Талоши Трамп барои “бозкушоии тангаи Ҳурмуз” ва идомаи ҳамлаи тарафҳо. Ду рӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?

Таҳияи Asia-Plus

Дар рӯзи шонздаҳуми ҷанг алайҳи Эрон, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико барои ташкили як эътилоф, барои ба гуфтаи худаш, “бозкушоии тангаи Ҳурмуз” талош кард, вале то ҳол самаре надодааст. Аммо Эрон мегӯяд, мудирияти ин гулӯгоҳро дар даст дорад. Дар ҳамин ҳол, рӯзҳои 15 ва 16-уми март ҳам ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ ба Исроилу зерсохтҳои Амрико дар минтақа идома доштааст. Муҳимтарин ҳаводиси ду рӯзи охир дар Ховари Миёнаро дар ин матлаби мо хонед.

 

Таҳдиди Доналд Тармп ба НАТО барои “бозкушоии тангаи Ҳурмуз”

Доналд Трамп рӯзи 16-уми март гуфт, ки кишварҳое, ки аз тангаи Ҳурмуз суд мебаранд, бояд ба “бозкушоӣ”-и он кумак кунанд ва ҳушдор додааст, ки агар дигар кишварҳо кумак накунанд, ин мавзуъ метавонад “барои ояндаи НАТО бисёр бад бошад”.

Ӯ дар суҳбат бо рӯзномаи “Financial Times” гуфтааст, ки Аврупо ва Чин “ба шиддат” ба нафте, ки аз Халиҷи Форс меояд, вобаста ҳастанд.

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки ӯ як рӯз пеш, аз Чин, Фаронса, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Бритониё хоста буд, барои бозкушоии тангаи Ҳурмуз талош кунанд. Ба навиштаи расонаҳо, Бритониё, Ҷопон ва Австралия ин пешниҳодро рад кардаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Тангаи Ҳурмуз

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон дар посух ба раисҷумҳури Амрико гуфтааст, ки “тангаи Ҳурмуз барои ҳама боз аст, ба ҷуз киштиҳои амрикоӣ ва муттаҳидонаш”.

Пас аз оғози ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон, Сипоҳи посдорон борҳо таъкид кард, мудирияти тангаи Ҳурмуз дар дасти Эрон аст ва иҷозаи убури ҳатто як литр нафтро ба Амрико ва муттаҳидонаш нахоҳад дод ва пештар чанд киштие, ки талоши гузаштан аз ин гулӯгоҳро карда буданд, мавриди ҳамла қарор гирифтанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон

Оҷонсии байналмилалии нерӯи ҳастаӣ низ, эълон кардааст, ки дар пайи маҳдуди шудани убури нафткашҳо аз тангаи Ҳурмуз, аз захираҳои изтирории аъзои созмон, 400 миллион бушка нафтро ба зудӣ вориди бозорҳои ҷаҳонӣ мекунад.

Вале ба назар мерасад, эълони ин иқдом ҳам дар нархи нафт таъсири чандоне надоштааст ва ҳанӯз ҳам арзиши нафт барои як баррел аз 100 доллар болост. Аз ҷумла, субҳи 16-уми март нархи як бушка нафти навъи “Брент” ба 106 доллар баробар будааст.

 

Ҳамла ба фурудгоҳ ва мактаб

Дар ҳамин ҳол, бомдоди имрӯз, 16-уми март ба шаҳрҳои Теҳрон, Караҷ ва вилояти Марказӣ ҳамлаи ҳавоӣ шудааст. Хабаргузории эронии “Меҳр” навиштааст, ки дар ҳамлаи имрӯз ба вилояти Марказӣ 5 нафар кушта ва 7 тан маҷрӯҳ гаштанд.

Расонаҳо менависанд, ки дар Теҳрон фурудгоҳи Меҳробод мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Амрикову Исроил ҳафтаи гузашта низ ба ин фурудгоҳ ҳамла карда буданд.

Ба навиштаи хабаргузории “Форс” бомдоди ҳамин рӯз, ҳамчунин ба як мактаби писарона ҳамла шудааст. Ҷузъиёти ин ҳамла маълум нест.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Теҳрон

Хабаргузории эронии “Меҳр” нисфирӯзии 16-уми март гузориш дод, ки дар пайи ҳамлаи имрӯз ба биноҳои маскунӣ чанд тан куштаву захмӣ гаштааст.

Зимнан, Комисари олии СММ оид ба паноҳандагӣ гуфтааст, бо вуҷуди густариши даргирӣ ва хисороти воридшуда дар Эрон, хуруҷи густурдаи мардум аз марзҳои ин кишвар сабт нашудааст.

Эрон низ давоми ду рӯзи гузашта аз чанд ҳамла, аз ҷумла ҳамлаи муштарак бо “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ба Исроил гузориш дод ва гуфт пойгоҳҳои низомиро ҳадаф гирифтааст.

Ҷузъиёт ва талафоти ин зарбаҳо маълум нест. Исроил сонсури шадиди низомӣ ҷорӣ кардааст ва аз талафоташ хабар намедиҳад.

Танҳо дар шабонарӯзи гузашта дар Исроил дар пайи ҳамлаҳои Эрон ва “Ҳизбуллоҳ” 142 нафар захмӣ шудааст. Дар умум аз оғози даргирӣ дар ин кишвар 3 ҳазор 369 нафар захмӣ шудааст.

 

Изҳороти Трамп ва чанд мақоми баландпояи Эрон

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Орзуи бунёди “Исроили бузург”, вале шикасти ногузир. Андешаи муовини пешини вазир ва дипломати тоҷик дар бораи ҷанг дар Эрон

Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп гуфтааст, ки Эрон хоҳони музокирот аст. Ӯ 15-уми март дар посух ба саволи рӯзноманигорон изҳор доштааст, ки “мо бо онҳо (манзур Эрон аст – АП) суҳбат мекунем, аммо фикр намекунам, ки ҳанӯз омода бошанд. Ҳарчанд хеле ба он наздик аст”.

Пас аз ин гуфтаҳо, Аббос Ароқчӣ гуфтааст, ки “Эрон дархости оташбас накарда ва дархости музокира ҳам надодааст”.

Раисҷумҳури Амрико инчунин гуфтааст, ки қимати нафт “ба маҳзи поёни ин даргирӣ коҳиш хоҳад ёфт ва ин ҷанг хеле зуд ба поён мерасад”.

Ӯ ба пурсиши он ки оё омодаи эълони пирӯзӣ бар Эрон аст, посух додааст, ки “далеле барои ин вуҷуд надорад” ва афзудааст, ки Иёлоти Муттаҳида хисороти зиёде ба Эрон расонидааст ва “агар ҳоло онҳоро раҳо кунем, бозсозии он барояшон 10 сол тӯл мекашад”.

Зимнан, ӯ наворҳои ҷамъомадҳо дар ҳимоят аз Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон, қаиқҳои минагузор ва ҳамлаҳо ба нови ҳавопаймобари "Abraham Lincoln"-и Амрикоро сохтаи ҳушвора (ҳуши маснуӣ) хондааст. Вале барои ин гуфтаҳои худ ҳеҷ далеле наовардааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Нови ҳавопаймобари "Ҷералд Форд"

Алӣ Лориҷонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон низ, рӯзи гузашта, 15-уми март дар саҳифаи “Х”-и навишт, ки дар “боқимондаҳои тими Эпштейн” дар ҳоли омодасозии тарҳи моҷарои монанд ба “11 сентябр” аст, ки мехоҳанд ба он Эронро муттаҳам созанд. 

“Эрон усулан бо чунин тарҳҳои террористӣ мухолиф аст ва ҷанге бо миллати Амрико надорад. Имрӯз бар асоси таҷовузи Амрико ва Исроил ба Эрон дар ҳоли дифоъ аст”, таъкид кардааст Лориҷонӣ.

 

Вазъ дар дигар кишварҳои Ховари Миёна

Дар зимн, кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс аз ҳамлаҳои бештаре дар шабонарӯзи гузашта хабар додаанд. Аз ҷумла Имороти Муттаҳидаи Араб гуфтааст, ки аз оғози даргириҳо беш аз ду ҳазор мушаку паҳпод ба ин кишвар партоб шудааст. Мақомоти ин кишвар мегӯянд, дар пайи суқути мушак дар Абу-Забӣ як фаластинӣ кушта шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Дур дар осмони Иморот

Инчунин, рӯзи 16-уми март ба фурудгоҳи Дубайи Иморот ҳамлаи паҳподӣ сурат гирифта, муваққатан парвозҳо тариқи он лағв гардид ва пас аз чанд соат қисме аз парвозҳояшро барқарор кард. Гуфта мешавад, ҳамла ба анбори нафти фурудгоҳ шуда буд. Минтақаи саноатии Фуҷайра низ мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

Арабистони Саудӣ гуфтааст, ки дишаб беш аз 60 паҳподро раҳгирӣ кардааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аз шарти Теҳрон барои убури нафткашҳо то идомаи ҳамлаҳо ба Эрон ва зарбаҳо ба Исроил. Ҷанг дар Эрон вориди рӯзи 12-ум шуд

Дар зимн, Сипоҳи посдорони Эрон гуфт, ҳамлаи бомдоди 15-уми март ба Риёз ва минтақаи Аш-Шарқия рабте ба Эрон надорад ва Арабистони Саудӣ бояд манбаи аслии ҳамлаҳоро кашф кунад.

Аббос Ароқчӣ ҳамон рӯз дар мусоҳиба бо як расонаи арабӣ гуфтааст, ки Амрико паҳподе шабеҳи паҳподи “Шоҳид”-и эронӣ сохтаанд ва аз он ба кишварҳои арабӣ ҳамла мекунанд.

“Эҳтимол дорад Исроил пушти ҳамлаҳо ба маконҳои ғайринизомӣ бошад дар кишварҳои арабӣ бошад, то равобити ин кишварҳо бо Эронро хароб кунад”, -гуфтааст Ароқчӣ.

Мақомоти Ироқ аз захмӣ шудани 5 нафар дар пайи ҳамла ба фурудгоҳи Бағдод хабар додаанд. Гуфта мешавад, ҳамла дар чанд нуқта сурат гирифта, захмиён як нафар муҳандис ва чор нафар кормандони амниятии фурудгоҳи Бағдод будаанд.

Ироқ, Кувайт ва Баҳрай низ аз ҳамлаҳои нав гузориш дода, Лубнон низ шоҳиди чанд ҳамла будааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Артиши Исроил дар ҳоли ҳамлаи заминӣ ба хоки Лубнон

Артиши Исроил эълон кардааст, ки ба Лубнон ҳамлаҳои заминиро ба “пойгоҳҳои “Ҳизбуллоҳ” шуруъ кардааст. Дар Лубнон теъдоди қурбониёни ҳамлаҳои Исроил афзоиш ёфта, ба 850 тан, аз ҷумла 107 кӯдак расида, 2 ҳазору 105 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Зимнан, Итолиё эълон кардааст, ки як пойгоҳи муштараки итолиёӣ-амрикоӣ дар дар Кувайт мавриди ҳамлаи паҳпод қарор гирифтааст. 

Имрӯз ҳабдаҳумин рӯзи ҷанги Амркиову Исроил алайҳи Эрон ва таниш дар Ховари Миёна ҷараён дорад ва поёни он ҳанӯз маълум нест…

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Набард ва пирӯзии Адолат. Чӣ тавр зани тоҷик девори қолаб шикаст ва ширкати худро сохт?

Садҳо ҳазор сомонӣ, хонаи зебо дар маркази Душанбе, мошини...