33 миллион менависему 500 миллион мехонем. Баъди ифтитоҳи сарҳад тиҷорат миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар кадом сатҳ аст?

Як сол пеш байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ ба имзо расид, ки ба боз шудани марз ва комилан барқарор гардидани робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни кишварҳо мусоидат намуд. Аз он дам чӣ тағйир ёфт?

Шартнома рӯзи 13-уми марти соли 2025 дар доираи сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Қирғизистон имзо шуд.

Зимни гуфтушунид ба барқарор намудани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд. Ҷонибҳо созишномаҳо ба имзо расониданд, аз ҷумла дар бораи рушди саноат ва бахши кишоварзӣ, ки барои рушд имконоти нав боз мекунанд.

“Кишварҳои мо барои рушди муштарак имконоти зиёд доранд. Мо доир ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва дар солҳои наздик ба 500 млн доллар расонидани ҳаҷми савдои дуҷониба ба тавофуқ расидем”, – гуфта буд он замон президенти Тоҷикистон.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Низоъ миёни Тоҷикистону Қирғизистон: Равобити иқтисодӣ чӣ гуна тағйир ёфт?

Сарвари давлати Қирғизистон Садир Жапаров дар навбати худ таъкид дошта буд, ки “фароҳам сохтани шароити мусоид барои тиҷорат дар Қирғизистону Тоҷикистон ба пайдо гардидани ҷойҳои нави корӣ, рушди зерсохтор ва таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ муоидат менамояд”.

Дар изҳороти  муштараки сарони кишварҳо зикр шуд, ки ҳамкории иқтисодӣ на танҳо барои ҳарду кишвар манфиатовар аст, бкли ба рушди умумии минтақа мусоидат мекунад. Зикр гардида буд, ки созишномаҳои имзошуда барои рушди минбаъда замина гузошта, таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ ва зерсохтор барои соҳибкорону сармоягузорон уфуқҳои нав боз мекунад.

Ёдрас мекунем, ки муносибатҳо байни кишварҳо пас аз муқовимати дурӯзаи мусаллаҳона дар сарҳад моҳи апрели соли 2021, ки бар асари он аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар ҳалоку садҳо нафар захмӣ шуданд, ба сардӣ гароид. Он замон Қирғизистон якҷониба сарҳадҳояшро баст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров

Афзоиши босуръати гардиши мол

Дар соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Қирғизистон зиёда аз 33,1 млн долларро ташкил дод, ки аз соли 2024 ба таври назаррас зиёд аст. Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тайи соли ахир ҳаҷми гардиши молу маҳсулот 2,7 баробар боло рафта, соли 2024 ин ҳаҷм ҳамагӣ ба 12,2 млн доллар баробар буд.

Соли гузашта аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ба маблағи умумии зиёда аз 8,6 млн доллар молу маҳслуот содир шуд.

Молу маҳсулоти содиргардида аз ангури навъҳои гуногун, маснуоти пахтагин ва нерӯи барқ иборат буданд.

Воридот аз Қирғизистон беш аз 24,5 млн доларро ташкил дода, аз ангишти тира, нафт ва маҳсулоти нафтӣ, инчунин маснуоти макаронӣ, зарф, шиша ва дигар молу маҳсулот иборат буданд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Тоҷикистон бо кадом кишварҳо реҷаи савдои озод дорад?

Соли 2020 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо 37 мл долларро ташкил дод, лекин бар асари буҳрони марбут ба баста шудани сарҳад, соли 2023 ҳаҷми савдо то 11,6 млн доллар (беш аз се баробар) поин рафт.

Ҳаҷми савдои дуҷониба тайи ин чор сол тавассути кишварҳои сеюм (Қазоқистон, Ӯзбекистон) нигоҳ дошта мешуд.

Ҳамчунин мебояд гуфт, ки то баста шудани марз дар қаламравҳои ҷудогона бозорҳои наздимарзӣ амал мекарданд, ки дар онҳо аҳолии ҳарду кишвар метавонистанд молу маҳсулоти ҷудогонаро хариду фурӯш кунанд.

Масалан, сокинони ҳарду кишвар рӯзи сешанбе дар деҳаи Аркаи вилояти Ботканд ва рӯзи якшанбе – дар деҳаи Хистеварзи вилояти Суғд ба хариду фурӯш машғул мешуданд. Мақомоти кишварҳо баъди боз шудани сарҳад эълон карданд, ки дар ин нуқтаҳо савдо базудӣ барқарор мешавад, аммо ин кор то ҳол ба сомон расонида нашудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Гузаргоҳ дар сарҳади Тоҷикистон

Ба сурати умум, Тоҷикистону Қирғизистон, ки захираҳои назарраси нафту газ надоранду дар сатҳи монанд бо сохтори иқтисодии наздик ба ҳам рушд мекунанд, асосан ашёи хом содир намуда, маҳсулоти тайёр ворид мекунанд. Аз ин рӯ, гардиши молу маҳсулот байни онҳо ҳамеша маҳдуд буд.

Транзит

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Гардиши мол миёни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёда аз $100 млрд расидааст

Боздоштани боркашонии транзитӣ тариқи қаламрави Қирғизистон ба иқтиоди Тоҷикистон зарбаи бештар ҳассос расонид. Гап сари он аст, ки то баста шудани сарҳад қисмате аз молу маҳсулот ба/аз Чин ва Қазоқистон, ки ба сегонаи шарикони асосии Тоҷикистон шомиланд, тариқи Қирғизистон оварда мешуд.

Пас аз имзои шартнома дар бораи сарҳад қисмате аз нуқтаҳои гузаргоҳҳо боз шуд. Аз ҷумла, 13 марти соли 2025 гузаргоҳҳои “Қизил-Бел” ва “Қайрағач – Маданият”, ки қариб чор сол баста буданд, кори худро барқарор карданд.

Барқарор гардидани кори гузаргоҳҳои сарҳадӣ имкон дод, ки қисмате аз самтҳои боркашонӣ тадриҷан ба хатсайрҳои пешина баргардонида шавад.

Садир Жапаров моҳи июли соли гузашта зимни сафари давлатӣ ба Тоҷикистон изҳор намуд, ки Қирғизистон ба сифати долони транзитии стратегӣ ҷиҳати мусоидат ба роҳ ёфтани молу маҳсулоти Тоҷикистон ба бозорҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё омода аст.

Сармоягузорӣ

Сармоягузорӣ миёни кишварҳо ҳатто дар давраи муносибатҳои гарм барои ҳамсоякишварҳое, ки марзи масофаашон қариб ба 1 ҳазор километр баробар аст, дар сатҳи хеле паст қарор дошт. Лекин ин фаҳмост, зеро ҳарду кишвар имконоти зиёди сармоягузорӣ надоранд. Гузашта аз ин, ин кишварҳо аз лиҳози ҷалби сармоя аз дигар кишварҳои нисбатан доротари ҷаҳон, рақибони мустақим шуморида мешаванд.

Сар аз соли 2022 аз ҷониби мақомоти омори кишварҳо вуруди сармоягузорӣ миёни давлатҳо ба қайд гирифта нашудааст.

То ин дам сармоягузорӣ аз Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон начандон зиёд ворид мешуд. Ба ин тариқ, соли 2021 ҳаҷми сармоягузории Қирғизистон ҳудуди 550 ҳазор доллар, аз ҷумла 390 ҳазор доллар – сармоягузории мустақимро ташкил дода буд.

То охири соли 2021 сармоягузориҳои андӯхтаи Қирғизистон дар иқтисоди Тоҷикиситон ба зиёда аз 2,2 млн доллар расид (ҳудуди 1,9 млн доллар – сармоягузориҳои мустақим).

Маълумот дар бораи ҳаҷми сармоягузорӣ аз Тоҷикистон ба иқтисоди Қирғизмистон дар манбаъҳои боз мавҷуд нест.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Раисони вилоятҳои Ботканд ва Суғд, 13 марти соли 2025

Минбаъд чӣ мешавад?

Сарфи назар аз афзоиши назарраси савдои дуҷониба, робитаҳои иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон то ҳол нисбатан маҳдуд боқӣ мемонанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соли 2025 қариб 3 баробар афзудааст

Ҳаҷми кунунии гардиши молу маҳсулот аз сатҳе, ки кишварҳо мехоҳанд солҳои наздик ба он расанд, ба таври назаррас камтар мебошад.

Имзои шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ қадами муҳими сиёсие маҳсуб меёбад, ки яке аз монеъаҳои асосӣ барои ҳамкории иқтисодиро бартараф намуд.

Аммо барои болоравии ҷиддии ҳаҷми савдо дигар омилҳо ҳам заруранд, аз ҷумла рушди зерсохтори нақлиёт, густариши савдои наздимарзӣ ва роҳандозии лоиҳаҳои муштарак дар иқтисод.

Коршиносон зикр мекунанд, ки дар сурати вазъи босуботи сиёсӣ ва барқарор гардидани хатсайрҳои логистикӣ, ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо метавонад тадриҷан зиёд шавад. Лекин барои расидан ба ҳадафи изҳоршудаи то 500 млн доллар, ҳамгирии бештар амиқ тақозо мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

spot_imgspot_img

Популярное