Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам ба рушди футболи миллӣ ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба равона шудааст.
Дар ин маросим, намояндагони Бонк, Федератсия, футболбозони тими миллӣ, инчунин рӯзноманигорон ва блогерон иштирок карданд.
Ҳамкорӣ ба рушди инфрасохтори муосири варзишӣ, дастгирии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои тамрин ва мусобиқаҳо нигаронида шудааст. Дар доираи шартнома, Бонк азнавсозии майдони №3-и Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявиро (Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи И. Сомонӣ 46) ба зимма гирифта, онро бо номи “ICB Арена” муаррифӣ мекунад.



