Нархи сабикаҳои тиллои ченшудаи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) давоми моҳи март ба таври назаррас – ба ҳисоби миёна тақрибан ба андозаи 14% поин рафт. Бино ба маълумоти БМТ, агар рӯзи 28 феврал арзиши сабикаи 5-грамма 8132,52 сомониро ташкил медод, пас рӯзи 30 март он то 7003,24 сомонӣ поин рафт. Дар дигар категорияҳои вазн низ ба ин монанд ҷараён ба назар мерасад.
Ба ин тариқ, сабикаи вазнаш 10 грамм аз 16143,12 то 13884,56 сомонӣ, 20 грамм — аз 32152,81 то 27635,70 сомонӣ арзон шуд.
Сабикаҳои нисбатан вазнин низ поинравии ба ин монандро нишон доданд:
50-граммӣ — аз 80164,96 то 68872,19 сомонӣ,
100-граммӣ — аз 160254,77 то 137669,22 сомонӣ.
Ҳамин тариқ, сарфи назар аз вазн, тилло дар моҳи март ба ҳисоби миёна тақрибан ба андозаи 14% арзон шуд.
Поинравӣ на танҳо ба нархҳои фурӯш, балки арзиши бозпас харидани он низ таъсир расонид, ки на аз тағйирёбии шартҳои бонкӣ, балки ба сурати умум арзоншавии тилло гувоҳӣ медиҳад.
“Чунин ҷараён ба гумони ғолиб, ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ пас аз болоравии пешина марбут аст. Дар бозори дохилӣ ин маънои онро дорад, ки арзиши сабикаҳо мустақиман аз пайи тамоюлҳои ҷаҳонӣ равона аст”, – мегӯяд иқтисодчӣ Фаррух Набиев.
Ба гуфтаи ӯ, поинравии нарх метавонад барои сармоягузорон як ҳушдоре бошад: қисмате аз аҳолӣ вазъи кунуниро метавонад ҳамчун имкон барои харидани тилло бо нархи нисбатан арзон баррасӣ намояд.
“Маъмулан дар давраи бесуботӣ таваҷҷуҳ ба тилло зиёд мешавад. Агар нархҳо ба эътидол оянд ё ба болоравӣ оғоз кунанд, касоне, ки ҳозир мехаранд, метавонанд аз он фоида ба даст оранд”, – зикр мекунад иқтисодчӣ.

Акс аз Евгений Ткачёв.
Номбурда илова намуд, ки дар пасманзари поинравии нарх, таваҷҷуҳ ба харидории тилло метавонад зиёд шавад, бахусус миёни онҳое, ки онро ба сифати дороии муҳофизатӣ медонанд.
Ёдрас мекунем, ки сабикаҳои тиллои БМТ баъди гароншавии рекордӣ (ба андозаи 43%) дар соли пандемияи 2020, ду соли минбаъда каме арзон шуданд (4,1% дар соли 2021 ва 9% дар соли 2022). Соли 2023 нархи онҳо ба андозаи 21,5%, соли 2024 – 25,8% ва соли 2025 – қариб ба андозаи 40% боло рафт.
БМТ моҳи июни соли 2017 сабикаҳои тиллои ченшудаи поккоришударо ба муомилоти озод баровард. Ҳоло шаҳрвандон метавонад бидуни маҳдудият онро харанд.
Мутахассисони БМТ арзиши сабикаҳоро ҳамарӯза бар асоси нархҳои унсияи Труа (31,1034768 грамм)-и тилло аз рӯи натиҷаҳои фиксинг (сабти нарх)-и субҳи байнибонкӣ дар Лондон муайян ва муқаррар мекунанд.
Ҳамчунин, хароҷоти воқеӣ барои тайёр кардани сабикаҳои ченшудаи тилло, нақлиёт ва суғурта, инчунин боҷҳои содиротӣ ба назар гирифта мешаванд.
Барои истеҳсоли сабикаҳо аз тиллои дар кишвар истихроҷшуда истифода мешавад.
Таноқуз: дар пасманзари низоъ нархи тилло поин меравад
Март як моҳи камназире шуд, ки дар пасманзари буҳрони ҷиддии сиёсати ҷаҳонӣ (даргирӣ дар Ховари Миёна) тилло гарон нашуда, баръакс арзон шуд. Бино ба маълумоти хабаргузории РБК, аз оғози даргирҳо нархи тилло ҳудуди 14-20% поин рафт, ҳарчанд маъмулан дар чунин шароит он барои сармоягузорон “орому осуда” боқӣ мемонд.
Таҳлилгарон инро чунин шарҳ медиҳанд, ки сармоягузорон ба дигар дороиҳо, аз ҷумла доллар ва нафт рӯ оварданд. Тавре ки Reuters менависад, дар партави даргирӣ нархи нафт босуръат боло рафта, ба интизориҳо аз таваррум тақвият бахшид ва долларро қавӣ гардонид, ки таваҷҷуҳ ба ҷолибияти тиллоро коҳиш дод.

Сарфи назар аз поинравии нарх, коршиносони РБК бар ин назаранд, ки ба гумони ғолиб, ин тасҳеҳ аст, на гузаштан ба тамоюли дарозмуҳлат. Онҳо зикр мекунанд, ки пас аз расидан ба сатҳҳои ркордӣ, бозори тилло мунтазам ба тасҳеҳ гузашта, хавфҳои идомаи он баланд боқӣ мемонанд.
Омилҳои бунёдии дастгирии тилло дар ҳамин ҳол, боқӣ мемонанд.
Аз ҷумла, талаботи устувор аз ҷониби бонкҳои марказӣ яке аз муҳаррикҳои калидии бозор боқӣ монда, аз нишондиҳанджаҳои миёнаи таърихӣ баланд аст ва таваҷҷуҳи дарозмуҳлат ба ин фулузот (металл)-ро нигоҳ медорад.
Ғайр аз ин, бесуботии сиёсати ҷаҳонӣ ва нақши маъмулии тилло ҳамчун дороии муҳофизатӣ ба дастгирии таваҷҷуҳи сармоягузорон идома медиҳад, зеро дар давраи хавфҳои глобалӣ тилло ба сифати “ҷойи орому осуда” баррасӣ мешавад. Аммо дар дурнамои кӯтоҳмуҳлат бозор метавонад бесубот боқӣ монад: таҳлилгарон ба он ишора мекунанд, ки нархи тилло ба омилҳои ҷаллобӣ, сиёсати Хадамоти федералии захиравӣ (ФРС) ва ҷараёни қурби доллар ҳассос аст ва ин метавонад ба тағйирот ва тасҳеҳ боис гардад.
Сабабҳои асосии поинравии нархи тилло
Таҳлилгарони хабаргузории РБК поинравии нархи тиллоро ба як қатор омилҳо марбут медонанд.
- Пеш аз ҳама, ин ҷо сари тасҳеҳот баъди болоравӣ сухан меравад: қаблан нархи тилло ба сатҳҳои рекордӣ расида, поинравии ҳозира ҳамчун бозпасравии табиии бозор ба назар мерасад. Мустаҳкам шудани қурби доллар низ ба ин тамоюл таъсири назаррас расонид ва он маъмулан ҷолибияти тиллоро барои сармояузорон коҳиш медиҳад.
Дар пасманзари низоъ дар Ховари Миёна болоравии нархи нафт омили иловагӣ шуд. Ин ба интизориҳо аз таваррум тақвият бахшида, ба бозтақсими сармоягузориҳо ба нафъи дороиҳои энергетикӣ оварда расонид.
Ҳамчунин интизориҳо аз сиёсати пуливу қарзии ИМА низ ба бозор таъсир расонид, зеро даромаднокии баланд аз дороиҳо бо доллар тиллоро нисбатан камтар ҷолиб месозад.
Ва дар ниҳояти кор, коршиносон таъсири омилҳои ҳаннотӣ ва сабти фоидаҳоро пас аз болоравии нарх зикр мекунанд, ки коҳиши кӯтоҳмуҳлатро қавӣ гардонид.



