Ба муносибати иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз дар Душанбе ярмаркаи маҳсулоти ғизоӣ ташкил мешавад

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар арафаи таҷлили иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе, аз 14 то 20-уми март ярмаркаи фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ташкил мегардад. Дар ин бора, аз шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Манбаъ гуфт, ин маърака бо мақсади “ба танзим овардани нархи маҳсулоти ниёзи аввал” роҳандозӣ шуда, маҳсулот дар ярмаркаҳо нисбат ба бозорҳо арзонтар ба фурӯш гузошта […]

Дар арафаи таҷлили иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе, аз 14 то 20-уми март ярмаркаи фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ташкил мегардад. Дар ин бора, аз шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Манбаъ гуфт, ин маърака бо мақсади “ба танзим овардани нархи маҳсулоти ниёзи аввал” роҳандозӣ шуда, маҳсулот дар ярмаркаҳо нисбат ба бозорҳо арзонтар ба фурӯш гузошта мешавад. 

Бо суроғаи ярмаркаҳо дар баргаи мо шинос шавед:

Аз шаҳрдорӣ гуфтанд, сокинони пойтахт метавонанд маводи ниёзи аввал, аз ҷумла гӯшт, орд, равған, биринҷ, тухм ва ширро бо нархи нисбатан арзон харидорӣ кунанд. Масалан, арзиши 1 кг гӯшти гов – 65 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд – 75 сомонӣ, 1 кг картошка – 4,5 сомонӣ ва 1 кг пиёз – 1,5 сомонӣ мебошад. Бо нархи дигар маҳсулот  дар ин ярмаркаҳо дар баргаи мо шинос шавед:

Бояд гуфт, ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ дар асоси қарори Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ташкил карда мешавад.

Маъмулан чунин ярмаркаҳо пеш аз ҷашнҳо ташкил шуда, маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархи арзонтар аз бозор ба фурӯш гузошта мешаванд. Чун ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳо мухталиф нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои кишвар гарон мешавад ва ин боиси нигарониву шикояти сокинон мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошинро чӣ гуна онлайн гирифтан мумкин аст?

Акнун иҷозатномаро танҳо онлайн гирифтан мумкин аст. Кӯшиш кардем, ҷараёни гирифтани онро шарҳ диҳем.

Эрон пешниҳоди Амрико дар бораи оташбаси муваққатиро рад карда, барои хатми ҷанг тарҳи худро пешниҳод кардааст

Дар ҳамин ҳол, ҳамлаҳо ба минтақаҳои якдигар идома дошта, танҳо дар рузи гузашта аз ҳарду тараф даҳҳо кас кушта шудаанд.

Тоҷикистон ба татбиқи рақамисозии иқтисод идома медиҳад. Дар барномаи нав чӣ гуфта шудааст?

Ҳукумат "Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2026-2030"-ро тасдиқ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 61

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Яке аз маҳкумшудагони ҳамла ба “Крокус” худкушӣ кардааст

Ӯ моҳи марти соли равон ҳамроҳи 14 тани дигар дар доираи ин парванда ба ҳабси абад маҳкум шуда буд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Тоҳир Тоҷибоев то даргузашти Самад Ғанӣ ва Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ

Як сокини Кӯлоб барои содир кардани чанд ҷиноят 23 сол равонаи зиндон шудааст

Аз ҷумла ӯ, ба муомилоти беш аз 100 кг маводи мухаддир гунаҳкор дониста шуд.

Раиси Созмони истихбороти Сипоҳи посдорони Эрон ҳам дар пайи ҳамлаи Исроилу Амрико кушта шудааст

Ӯ соли гузашта пас аз кушта шудани Муҳаммад Козимӣ, раиси пешини Созмони иттилооти Сипоҳ ба ин мансаб таъин гардида буд.