Додгоҳи Варзоб Бахтовар Сиддиқов, сармуҳосиби беморхонаи марказии ин ноҳияро, ки ба тасарруфи беш аз 1,1 млн сомонӣ аз буҷа гумонзад мешуд, ба 11 соли зиндон маҳкум кардааст. Ҳукми ӯ рӯзи 6-уми март содир шудааст.
Дар ин хусус як манбаъ аз Беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Оҷонсии зиддифасод дирӯз, 1-уми апрел хабар дод, ки номбурда дар солҳои 2022-2025 бо истифода аз мақомаш “маоши кормандони беморхона ва дигар пардохтҳоро барзиёд нишон дода” дар умум 1 миллиону 147 ҳазору 744 сомониро ба суратҳисоби худ гузаронида, тасарруф кардааст. Ин ниҳод гуфтааст, ки муттаҳам ҳамзамон бо роҳи нодуруст тартиб додани ҳисоботҳои сармуҳосибони чанд муассисаи давлатии ин ноҳия, 247 ҳазору 440 сомонии ин корхонаҳоро азхуд кардааст.
Аз додгоҳи ноҳияи Варзоб ба “Азия-Плюс” ҷузъиёти ҳукми Бахтовар Сиддиқовро ошкор накарда, танҳо гуфтанд, ҳукми ӯ 6-уми март содир шуда, ҳоло дар ҳабс аст. Ба гуфтаи ин ниҳод, то ҳол ҳукми ӯ қувваи қонунӣ пайдо накардааст.
Мақомот гуфтааст, Сиддиқов бо иттиҳоми азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, қаллобӣ, сохтакории хидматӣ (моддаҳои 245 қ.4 банди “б”, 247 қ.4 банди “б”, 323 ва 340 қ. 2 банди “а” КҶ) айбдор шудааст.
Намояндаи Беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб гуфт, ки Бахтовар Сиддиқов “маблағҳои тасарруфшударо ба буҷет барнагардонидааст”.
“Дар додгоҳ ба гуноҳи худ эътироф кард ва аз ҳукм шикоят надошт. Ин кори ӯ тахминан моҳи сентябри соли 2025 дар пайи як санҷиши мақомот ошкор шуд”, – гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол аз Оҷонсии зиддифасод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки қисме аз маблағҳои тасарруфшуда ба буҷет баргардонида шудааст, вале дақиқ шарҳ надоданд, ки чӣ миқдори онро рӯёнидаанд.
Назари худи Сиддиқов дар робита ба ин қазия маълум нест.
Бояд гуфт, ки фасодкорӣ ва қаллобӣ дар сохторҳои тандурустии Тоҷикистон амали нав набуда, зуд-зуд расонаӣ мешавад. Аз ҷумла, чанде қабл Фаррух Мақсудзода, сардори пешини Раёсати тандурустии вилояти Суғд, бо иттиҳоми гирифтани пора, се моҳ ҳабс ва бо пардохти 300 ҳазор сомонӣ ҷарима аз ҷавобгарӣ озод шуд.
Тибқи иттилои Оҷонсии зиддифасод дар соли 2025-ум 1 ҳазору 979 ҷинояти коррупсиониро нисбати 1 ҳазору 207 нафар ошкор кардаанд, ки дар натиҷаи он 819 парвандаи ҷиноӣ алайҳи 1 ҳазору 59 тан оғоз ва барои баррасӣ ба додгоҳҳо ирсол шудааст.

