Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон аз буҷети давлатӣ ҷудо кардани қариб 14 млрд сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст.
Тавре ки аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар доданд, маблағи пешбинишуда дар муқоиса бо соли 2025 ба андозаи 25,4% ва нисбат ба як даҳсола пеш – 5,5 баробар зиёдтар мебошад.
- Соли 2025 хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 10 млрд 909 млн 496 ҳазор сомонӣ ё худ 6,6% аз ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ва 21,1% аз ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил дода буданд.
Соли 2025 маблағҳои буҷет равона шуда буданд ба:
- таҳсилоти умумӣ – 6 млрд 195 млн сомонӣ (афзоиш 35,6%)
- таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ – 576,2 млн сомонӣ (афзоиш 18,7%)
- таҳсилоти томактабӣ – 606,9 млн сомонӣ (афзоиш 21,9%)
- таҳсилоти олии касбӣ – 1 млрд 511 млн сомонӣ (афзоиш 22,1%)
дигар хароҷоти соҳа – 1 млрд 511 млн сомонӣ, ки 40% зиёдтар нисбат ба соли 2024 аст
Дар муқоиса бо соли 2024 маблағгузорӣ ба андозаи 2 млрд 677 млн сомонӣ зиёд шуд, ки ба 32,5% баробар аст Соли 2024 буҷети соҳаи маориф 8 млрд 231 млн 867 ҳазор сомониро ташкил дода буд.



