Чанде пеш "Азия-Плюс" дар бораи он ки “Чаро пӯст дар Тоҷикистон хеле кам коркард мешавад?”, мақола навишт. Дар он бо истифода аз омор ва назари коршиносон вазъи соҳа мавриди таҳлил қарор гирифта буд. Қабл аз омода кардани мавод, мо барои гирифтани иттилои расмӣ ба Вазорати саноат ва технологияи нав бо номаи расмӣ муроҷаит карда будем. Вале то рӯзи нашри мақола, аз ин ниҳод посух наомад. Чанд рӯз баъд аз нашри мавод, вазорат ба саволҳои мо посух гардонид, ки онро манзури хонандагон мегардонем.
Ба саволҳои "Азия-Плюс" Азиз Назар, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ посух додааст.
– Айни замон дар Тоҷикистон чанд корхонаи саноати коркарди пӯст ва истеҳсоли пойафзол амал мекунанд? Иқтидори воқеӣ ва сатҳи сарбории онҳо (таъминот бо маводу ашё ва ҳаҷми истеҳсол) чӣ қадар аст?
– Дар ҷумҳурӣ 5 корхонаи коркарди пӯсти чорвои калону майда, инчунин 22 корхонаи истеҳсоли пойафзол амал мекунанд.
Дар соли 2025 дар ин соҳа, 639 447 дона пӯсти ҳайвонот коркард шуда, истеҳсоли пойафзол 880 000 ҷуфтро ташкил дод.
Аммо сатҳи сарбории иқтидорҳои истеҳсолӣ дар корхонаҳои коркарди пӯст паст боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 30-40% аз нишондиҳандаҳои лоиҳавиро ташкил медиҳад.
Сабабҳои сатҳи пасти сарборӣ таҷҳизоти кӯҳнашудаи технологӣ, дастрасии маҳдуд ба ашёи хоми хушсифат, инчунин мавҷуд набудани талаботи бозор ба маҳсулоти истеҳсолшуда мебошад.
– Чаро бо истеҳсоли то 1,7 млн дона пӯст дар як сол, камтар аз 2%-и он коркард мешавад?
– Ҳозир дар ҷумҳурӣ сатҳи пасти коркарди пӯст ба мушоҳида мерасад. Сабабҳои асосии чунин вазъият нокофӣ будани технологияҳои муосири коркади аввалияи пӯст (бо шумули вайрону фарсуда шудан ва навъбандӣ), мавҷуд набудани корхонаҳои бузурги силсилаи мукаммал, ки бо таҷҳизоти муосир технологӣ таъминанд, инчунин фоидаоварии зиёдтари содироти ашёи хом дар муқоиса бо роҳандозии коркарди амиқ дар давраи ибтидоӣ маҳсуб меёбанд.
Ғайр аз ин, норасоии кадрҳои ҳирфаӣ дар ин соҳа низ яке аз мушкилоти назаррас шуморида мешавад.
– Чаро Тоҷикистон то ба ҳол содиркунандаи ашёи нимахоми арзон боқӣ монда, маҳсулоти тайёри гаронро мехарад?
– Дар соли 2025 маблағи содироти пӯсти дар сатҳи аввалия коркардшуда 1,8 млн долларро ташкил дод.
Сабабҳои асосии содироти пӯсти дар сатҳи аввалия коркардшуда инҳо мебошанд:
– нокофӣ будани таҷриба дар роҳандозии силсилаи мукаммали истеҳсолот;
– мавҷуд набудани мактабҳои махсуси тарроҳӣ ва муҳандисӣ;
– дастрасии маҳдуд ба бозорҳои байналмилалии фурӯши маҳсулоти тайёр.
– Барои зиёд кардани ҳаҷми коркарди ашёи хом дар дохили кишвар чӣ гуна тадбирҳо рӯйи даст гирифта мешаванд? Барои тағйир сиёсати содирот – гузаштан аз ашёи хом ба маҳсулоти тайёр, чӣ чораҳо андешида мешаванд?
– Барои зиёд кардани ҳаҷми коркарди ашёи хом дар дохили кишвар ва тағйири сиёсати содирот таъмиру навсозии иқтидорҳои мавҷуда ва сохтмони корхонаҳои нави силсилаи мукаммал бо таҷҳизоти муосири технологӣ зарур аст.
Дар ин робита, Вазорат барои рушди соҳаи коркард ва истеҳсоли маснуот аз пӯст, лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз ҷумла сохтмони корхонаи истеҳсоли маснуот аз пӯст, инчунин корхонаи истеҳсоли пойафзол таҳия кард ва онҳоро барои баррасӣ ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол намуд.
Дар лоиҳаҳои протоколҳои комиссияи байниҳукуматӣ бандҳои ҷудогона оид ба роҳандозии ҳамкорӣ дар ин соҳа ворид карда мешаванд. Барои амалисозии чунин ташаббусҳо ҷалби фаъолонаи сармоягузориҳои мустақим пешниҳод мешавад.
– Стратегияи рушди саноат то соли 2030 вобаста ба соҳаи коркарди пӯст чӣ гуна амалӣ мешавад?
– Дар Стратегияи рушди саноат дар Тоҷикистон дар давраи то соли 2030, ки бо қарори ҳукумат аз 27-уми марти соли 2018, №159 тасдиқ шудааст, афзалият додан ба коркарди пӯст то маҳсулоти ниҳоӣ пешбинӣ шудааст.
Дар он зиёд кардани ҳаҷми коркарди пӯст то 2 млн дона то соли 2030 тариқи ҷалби сармояи мустақим, бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ бо таҷҳизоти муосири технологӣ, инчунин роҳ ёфтан ба бозорҳои нави содиротии фурӯши маҳсулот ба нақша гирифта шудааст.
– Сабаби дар соҳаи истеҳсоли маснуот аз пӯст ҳузур надоштани сармоягузорони бузург дар чист?
– Сабаби асосии ҳузур надоштани сармоягузорони бузург нокофӣ будани рақобатпазирии маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва талаботи маҳдуд дар бозори дохилӣ мебошад.
Истеҳсолкунандагони дохилӣ бо рақобати шадиди ширкатҳои бузург аз Чину Ҳиндустон, Покистону Бангладеш дучор мешаванд, ки онҳо дар миқёси истеҳсол ва арзиши аслии маҳсулот бартарияти назаррас доранд.
– Барои корхонаҳои саноати коркарди пӯст чӣ гуна тадбирҳои дастгирӣ аз ҷониби давлат (имтиёзҳо аз андоз, кумакпулиҳо, қарз) пешбинӣ шудааст?
– Барои ҳавасмандсозии рушди саноати коркарди пӯст аз ҷониби ҳукумат дар доираи Кодекси андоз ва Кодекси гумрук, инчунин дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Тоҷикистон имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ шудааст, ки ба фароҳам сохтани шароитҳои мусоид баҳри сармоягузорӣ ва таъмиру навсозии истеҳсолот дар ин соҳа равона шудааст.





