст, ки ҷанг оғоз шуд ва бо бомбборони Эрон аз сӯйи Амрикову Исроил. Инак, рӯзи панҷуми ҷанг идома дорад ва дар баробари қурбониву харобӣ, суолҳои зиёдеро дар миён гузоштааст: Чаро ҷанг оғоз шуд, ҳадафи аслии Амрикову Исроил чӣ аст, низоми ҳоким дар Эрон то куҷо пойбарҷост ва чаро паҳлӯяш ҳампаймонҳояш нестанд, Эрон то куҷо ба ҷанги дарозмуддат омода аст, вокуниши кишварҳои арабӣ ба зарбаҳои Теҳрон ба қаламраваш чӣ гуна хоҳад буд ва ин ҷанг ба куҷо кашида мешавад?
Талош кардем аз талилгар ва коршиноси тоҷик ба ин суолҳо посух пайдо кунем.
“Мушкили аслии Ғарб низоми давлатдории Эрон аст”
Раҳматулло Абдуллоев, таҳлилгари масоили сиёсӣ, сабаби оғози ҷангро ба сиёсати мустақилонаи Эрон ва хилофи манофеи ҷаҳони Ғарб амал кардани роҳбарияти он медонад.
Ӯ мегӯяд, масоили баҳсӣ дар музокироти тарафҳо танҳо баҳона аст ва мушкилоти Ғарб дар он аст, ки дар дохили Эрон такягоҳ, шарик ва амаликунандаи нақшаҳояшро надорад. Аз ин лиҳоз, ба қавли ӯ, талоши аввали Амрикову Исроил тағйири низом дар Эрон аст. Низоме, ки беш аз чиҳил сол назди онҳо сар хам накард ва дар баробари таҳдиду фишори онҳо истод.
“Дар ин муддат, Ғарб ва пеш аз ҳама Амрико бо Эрон сари барномаи ҳастаӣ, қатъи истеҳсоли мушакҳои дурпарвоз, катъи кумак ба гурӯҳҳои низомӣ-сиёсӣ дар Фаластину Лубнон ва ғайра баҳс дошт ва ҳар лаҳза баҳонаи нав пеш оварда, марҳила ба марҳила фишорро болои он афзоиш медод. Соли 2015 созишномаи БАРҶОМ бо ширкати доираи васеи кишварҳои Ғарб ва Русияву Чин ба имзо расид, ки бояд ба ин баҳс хотима медод, аммо он бо ташаббуси Доналд Трамп, раисҷумҳури кунунии Амрико, шикаста шуд. Дар сурате, ки бояд ҳама кишварҳои имзокардаи БАРҶОМ чунин тасмим мегирифтанд”, – мегӯяд Абдуллоев.
Ин таҳлилгари тоҷик хуруҷи Амрико аз созишномаи БАРҶОМ ва беамалии кишварҳои зери он имзогузоштаро “хиёнат ба Эрон” медонад, ки собит кард, мушкили аслӣ на масоили мавриди баҳс, балки низоми саркашу мутақили Эрон аст.

“Дар дохили Эрон нерӯҳои мухолифи қодир ба амалӣ кардани нақшаҳои ИМА ва Исроил вуҷуд надоранд. Намояндагони сулолаи собиқи ҳукмрон – Паҳлавӣ танҳо берун аз марзи Эрон садои худро метавонанд баланд кунанд, дар дохили Эрон онҳо пуштибони зиёд надоранд, зеро дар тӯли 50 соли қудрат хиёнати зиёд карда буданд ва ҳамеша дар хидмати Ғарб буданд”, – мегӯяд ӯ.
Эрон танҳо нахоҳад буд?
Абдуллоев мегӯяд, ҳоли ҳозир шояд Эрон дар муқобили ҳамлаварон аз лиҳози низомӣ танҳо бо ҷонибдории мардумаш меҷангад, аммо барои дарозмуддат вазъи кунунӣ тағйир хоҳад ёфт.
“Эрон дар муборизаи шадиди худ бо Амрикову Исроил наметавонад танҳо бошад, ҳатман аз лиҳози низомӣ, иттилоотӣ ва иктишофӣ кумак мегирад. Кишварҳои мисли Чин, Русия, Покистон бо роҳи ғайрирасмӣ дастгирӣ мекунанд. Дар сурати ба дохили марзи Эрон гузаштани амалиёти ҷангӣ, ҳазорон довталаб аз кишварҳои ҳамсоя аз тарафи Эрон ба ҷанг ворид мешаванд. Аммо Амрикову Исроил ҳоло тавони роҳандозии амалиёти заминӣ дар Эронро надоранд, чун он хеле мушкил хоҳад буд. Ва ҳамчунин, сабақи ҷанги ноком ва пурталафоти бистсола дар Афғонистон мисли захми шамшер бар ҷисму ҷони ИМА боқӣ мондааст. Ҳамчунин, ин ду кишвар, дар баробари хайрхоҳон, душмани зиёд ҳам доранд”, – мегӯяд Абдуллоев.
“Эрон имкони ҷанги дарозмуддатро дорад”
Рустам Азизӣ, низоъшиноси тоҷик, ки равандҳои сиёсӣ ва ҳаводиси Ховари Миёнаро таҳқиқу пайгирӣ дорад, мегӯяд, Эрон, тавре чаҳор рӯзи аввали ин ҷанг ва “ҷанги 12-рӯза” нишон дод, сарфи назар аз талафоти ҷониву зерсохторӣ, имкони ҷанги тӯлониро дорад.
“Яъне тасмими бисёр қавӣ доранд ва дар ин масъала, кишвари бузург аст ва захираву имконоти бештар дорад. Алабатта, барои ҷанги дарозмуддат метавонад истодагарӣ кунад, чунки Эрон солҳои зиёд дар таҳрим аст, режимҳои вижа ва ҳамчунин, таҷрибаи идомаи чунин ҷангҳоро дар кишварҳои дигар низ дорад”, – мегӯяд Рустам Азизӣ.
Ба қавли ин коршинос, “бо ду-се гулӯлаву бомбу мушакзадан, дар Эрон на ҳукумат тағйир меёбад ва на сохтор”.
“Яъне бисёр устувор ҳастанд ва бо кушта шудани чанд фармондеҳ, чизе тағйир намеёбад. Барои он ки захираҳои инсониву кадрии Эрон ҳам кам нестанд ва дигар ин ки чунон низом сохтанд, ки дар онҷо як шахс метавонад зуд ҷойгузин бошад. Яъне шахсиятсолорӣ вуҷуд надорад”, – таъкид мекунад Рустам Азизӣ.
Бояд зикр кард, ки дар “ҷанги 12-рӯза” Исроил ба якборагӣ чандин фармондеҳи Нерӯҳои мусаллаҳи Эронро кушт, аммо дар зудтарин фурсат ҷойгузини онҳо таъйин шудаву ҷанг идома кард ва низом ҳам фурӯ напошид.
Дар чаҳор рӯзи ҷанги нави ҷараёндошта, ки ин бор ба Исроил Амрико ҳам мустақим пайваст, даҳҳо фармондеҳи Нерӯҳои мусаллаҳ ва ҳатто роҳбари олии Эрон кушта шуд, аммо ҷанг ҳамоно идома дорад. Эрон дар баробари Исроил, ба пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ зарба мезанад ва гузориши расонаҳо ҳокӣ аз онанд, ки низоми дифоии Амрико ҳам дар баробари паҳподҳо ва мушакҳои Эрон мисли “Гунбади оҳанин”-и Исроил осебпазир аст. Ва ин вазъи кишварҳои арабиро душвор кардааст, чун таркишу харобӣ ба хоки онҳо ҳам кӯчидааст.
Таҳлука дар кишварҳои арабӣ
Рустам Азизӣ мегӯяд, барои кишварҳои арабӣ вазъият бисёр муташанниҷ ва ғайричашмдошт буд. Чунки “онҳо тамоми низоми дифоии худро бо такя ба Амрико карданд, вале тавре посухҳои Эрон нишон дод, ин низоми падофанду зиддиҳавоӣ аслан наметавонад ҳатто пойгоҳҳои ҳарбии Амрикову сафорати ин кишварро дифоъ кунад, чӣ расад ба кишварҳои арабӣ”.
Ӯ зикр мекунад, ки агар фазои расонаии кишварҳои арабиро пайгирӣ кунем, маълум мешавад, ки онҳо воқеан ба як таҳлука афтоданд ва дар онҷо чанд ривояти нав эҷод шудааст:

– Аввал ин ки Амрико моро фиреб кард. Наметавонад, ки моро дифоъ кунад ва ба ҷанг бо Эрон водор кард, вале аз имконоти мо танҳо барои Исроил истифода мешавад.
– Дигар ин ки чун баъзе аз пойгоҳҳои амрикоӣ, ба вижа радарҳо шикаста шуданд, саволе ба миён меояд, ки мо ин қадар маблағро барои чӣ сарф мекунем?! Ҳамчунин, бо баста шудани тангаи Ҳурмуз, зери ҳадаф қарор гирифтани чанд киштии нафткашу корхонаи гази моеъи Қатар, ки беш аз 20% гази моеъи ҷаҳон, аз ҷумла Аврупоро таъмин мекард, масъалаи бозори нафти ҷаҳонӣ ҳама дарҳамбарҳам шуд.
Бо вуҷуди ин, ба қавли ин коршиноси тоҷик, кишварҳои арабӣ наметавонанд ба Эрон посух диҳанд.
“Аввал, чунин тавонро надоранд, дуввум, ин ки хасороте, ки аз зарбаҳои ҷавобии Эрон метавонанд бинанд, дандоншикан хоҳад буд. Чун кишварҳои арабӣ солҳои зиёд барои рифоҳу сатҳи баланди зиндагӣ омода шуданд ва наметавонанд ба ин хисорот тоб оранд. Аз ин рӯ, бисёр миёнарав буданд ва ҳоло ҳам аз Амрико тақозо доранд, ки мушкил бо роҳи дипломатӣ ҳал карда шавад”, – мегӯяд Азизӣ.
Ӯ мегӯяд, ба дарозо кашида шудан ин ҷанг барои кишварҳои Халиҷи Форс бисёр хатарнок аст, чунки аллакай, вазъи Қатар ва Иморот дар пайи ҳамлаҳо ба қароргоҳҳои нафташ бад шудааст ва ҳамарӯза зарар мебинад. Бар замми ин, кишварҳои арабӣ артиши кофӣ надоранд. Ва маълум шуд, ки амрикоиҳо дастгирӣ намекунанд. Дар ҷанги заминӣ шикасти бебаҳси онҳо дар баробари Эрон ногузир аст.
“Ин ҷанг бо роҳи бомбборон ва мушакзанӣ ҳал намешавад. Барои ҷанг дар майдон имконоти хеле зиёд лозим аст. Агар дар муқоиса бо ҷанги ҳатто Ироқу Афғонистон ҳам бубинем, Эрон кишвари бузургтар аст, артишаш ҳам бузургтар ва қавитар аст. Муҳим ин аст ки дар баробари муътаризон ва ба истилоҳ мухолифон, ин ҳукумат ҳаводорони зиёд дорад ва ҳамчунин, ҳаводорони он бештар мазҳабии фидоӣ ҳастанд ва агар баҳс сари ҷоннисориву ҷангҳои чирикӣ равад, хеле ба дарозо мекашад”, – хулоса мекунад Рустам Азизӣ.
Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.



