Дар рӯзи 34-уми ҷанги Амрикову Исроил алайҳи Эрон ва даргиҳо дар Ховари Миёна, шаби гузашта ва рӯзи 2-юми апрел Ҷумҳурии Исломӣ шадидтарин ҳамлаҳои худро ба Исроил анҷом додааст. Доналд Трамп бори дигар гуфтааст, ки ҷанг ду ҳафта ва ё бештар давом мекунад, аммо дар зимн Эронро ба ҳамлаҳои “шадид” таҳдид кардааст. Ҷумҳурии Исломӣ низ дар посух ба ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба хокаш зарба ба пойгоҳҳои низомӣ ва зерсохтҳои амрикоӣ дар кишварҳои халиҷи Форсро идома медиҳад.
Муҳимтарин хабарҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.
Ҳамлаҳои шадид ба Исроил
Расонаҳои исроилӣ менависанд, ки ҳамлаҳои шаби 1-уми апрели Эрон “бузургтарин мавҷи ҳамлаҳои мушакӣ” аз оғози ҷанг ба самти Исроил буд.
Маҷид Мусавӣ, фармондеҳи ҳавофазоии Сипоҳи посдорони Эрон дар саҳифаи “Х”-и худ навишт, ки “бонги хатари пайдарпай ва ларзишҳо дар сарзаминҳои тангу торики паноҳгоҳҳо зери борони мушакҳои Эрон. Ин бахше аз ҳадяҳои Натаняҳу ба саҳюнистҳо ба ид буд”.

Акс аз Ройтерз
Бояд гуфт, Исроил аз оғози ҳамла ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ сонсури шадиди низомӣ ҷорӣ кардааст ва дарёфти иттилоъи воқеӣ аз ин кишвар душвор аст.
Дар ин баробар, Амрикову Исроил низ шабонарӯзи гузашта ба Эрон ҳамла кардаанд. Аз ҷумла, дар ҳамла ба як ҷазираи вилояти Ҳурмузгон 7 нафар захмӣ шудааст.
Ҳамчунин, хабаргузории эронии “Форс” менависад, ки рӯзи гузашта Муҳаммадалӣ Фатҳализода, фармондеҳи воҳиди “Фотеҳин”-и Эрон кушта шудааст. Ин расона дар бораи замон ва макони кушта шудани ӯ ҷузъиёт надодааст.
Дар ҳоле, ки ҳамлаҳои Эрон ба Исроил ва зерсохтҳои Амрико дар Ховари Миёна шадидтар мешавад, Доналд Трамп, шаби 1-уми апрел ба вақти маҳаллӣ, дар суханронии худ бори дигар Эронро таҳдид кард, ки Амрико метавонад, ба зерсохтҳои нафтӣ ва нерӯии Ҷумҳурии Исломӣ зарба занад.

Акс аз Ройтерз
Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида бори дигар гуфтаҳои худро такрор кардааст, ки “агар дар ин муддат тавофуқ сурат нагирад, мо ҳадафҳои асосиро барои задан дар мади назар дорем”.
Идомаи даргириҳо дар дигар кишварҳои Ховари Миёна
Рӯзи 2-юми апрел “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ба самти ҷануби Исроил ҳамлаи мушакӣ анҷом додааст. Расонаҳои исроилӣ менависанд, ки дар ин минтақа беш аз 30 мушак партоб шудааст. Ҷузъиёти бештари ин зарбаҳои маълум нест.
Хабаргузории давлатии Лубнон хабар медиҳад, ки дар пайи ҳамлаҳои Исроил ба минтақаҳои маскунӣ дар ин кишвар шабонарӯзи гузашта чанд тан кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд.

Акс аз АР
Дар шаҳри Абу-Забии Иморот суқути боқимондаи як мушаки раҳгиришуда боиси хисороти ҷузъӣ шудааст ва гуфта мешавад касе осеб надидааст.
Дар ҳамин ҳол, давоми рӯз Арабистони Саудӣ аз раҳгирии 4 паҳпод хабар додааст.
Бритониё гуфтааст, ки нерӯҳои дарёии кишвараш 10 паҳподро дар Ховари Миёна раҳгирӣ кардаанд. Ин кишвар чанд маротиба эълон карда буд, ки ба ин даргирӣ ҳамроҳ намешавад.
Дар зимн, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, дар пайи хабарҳо дар бораи иҷозаи вуруд надоштани эрониёни муқими ин кишвар, эълон кард, ки “эрониён ҷузъи ҷудоинопазир”-и ҷомеаи Иморот ҳастанд. Қаблан расонаҳо навишта буданд, ки пас аз ҳамлаи Эрон ба пойгоҳҳои низомӣ ва зерсохтҳои амрикоие, ки дар Иморот қарор доранд, ин кишвар иҷозаи иқомати дастикам 1200 эронии муқими кишварашро бекор кардааст.

