Аз имзои санадҳои наву оғози бунёди чанд коргоҳ то ифтитоҳи бинои нави сафорату ширкат дар барномаи “Шоми дӯстӣ”

asia+

Дар рӯзи якуми сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумури Тоҷикистон ба Ӯзбекистон як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ миёни ду кишвар ба имзо расида, ҳамчунин бо ширкати ду президент ба таври фосилавӣ як қатор иншоот ба истифода дода шуда, ба кори чанд лоиҳаи дигар дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оғоз бахшида шуд. Ифтитоҳи бинои нави сафорати Тоҷикистон дар Тошканд ва ширкат дар барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ” ҷузъи дигари рӯзи аввали сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар буд.

Баъди истиқболи Эмомалӣ Раҳмон аз сӯи Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ ва гузоштани гулчанбар дар назди муҷассамаи “Истиқлол ва башардӯстӣ”-и шаҳри Тошканд, музокироти сатҳии олии ду кишвар баргузор шуд. Тавре дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон менависад, Шавкат Мирзиёев баъди пазироии Эмомалӣ Раҳмон, изҳори бовар кардааст, ки сафари кунунии ӯ ба таҳким ва густариши шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии ду кишвари ҳамсоя такони нав мебахшад.

Акс аз сомонаи president.tj


Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ барои пазироӣ миннатдорӣ карда, ба раванди густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Узбекистон дар рӯҳияи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ баҳои баланд додааст.

Тоҷикистону Ӯзбекистон мехоҳанд ҳаҷми гардиши маҳсулотро ба 2 млрд доллар расонанд

Дар идома, нахустин нишасти Шурои олии байнидавлатӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб баргузор шудааст.

Дар ин ҳамоиш таъкид гардидааст, ки ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар ба 1 миллиард доллар наздик мешавад ва изҳори бовар карда шуд, ки то соли 2030 ин нишондод то ба 2 миллиард доллар расонда мешавад.

“Зикр гардид, ки ҳоло дар сарзамини Узбекистон 410 корхона бо сармояи соҳибкорони тоҷик ва дар Тоҷикистон 131 корхонаи муштараки Тоҷикистону Узбекистон фаъолият доранд. Ин омор нишонаи намоёни густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ миёни ду кишвари ҳамсоя номида шуд”, -навиштааст Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.

Ҳамчунин, манбаъ, аз номи Эмомалӣ Раҳмон навиштааст, ки “дар соли 2025 наздики 2 миллиону 800 ҳазор шаҳрванди мо ба Узбекистон ва беш аз 1 миллиону 100 ҳазор шаҳрванди кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон сафар намудаанд”.

Ҳамчунин, суръати баланди густариши робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои стратегӣ, чун энергетика, саноат, нақлиёт ва кишоварзӣ таъкид гардидааст.

Ба ғайр аз ин, ба дарёфти роҳҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардидааст. 

Таҳкими ҳамкорӣ миёни сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот ҳам аз мавзӯъҳои муҳими музокирот буд. Дар робита ба ин зарурати ҳамоҳангиҳои муштарак дар мубориза бо зуҳуроти терроризму ифротгароӣ,  ҷиноятҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ таъкид гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон зимни баррасии масоили минтақавию ҷаҳонӣ авзои атрофи минтақаи моро мураккаб номида, иброз доштааст, ки “барои вокуниши муассир ба хавфу таҳдидҳои умумӣ талошҳои муштараки минбаъда тақозо мегардад”.

Кадом санадҳо ба имзо расид?

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон, санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон менависад, ки нахуст, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев “Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи таъмиқи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ”-ро имзо карданд.

Акс аз сомонаи president.tj


Ҳамчунин, санадҳои зерин ба имзо расиданд:

– Барномаи зиёд намудани ҳаҷми гардиши мол то 2 миллиард доллари амрикоӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон то давраи соли 2030”;

– Барномаҳои ҳамкории саноатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон”;

– Нақшаи чорабиниҳо миёни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027;

– Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ миёни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи сайёҳии Ҷумҳурии Узбекистон барои солҳои 2026-2028;

– Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Узбекистон дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028;

– Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноати кӯҳӣ ва геологияи Ҷумҳурии Узбекистон дар соҳаи саноати кӯҳӣ ва технологияҳои нав барои солҳои 2026-2028;

– Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Узбекистон;

– Харитаи роҳ доир ба дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Узбекистон барои солҳои 2026-2028;

– Созишнома дар бораи ҳамкории илмӣ миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Узбекистон;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии рушди хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот миёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Узбекистон;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии рушди инноватсияи назди Вазорати маълумоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон;

– Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон оид ба таъсиси “Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Узбекистон” аз 10 июни соли 2021;

– Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон оид ба татбиқи мутақобилаи низомҳои электронии сертификаткунонии пайдоиши молҳо;

– Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва илми тиб;

– Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамоҳангсозии тақсимоти басомадҳои радиоӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, ки аз ҷониби хадамоти радиои заминии шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон истифода мешаванд;

– Созишномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Узбекистон оид ба истифодаи низоми иттилоотии  е – пермит (e-Permit);

– Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии таҳсилоти касбии назди Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ;

– Созишнома байни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи ҳамкорӣ.

Акс аз сомонаи president.tj

Дар нишасти матбуотие, ки баъди музокирот ва имзои санадҳои баргузор шуд, сарони ҳарду давлат, аз ҷумла, ба таъмиқи пайвастаи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонӣ, густариши ҳамкории бисёрҷанбаю робитаҳо дар сатҳҳои гуногун ва тақвияти заминаи қарордодию ҳуқуқии миёни ду кишвар баҳои баланд дода, зарурати татбиқи амалии имкониятҳои бузурги мавҷудаи рушдро таъкид намудаанд.

“Сарони ҳарду давлат бо назардошти мувофиқаҳои имрӯз ҳосилшуда ва имконоти мавҷудаи рушди ҳамкорӣ, аз ҷумла, изҳори бовар намуданд, ки ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Узбекистон ба 2 миллиард доллари амрикоӣ аллакай то соли 2028 расонда мешавад”, – навиштааст Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.

Кӯчаи “Душанбе” дар шаҳри Тошканд. Кадом иншоот ба истифода дода шуд?

Дар идомаи сафари Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, сарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имрӯз ба таври маҷозӣ дар оғози бунёд ва ифтитоҳи чанд иншоот дар ҳудуди ду кишвар ширкат кардаанд. Дар ин маросим дар умум ба татбиқи 12 тарҳ ва бунёди иншоот иҷозат дода шудааст, ки дар асоси яке аз ин лоиҳаҳо як кӯчаи Тошканди нав Душанбе номгузорӣ мешавад.

“Маблағи 7 иншооти дар Тоҷикистон бунёдшаванда 98 миллион доллари амрикоӣ ва 5 лоиҳаи дар Узбекистон амалишаванда 63,2 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад”, – гуфта мешавад дар хабари расмӣ.

Аксҳо аз сомонаи president.tj

Иншооте, ки қарор аст дар Тоҷикистон таъсиси ёбанд, аз васеъ кардани хатти истеҳсоли техникаи маишии “Артел”, сохтмони клиникаи тиббӣ бо номи “Шоҳ Мед” дар шаҳри Душанбе, таъсиси маҷмуаи нассоҷӣ, бунёди хатти муосири коркарди мева, истеҳсоли маҳлулҳои тиббӣ, оғози лоиҳаи истеҳсоли ҷиҳоз ва техникаи саноатӣ дар вилояти Суғд ҳастанд.

Иншооти муштараке, ки дар Ӯзбекистон сохтмони бархеи онҳо оғоз ва бархеи дигар мавриди истифода қарор гирифтаанд, аз лоиҳаи коркарди шир ва истеҳсоли маҳсулоти панирӣ, истеҳсоли афшураи шарбат, сохтмони маҷмааи муосири баландошёнаи истиқоматӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти хуриш иборатанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон соҳиби бинои нав шуд

Бинои нави сафорат бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дирӯз, 26-уми март дар шаҳри Тошканд ба истифода дода шуд. Сарони ду давлат, аз маҷмааи сафорат боздид карда, дар китоби меҳмонони олимақом бо орзуву ниятҳои нек ба хотири таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамсоягӣ миёни ду кишвар соядаст гузоштанд.

Бинои нави сафорати Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе соли 2024 дар доираи сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ифтитоҳ ёфта буд.

Дар поёни рӯзи аввали сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон, сарони ду давлат дар барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ”-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок кардаанд.

Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон навиштааст, ки “консерти тантанавии “Шоми дӯстӣ” бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ду кишвар, ки тараннумгари дӯстии мардумони Тоҷикистону Узбекистон мебошад, хушу хотирмон ҷараён гирифт”.

Аксҳо аз сомонаи president.tj

Ёдовар мешавем, ки субҳи дирӯз, 26-уми март Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон рафт ва ин сафар то 27-уми март идома меёбад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...