Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 марти соли 2026

asia+

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи Сино чорабиниҳои наврӯзӣ доир мегарданд.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1930 – Корхонаи пахтатозакунии Қӯрғонтеппа ба фаъолият оғоз кард.

Соли 1930 – Шумораи аввалини рӯзномаи “Роҳи колхозчӣ” (ҳоло “Ҳақиқати Суғд”) ба нашр расид.

Соли 2009 – Раисҷумҳури Тоҷикистон Қонун “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”-ро имзо кард.

Соли 2013 – Дар Душанбе ду духтари ноболиғ – хоҳарон Араловаҳо гум шуданд, ки бо вуҷуди ҷустуҷӯҳои зиёде ҳанӯз пайдо нашуданд.

Соли 2016 –  Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар Боғи ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бинои нави Кохи нави фарҳанг ба истифода дода шуд.

Соли 2019 – Осорхонаи асбобҳои мусиқии ба номи Гурминҷ Завқибеков барандаи ҷоизаи навтаъсиси Оқохон дар умури мусиқӣ гардид.

Соли 2020 – Бо супориши Эмомалӣ Раҳмон ситоди нав барои тақвияти чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ таъсис дода шуд, ки роҳбарии онро Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба уҳда дошт.

Соли 2021 – Роҳбари КДАМ Қирғизистон изҳор дошт, ки Қирғизистон ба Тоҷикистон ивази Ворухро бо қитъаи дигари замин пешниҳод кардааст.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1923 – Мавлуди Алиаскар Ҳилолиён, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик.

Фаъолияти адабиаш соли 1942 оғоз ёфта, нахустин асари калонҳаҷмаш повести «Ёддоштҳои як гурусна» (1945) мебошад. Аввалин маҷмўаи очеркҳояш “Аз Масчоҳи кўҳна ба нав” (1961, бо Ҳоҷӣ Содиқ) ба мавзўи аз худ кардани дашти Дилварзин, аз кўҳистони Масчоҳ ба водӣ кўчидани мардуми ин диёр оид аст.

Маҷмўаи ҳикояҳояш ба номи “Нозанин” (1964) ба табъ расидааст. Ҳилолиён Аскар ҳамроҳи Аминҷон Шукўҳӣ ҳикояи “Шаҳло”-ро (1964) навишт. Дертар ин асар баъди таҳриру такмил бо номи “Шаҳло ва Шифо” (1968) нашр шуд.

Асарҳои Ҳилолиён Аскар дар асоси маводи воқеии зиндагӣ, ҳуҷҷатҳои таърихӣ эҷод шуданд ва аксар симоҳо прототип доранд. Повести “Имзои шахсӣ” (1967, бо А. Шукўҳӣ), аз ҳаёт ва фаъолияти яке аз сарварони ҳаракати колхозӣ Саидхоҷа Ўрунхоҷаев (1901-67) ҳикоят мекунад. Дертар дар ин замина романи ҳуҷҷатии “Печутоби роҳҳо” (қ.1. 1977; қ.2. 1981) ба миён омад.

Соли 1989 дар маҷмўаи “Садои Шарқ” романаш “Ашки сари мижгон” чоп шуд.

Ӯ соли 1994 аз олам даргузаштааст.

Соли 1945 – Мавлуди Меҳмон Бахтӣ, нависанда, шоир ва драманависи тоҷик.

Меҳмон Бахтӣ

Меҳмон Бахтӣ аз насли дувуми шоирону адибони шӯравии тоҷик буд. Ӯ хатмкардаи риштаи забону адабиёти Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон буд. Солҳои зиёде дар телевизиони Тоҷикистон, “Тоҷиктелефилм” ва Театри Лоҳутӣ кор карда, муаллифи филмнома ва намоишномаҳои зиёде мебошад.

Меҳмон Бахтӣ пас аз Аскар Ҳаким дар соли 2003 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуд, ки то соли 2015 ин масъулиятро ба дӯш дошт.  Солҳои 1995-2000 вакили порлумон ва аз соли 2005 то 2010 узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон низ буд.

Қиссаҳои “Оҳи сабук”, “Хубон”, “Се соати даҳшатбор”, китоби шеърҳои “Пайғоми баҳор”, “Хаёли ширин” ва маҷмӯаи намоишномаҳои “Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ…”, “Оҳанги хаёл”-ро навиштааст.

Намоишномаҳои “Фирдавсӣ”, “Шоҳ Исмоили Сомонӣ” ва “Тилисми Сайҳун” (“Нангбардори Хуҷанд”) низ ҳосили заҳматҳои ӯст. Соли 1988 ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва соли 2014 медали адабии байнулмилалии ба номи Михаил Достоевскийро гирифтааст.

Меҳмон Бахтӣ 19 майи соли 2022 дар синни 81-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1947 – Мавлуди Худойқул Ҳамроқулов, яке аз бунёдгузорони мақомоти гумруки Тоҷикистон.

Ҳамчун афсари Кумитаи бехатарии давлатии (КБД) назди Шурои Вазирони ҶСШ Тоҷикистон, корманди ваколатдори РКБД-и вилояти вақти Кӯлоб дар ноҳияи Ленинград (Муъминобод), ёрдамчии сардор, муовини сардори РКБД дар вилояти Кӯлоб, муовини сардори РКБД дар вилояти вақти Қӯрғонтеппа, ёрдамчии сардори РКБД дар вилояти Хатлон, сардори Сарраёсати назорати гумрукии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии гумруки ҷумҳурӣ, муовини вазири амнияти ҷумҳурӣ, мудири шуъба оид ба таъминоти асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси шаҳри Душанбе фаъолият намудаст.

Ӯ рӯзи 6 августи соли 2024 даргузашт.

Соли 1950 – Зодрӯзи Норинисо Алимуҳаммедова, шоири тоҷик.

Китоби нахустини ӯ соли 1980 бо номи «Дунёи умед” аз чоп баромада, аз паси он соли 1983 “Оҳангҳои соҳил”-ро ба бор овард. “Гаҳвораи меҳр”, “Садоқат”, “Сию се ғазал”, “Ҳазору сад сатр” бахшида ба ҳазору сад солагии давлати Сомониён, “Ошёни меҳр”, “Лаҳзаи дидор”, «Дарёи муҳаббат” ва “Меҳвари андеша” – чунинанд номгӯи нопурраи маҷмӯаҳои шоира Норинисо. Соли 2013 ашъори мунтахаби ӯ зери унвони “Дар зери чархи гардун…” нашр гардид.

Норинисои Алимуҳаммад соли 2018 дар синни 68 аз олам чашм пӯшид.

Соли 1950 – Мавлуди Шералӣ Мӯсо, Нависандаи халқии Тоҷикистон.

Шералӣ Мӯсо

Шералӣ Мӯсо соли 1973 Институти политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси мошинсоз хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатии ӯ дар заводи “Тоҷикгидроагрегат” оғоз шуда, баъдан дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ фаъолият намудааст. Саҳми ӯро дар рушди саноат, аз ҷумла сохтмони НБО “Роғун” низ назаррас медонанд.

Дар баробари фаъолияти касбӣ, Шералӣ Мӯсоев ба адабиёт рӯ оварда, бо асарҳои иҷтимоӣ ва ҳаҷвиаш шинохта шуд.

Ӯ муаллифи беш аз 15 китоб, аз ҷумла “Қадр ва ҷазо” (1990), “Девонагии ихтиёрӣ” (1989) ва “Осоиш” (2003) мебошад. Зиёда аз 250 ҳикояи ҳаҷвиаш низ ба табъ расидаанд. Соли 2020 ӯ бо унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардид.

Соли 1952 – Зодрӯзи Неъматҷон Файзуллоев, адабиётшинос ва мунаққиди тоҷик.

Соли 1954 – Зодрӯзи Шаҳобиддини Ҳақназар, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик.

Шаҳобиддини Ҳақназар+

Шаҳобиддини Ҳақназар мусиқишиноси мумтоз, адиб ва рӯзноманигори варзида буда, муаллифи чандин китобҳо ва барномаю гуфторҳои ҷолиби радиоӣ аст.

Ӯ хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин буда, фаъолияти кории худро дар Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонӣ оғоз кардааст. Дар идораи гуфторҳои мусиқии радио дар вазифаҳои муҳаррири хурд, муҳаррир, ҷонишини сармуҳаррир ва сармуҳаррир фаъолият намудааст.

Шаҳобиддин Ҳақназар ҳам дар соҳаи рӯзноманигории радио ва телевизион ва ҳам дар бахши адабиёти бадеӣ осори назаррас эҷод кардааст.

Ӯ муаллифи гуфторҳои машҳури радиоӣ мебошад, ки аз нигоҳи мавзуъ ва услуби пешниҳод рангоранг буданд.

Соли 2008 гуфтори таҳиякардаи ӯ бо номи “Рӯдакӣ чанг бигрифту навохт” ба муносибати бузургдошти Рӯдакӣ,  дар ҷашнвораи байналмилалӣ дар шаҳри Исфаҳони Эрон дар миёни 54 давлат сазовори ҷойи аввал гардид.

Ӯ ҳамчунин нависандаи соҳибсалиқа буда, як қатор китобҳо мунташир кардааст. “Чаман”, “Найистони наво”, “Рӯ ба хуршед”, “Садои дили ромишгар”, “Сафинаи сафед”, “Замини муқаддас”, “Фаришта”, “Каҳкашони ёд”, “Шамъи хаёл”, “Анодил”, “Рози созҳо” аз ин қабиланд.

Гулрухсор Сафиева, Шоири халқии Тоҷикистон дар сарсухани китоби “Анодил”-и ӯ ба ҳунари нигорандагии муаллиф баҳои баланд дода, гуфтааст, ки ӯ “ҳамвора насрашро бо назм оро дода, арӯс мекунад”.

Соли 1956 – Мавлуди Хайрулло Асоев (Асозода), собиқ вазири нақлиёти Тоҷикистон.

Хайрулло Асозода

Хайрулло Асоев соли 1978 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ хатм намуда, соли 1988 таҳсилро дар Мактаби олии ҳизбии Тошкент бо ихтисоси ташкилотчии ҳизбӣ идома дод.

Фаъолияти касбиашро ҳамчун усто дар Раёсати сохтмони “Роғунгэсстрой” оғоз намуда, то соли 1990 дар вазифаҳои саркор, саркори калон ва котиби кумитаи ҳизбии сохтмон фаъолият кардааст.

Солҳои 1990-2004 дар вазифаҳои муҳандисию роҳбарикунанда дар ҳамин идора кор кард. Аз соли 2009 муовини якум буд ва соли 2010 Директори генералии ҶСК “Роғунгэсстрой” таъйин шуд.

Соли 2013 вазири нақлиёти кишвар таъйин гардид ва то соли 2015 дар ин мансаб кор кард. Ҳамзамон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шуд. Як давра, аз соли 2015 то 2020 вакили парлумон ҳам буд.

Соли 1965 – Мавлуди Ориёфар Толиби Сангинзода, рӯзноманигор, нависанда, яке аз муассисони нашриёти “Авасто”.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи байналмилалии ёдбуди қурбониёни ғуломдорӣ ва савдои трансатлантикии ғуломон мебошад. Ҳадафи ин рӯз нигоҳ доштани хотираи савдои инсонҳо ва ғуломдорӣ дар байни наслҳо ва фаҳмондани сабабу оқибатҳои он аст.

25 март инчунин Рӯзи байналмилалии ҳамраъйӣ бо кормандони боздоштшуда ва бедаракшуда мебошад.

Ин сана ба хотираи нопадидшавии рӯзноманигори СММ Алек Коллетт бахшида шудааст, ки соли 1985 дар Ховари Миёна рабуда шуд. Соли 2009 боқимондаҳои ӯ дар дараи Бекааи Лубнон ёфт шуданд.

журналисти рабудашуда Алек Коллетт

Имрӯз ҳамчунин Рӯзи кинои варзишӣ ҷашн гирифта мешавад.

25 марти соли 1896 Бад Гринспени амрикоӣ мусобиқаҳои Бозиҳои аввалини олимпиро ба навор гирифт. Соли 2002 ин рӯзро коргардони гурҷӣ Александр Жгенти ҳамчун Рӯзи кинои варзишӣ пешниҳод кард ва он аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ пазируфта шуд.

25 марти соли 1997 хазинаи маъруфи баҳрӣ дар соҳили Эквадор пайдо шуд.

Кашшофони ганҷҳо галеони испании “La Capitana”-ро, ки соли 1654 бо бори зиёди тилло ва нуқраи ғоратшуда ғарқ шуда буд, пайдо карданд. Бо вуҷуди кашфи тақрибан 20,000 тангаи нуқра, мутахассисон бовар доранд, ки ганҷҳои асосӣ ҳанӯз дар қаъри уқёнус боқӣ мондаанд.

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 20+25º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 9+14º гарм, дар водиҳо шабона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 22+27º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 18+23º гарм, дар водиҳо шабона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 7+12º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 20+25º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 12+17º гарм, дар водиҳо шабона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешвад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 11+16º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 18+20º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 0+5º гарм, дар ғарби вилоят шабона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9º гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17º сард, дар баъзе минтақаҳо то 5+7º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 21+23º гарм, шабона 10+12 гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 20+22º гарм, шабона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 25+27º гарм, шабона 12+14º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 12+14º гарм, шабона 3+5º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 25 ба 26-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Аз 1-уми апрел дар Русия Telegram масдуд мешавад. Муҳоҷирон чӣ гуна метавонанд бо пайвандонашон дар тамос бошанд?

Русия назорат аз болои шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар умум, интернетро рӯз аз рӯз пурзӯр мекунад ва ин барои муҳоҷирон, аз ҷумла онҳое, ки аз...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.

“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ

Агар умр вафо мекард, имрӯз Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон...

Раводид миёни Тоҷикистону Эрон бекор шуд. Равуои сайёҳон чӣ гуна афзоиш ёфт?

Аз лиҳози вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон, Эрон миёни 20 кишвари аввал мақоми 8-умро касб кард.

Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз

Бо дархости Тоҷикистон ва дигар кишварҳое, ки Наврӯзро ҷашн...

Муҳаммадбоқир Зулқадр ба ҷои Алии Лориҷонӣ дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон таъин шудааст

Муҳаммадбоқир Зулқадр аз фармондеҳони аршади собиқи Сипоҳи посдорони Эрон...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 52

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...