Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲО

– Имрӯз соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 90-солагии Отахон Латифӣ, рӯзноманигор ва сиёсатмадори тоҷик маҳфили ёдбуд баргузор мешавад. Вуруд ва иштирок озод аст.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2003 – Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон муҳлати қонунигардонии маблағҳои пулӣ барои шаҳрвандони кишвар муқаррар карда шуд.

Соли 2011 – Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ду халабон – шаҳрванди Русия В.Садовничий ва шаҳрванди Эстония А.Руденкоро бо гумони убури ғайриқонунии марз, қочоқ ва вайрон кардани қоидаҳои нақлиёти байналмилалӣ боздошт карданд. Ин парванда бинобар вокуниши бузурги ҷамъиятӣ номи “Парвандаи халабонҳо”-ро гирифт.

Соли 2013 – Терминали марказии нақлиётии пойтахт (автовокзал) пас аз навсозии куллӣ ба истифода дода шуд.

Соли 2020 – Дар ҷаласаи аввали Маҷлиси вакилони халқи пойтахт (даъвати шашум) шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ барои узвият ба палатаи болоии парлумони Тоҷикистон пешбарӣ гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1910 – Мавлуди Шариф Бобокалонов, оҳангсоз ва мутриби тоҷик.

Шариф Бобокалонов яке аз аввалин тарғибгарони мусиқии касбӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Ӯ дар таҳкими оркестри созҳои халқӣ ва рушди мусиқии миллӣ саҳми назаррас гузоштааст ва як қатор суруду асарҳои ӯ, аз ҷумла “Марши зафар”, “Конститутсияи мо”, “Шамшери бурро” ва “Қаҳрамон омад” то ҳол дар иҷрои гурӯҳҳои мусиқӣ садо медиҳанд.

Вай дар офариниши операи “Коваи оҳангар” (бо С. Баласанян) ва намоишномаи мусиқии “Сайл” (бо М. Светаев) саҳм гузоштааст ва муддате роҳбари ансамбли рубобнавозон буд.

Соли 1959 – Мавлуди Шариф Раҳимзода, директори пешини Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, собиқ раиси Бонки миллӣ ва вазири пешини рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Шариф Раҳимзода

 

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро соли соли 1981  ва Донишкадаи молияи шаҳри Москваро соли соли 1986 бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Соли 1993 чанд моҳ сармушовири президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодӣ буд. Баъдан, аз соли 1993 то 2000 муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон кор кардааст. Як сол раиси Кумитаи назорати давлатии молиявии Тоҷикистон буд.

Аз соли 2001 то соли 2006 сафири Тоҷикистон дар Белгия ва Фаронса, намояндаи  Тоҷикистон дар созмонҳои аврупоӣ, Юнеско ва НАТО буд. Солҳои 2006-2008 ҳамчун раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, солҳои 2008-2012 ҳамчун раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва солҳои 2012 -2015 ба ҳайси вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон кор кардааст.

Як давра, аз соли 2015 то соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон буд.

Аз соли 2020 то моҳи марти соли 2025 директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд ва ҳоло бознишаста аст.

Соли 1918 – Мавлуди Эшонхон Нӯъмонов, доктори илмҳои химия, профессор.

Соли 1941 – Мавлуди Барот Мирзоев, физикдони тоҷик, профессор.

Соли 1959 – Мавлуди Гулбаҳор Мирзоева, нависанда ва коргардони филм.

Соли 1960 – Зодрӯзи Иқбол Завқибеков, оҳангсоз, навозанда ва мустанадсози тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Иқбол Завқибеков

 

Иқбол Завқибеков мусиқии шарқӣ ва суннати шифоҳиро дар Институти ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода омӯхтааст. Ӯ дар навохтани бисёре аз созҳои суннатии дар Осиёи Марказӣ маъмул, монанди рӯбоб ё сетор соҳибистеъдод аст.

Иқбол Завқибеков аз соли 1979 барои бахши синамо мусиқӣ меофарад ва чандин мусиқии филмҳоро сохтааст. Аз ҷумла, ӯ яке аз навозандагони аслӣ барои тафсири мусиқии матни филми “Падари моҳтобӣ” аст. Аз соли 2004 узви Иттиҳодияи филмсозони Тоҷикистон аст.

Соли 1960 – Мавлуди Салими Хатлонӣ, шоир ва тарҷумони тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Салими Хатлонӣ

 

Салими Хатлонӣ таҳсилкардаи Институти адабии ба номи М. Горкий буда, солҳои зиёд дар вазифаҳои масъули давлатӣ ва дипломатӣ фаъолият кардааст. Дар баробари адои вазифаҳои масъули хидматӣ, кори эҷодиро ҳамеша манзури назар доштааст. Эҷодиёти ӯ шомили ашъори гуногунмазмун буда, ашъори шоирони ҷаҳониро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Маҷмӯаҳои шеъриаш “Аз пушти борон”, “Сапедасори булӯр”, “Фарёдҳо бар ёдҳо”, “Балоғати нур”, “Шабу шабобу шароб”, “Дар гуҳарбори садаф” дар шеъри муосири тоҷик мавқеи муҳим доранд. Дар таҳқиқоти илмии худ осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва Ҳофизи Шерозиро таҳлил намуда, китобҳои “Най дар тасаввури Мавлоно”, “Ишқ сарманшаъи такомули инсон”, “Рамзофаринӣ ва таҷассуми симои тамсилӣ дар осори Мавлоно” ва “Тасвирофаринӣ дар осори Ҷалолуддини Румӣ”-ро ба нашр расонидааст.

Соли 1977 – Мавлуди Сайнак Сайнаков, таърихнигор ва омӯзгори тоҷик.

Соли 1980 – Зодрӯзи Сӯҳроби Сафарзод, овозхони тоҷик, ки соли 2010 дар авҷи шуҳрат аз олам даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сӯҳроби Сафарзод

 

Ӯ оғози солҳои 2000-ум рӯйи саҳнаи ҳунари тоҷик по гузошт ва то лаҳзаи марг овозхонӣ кард. Ин овозхон бо иҷрои сурудҳои сабки муинӣ дар миёни мухлисону ҳаводоронаш маъруфу маҳбуб гашта буд ва аз муваффақтарин хонандаҳои таронаҳои сабки Муин, овозхони эронӣ, дар Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

Сӯҳроби Сафарзод дар тӯли фаъолияти эҷодии худ бо Шабнами Сурайё, Остони Азиз низ дуэт иҷро кардааст. Таронаҳои ӯ, “Шабҳо”, “Дорӣ нигоҳ”, “Ёди ту”, “Панҷара”, “Ту азизи диламӣ” дар миёни шунавандагону мухлисон аз маҳбубияти вижае бархӯрдоранд.

Соли 1988 – Зодрӯзи Шаҳбоз Шосаидзода, сиёсатмадори тоҷик, ҳуқуқшинос, вакили парлумон.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии муқовимат бо сензураи интернетӣ таҷлил мешавад, ки бо ибтикори созмонҳои байналмилалии “Хабарнигорони бидуни марз” ва “Афви байналмилалӣ” таъсис ёфтааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

Фаъолони ин ҳаракат назорат кардани корбарони шабакаҳо, сомонаҳо ва блогҳои ҳомии ҳуқуқро ҳамчун фишор ба ҷомеаи ҳуқуқӣ ва озодиҳои мавҷуда арзёбӣ мекунанд.

12 марти соли 1832 дар балет бори аввал либоси бо номи “пачка” истифода шуд. Дар нахустнамоиши балети Жан Шнейсхоффер “Силфида”, ки дар Академияи шоҳии мусиқӣ ва рақс дар Париж баргузор гардид, дӯстдорони балет ин навовариро тамошо карданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

“Пачка” тибқи тарҳҳои рассом ва тарроҳи машҳури фаронсавӣ Эжен Ламӣ дӯхта шуда буд. Дар ин балет нақши асосии “духтари ҳаво”-ро Мария Талони, балеринаи бузурги итолиёвӣ, ки ба рушди балети классикӣ таъсири назаррас расонидааст, бозид.

Имрӯз ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии ананас аст. Ин меваи ширину андаке турш дар дастурхони бисёр кишварҳо мавқеи хоса дорад. Олимон онро ба гурӯҳи дақиқи растаниҳо дохил карда натавонистаанд, аммо аксарият онро ба меваҳо мансуб медонанд.

Зодгоҳи ананас Бразилия буда, аз ин кишвар ба тамоми ҷаҳон паҳн гардидааст. Ин растанӣ ба Аврупо соли 1493 тавассути Колумб ва ба Ҳиндустон соли 1548 расид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -1+4º, дар водиҳо шабона аз 0-5º сард то 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 9-14º сард то 3-8º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 6+11º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4º.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 5+10º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 6+11º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона -4+1º, дар ғарби вилоят шабона -3+2º, дар шарқи вилоят шабона 12-17º сард, дар баъзе минтақаҳо то 20-22º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 11+13º гарм, шабона 9+11º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 6+8º гарм, шабона 2-4º сард.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 11+13º гарм, шабона 2+4º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 6+8º гарм, шабона 1-3º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 12 ба 13-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

spot_imgspot_img

Популярное