Дар Тоҷикистон аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад. Ҷашнвора имсол бо унвони “Фурӯғи маърифат” доир шуда, давоми ин рӯзҳо дар шаҳру навоҳии кишвар чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ бо иштироки адибон, олимон ва коршиносон ва намоишу фурӯши китоб ва дигар барномаҳо тарҳрезӣ шудаанд.
“Азия-Плюс” аз Китобхонаи бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар замону макони оғозу ҷамъбасти ҷашнвора ва чорабиниҳоеро, ки давоми “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон” доир мешаванд, маълум кард.
Ба иттилои манбаъ, ҷашнвора рӯзи 2-юми апрел дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар ифтитоҳ мешавад.
Аз соати 10:00 то 11:00 дар саҳни Китобхона намоиш ва фурӯши китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои тозанашр, аз ҷумла китоби “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, дастранҷи кўдакону наврасон доир шуда, кӯдакону наврасон бо адибон суҳбат ва порчаҳои шеърӣ қироат мекунанд. Ҳамчунин, намоишҳои театрии Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтак ва Сирки давлатӣ дар назар аст.
Соати 11:00-и ин рӯз бошад, дар толори дохили Китобхонаи бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар бо иштироки адибон ва намояндагони вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм ва Иттифоқи нависандагон ифтитоҳи расмии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон” сурат мегирад.
Кай ва дар куҷо дар доираи ҷашнвора барномаҳо доир мешаванд?
Ба иттилои Китобхонаи кӯдаконаи ба номи Мирсаид Миршакар, барномаи чорабиниҳои “Ҳафтаи китоби наврасону кӯдакон” дар шаҳру навоҳии кишвар чунин аст:
– Рӯзи 3-юми апрел, соати 10:00 дар шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав. Суроға: кўчаи Исмоили Сомонӣ; рақам барои тамос: 8315531003, 872757000;
– Рӯзи 3-юми апрел, соати 10:00 дар мактаби рақами 102-и ноҳияи Шоҳмансур. Кўчаи Дўстии халқҳо 80/1; рақам барои тамос: 987134433, 888222078;
– Рӯзи 3-юми апрел, соати 14:00 дар Китобхонаи марказии шаҳри Турсунзода. Суроға: кўчаи М. Турсунзода, 39; рақам барои тамос: 904043630, 313021330;
– Рӯзи 4-уми апрел, соати 10:00 дар китобхонаи филиали 10-и ноҳияи Варзоб. Суроға: ҷамоати деҳоти Деҳмалик; рақам барои тамос: 938600177, 83153521014;

– Рӯзи 4-уми апрел, соати 10:00 дар мактаби рақами 129-и ноҳияи Фирдавсӣ. Суроға: маҳаллаи Гулпарвар, рақам барои тамос: 919977200, 903038404;
– Рӯзи 6-уми апрел, соати 10:00 дар шуъбаи фарҳанги ноҳияи Файзобод. Суроға: кўчаи И. Сомонӣ 54; рақам барои тамос: 935313053, 935588981, 8313532281;
– Рӯзи 6-уми апрел, соати 10:00 дар мактаби рақами 44-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ. Суроға: хиёбони Рўдакӣ 170; рақам барои тамос: 918949467, 200806391;
– Рӯзи 6-уми апрел, соати 14:00 дар Қасри фарҳанги шаҳри Роғун. Суроға: шаҳри Роғун, кўчаи Истиқлол, 61; рақам барои тамос: 8313421639, 111104450;
– Рӯзи 7-уми апрел, соати 10:00 дар Китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор. Суроға: кўчаи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Ҳ. Назаров 1; рақам барои тамос: 8313926791, 073108484;
– Рӯзи 7-уми апрел, соати 10:00 дар Мактаб-интернати 1. Суроға: кўчаи Гипрозем 9; рақам барои тамос: 2312467, 918757528, 988630005;
– Рӯзи 8-уми апрел, соати 10:00 дар Китобхона-филиали рақами 31-и ноҳияи Рўдакӣ. Суроға: Ҷамоати деҳоти Эсанбой, деҳаи Марғзор; рақам барои тамос: 901811007, 005337171, 8313722362, 939235582
– Рӯзи 8-уми апрел, соати 10:00 дар Китобхонаи марказии шаҳри Ваҳдат. Суроға: кўчаи 20-солагии Истиқлолият; рақам барои тамос: 909009378, 907922932, 8313622192.
Бояд гуфт, интихоби мавзуъ озод буда, аз ҷониби созсондиҳандагон интихоб мешавад. Идораҳои маориф ва фарҳанги шаҳру навоҳӣ, идораи рӯзномаю маҷаллаҳои кӯдакона, нашрияҳои давлаттӣ ва хусусӣ, Филармонияи бачагонаи Тоҷикистон ва мактабҳои бачагонаи шаҳру навоҳии кишвар масъули баргузории чорабиниҳо дар доираи ҷашнвора мебошанд.
Барномаи ҷамъбастии ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” рӯзи 16-уми апрел дар назар аст. Чорабинии ҷамъбастӣ соати 10:00 дар Китобхонаи бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар доир мешавад.
Дар ин рӯз низ аз соати 9:00 то 10:00 дар саҳни ин китобхона намоиш ва фурӯши китобҳо ва барномаҳои рангини театрӣ баргузор шуда, соати 10:00 дар толори дохили китобхона барномаи фарҳангӣ бо унвони “Тараннуми китоб” барпо мешавад. Ҳамчунин, ба иттилои масъулин, дар ҷамъбасти ҷашнвора ба иштирокдорон ва созмондиҳандагони фаъол туҳфаҳо супорида мешавад.
Бояд гуфт, “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон” дар Тоҷикистон ҳамасола дар аввали моҳи апрел доир мешавад ва он барои дӯстдорони адабиёти кӯдакона имкон фароҳам меорад, ки бо осори охирини барои кӯдакон эҷодшуда шинос шуда, барои дидор бо адибон фурсат пайдо кунанд. Аммо бархе адибон имрӯз аз шеваи баргузории маҳфилҳои адабӣ ва вохӯрӣ бо адибон дар шаҳру навоҳии кишвар норизоӣ мекунанд. Аз ҷумла, соле пеш Азизи Азиз, нависандаи тоҷик, ки барои кӯдакон эҷод мекунад, ба ин нукта ишора карда, гуфта буд, “дар Тоҷикистон ҳафтаи китоби кӯдакон мешавад: рақс ҳаст, суруд ҳаст, аммо китоб нест”.
