ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1930 – Дар Сталинобод (ҳоло Душанбе) корхонаи коркарди чӯб ба истеҳсоли маҳсулот оғоз кард.
Соли 1931 – Бойгонии марказии давлатии Тоҷикистон таъсис ёфт.
Соли 2007 – Заводи алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) ба Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати алюминии Тоҷикистон” табдил дода шуд.
Соли 2007 – Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои баргардонидани “Ганҷинаи Омударё” аз Осорхонаи Бритониё чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Ин ганҷина маҷмӯи тақрибан 170 ашёи тиллоӣ ва нуқрагӣ аз асрҳои IV ва V пеш аз милодро дар бар мегирад, ки дар асри XIX пайдо шуда, ҳоло дар Осорхонаи Бритониё нигоҳдорӣ мешаванд.
Соли 2014 – Дар шаҳри Қайроқум бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон Маркази ташхисӣ ва табобатии Закариёи Розӣ ифтитоҳ ёфт.
Соли 2019 – Дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон кастингҳои намоиши байналмилалии истеъдодҳо бо номи “Central Asia’s Got Talent” оғоз гардиданд. Дар натиҷаи ин озмун, Чоршанбе Аловатов, сарояндаи ҷавони тоҷик ғолиби асосии намоиш гардид ва ҷоизапулӣ ба маблағи 10 миллион тангаи қазоқӣ (муодили тақрибан 25,000 доллари ИМА) ба даст овард.
Соли 2020 – Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон хоҳиш карданд, ки ба раванди такмили Кодекси нави андоз шомил карда шаванд.
Соли 2022 – Дар доираи Солҳои рушди саноат дар Турсунзода коргоҳи истеҳсоли нони хушк ба истифода дода шуд.
Соли 2023 – Президенти Русия Владимир Путин қонуни бекор кардани ду созишномаро, ки таъминоти нафақавии хизматчиёни ҳарбии кишварҳои ИДМ-ро танзим мекарданд, имзо кард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1937 – Мавлуди Далер Почоҷонов, заминшинос, доктори илмҳои геология ва минералогия.
Соли 1940 – Зодрӯзи Темур Собиров, риёзидони тоҷик, доктори илмҳои физика ва математика.
Соли 1947 – Мавлуди Исҳоқ Гулкоров, ҳунарманд, доиранавози тоҷик.
Соли 1950 – Зодрӯзи Садриддин Ҳасанзода, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик.
Соли 1952 – Мавлуди Cултони Ҳамад, рӯзноманигор, нависанда, ва пажӯҳишгари сурудаҳои сарояндаи шинохтаи Шарқ Аҳмад Зоҳир.

Cултон Ҳамад фаъолияти кориашро ба ҳайси муаллими забони тоҷикӣ оғоз намуда, баъдан ба фаъолияти рӯзноманигорӣ пардохтааст.
Ӯ аз соли 1993 то 1997 мушовири сиёсии раиси Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик (ИНОТ) дар Афғонистон буд.
Моҳи декабри соли 1996 баъди мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар Хустдеҳ, ӯ дар ҳайати муштараки сиёсиву низомӣ, ки бо миёнҷигарии СММ барои татбиқи Созишнома ба манотиқи ҷангзада мерафт, ширкат дошт.
Солҳои баъд ӯ ба ҳайси тарҷумон ва хабарнигори гурӯҳи эҷодии ТВ-6-и Русия, ТВ-Чехия, маҷаллаи “Регард сур лест” («Нигоҳе ба Шарқ») -и Фаронса, бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” фаъолият намудааст.
Ӯ муассиси сомонаи мустақили ҷамъиятиву сиёсии “Рӯзгор” ва аз моҳи июни соли 2013 то августи соли 2014 сардабири ҳафтаномаи “Рӯзгор” буд.
Султони Ҳамад шоми 6 июни соли 2019 дар синни 68-солагӣ бар асари бемории саратони меъда, ки тайи 8 моҳи ахир аз он ранҷ мекашид, даргузашт.
Соли 1954 – Мавлуди Саттор Байзоев, риёзидони тоҷик, доктори илмҳои физикаю математика.
Соли 1961 – Зодрӯзи Қосими Бекмуҳаммад, рӯзноманигор ва коршиноси аршади масоили Афғонистон ва Эрон.
Соли 1961 – Мавлуди Саъдӣ Қаландар, овозхони тоҷик.
Саъдии Қаландар ҳамчун роҳбари ансамбли тарона ва рақси “Роҳат”-и Душанбе фаъолияташро оғоз намуда, баъдан мутриби Оркестри созҳои миллии Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, омӯзгори мактаби санъати н. Варзоб будааст. “Душанбе”, “Парӣ”, “Ту маро бад магӯ”, “Ёди бигзашта”, “Модар”, “Дил гиря мекунад” намунае аз сурудаҳояш ҳастанд.
Соли 1961 – Зодрӯзи Фатҳиддин Тешаев, овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Фатҳиддин Тешаев баъди хатми Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода дар Бохтар мудири хонаи маданият, роҳбари бадеии ансамбл, директори Мактаби бачагонаи мусиқӣ будааст. Тӯли фаъоляити ҳунарӣ беш аз 70 суруд офаридааст, ки “Орзу”, “Дил рафт зи тан берун”, “Ба ноз ба ноз”, “Фарёди ишқ”, “Лайливу Маҷнун”, “Булбули шӯрида”, “Дарди ишқ” аз беҳтарин намунаи таронаҳои ӯ мебошанд.
Соли 1963 – Мавлуди Акобир Мирзораҳимов, олим, доктори илмҳои биологӣ.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи ихтирои телефони мобилӣ аст. Соли 1973, муҳандиси амрикоӣ Мартин Купер аз ширкати Motorola аввалин занги мобилиро анҷом дод. Ӯ рақиби худ аз Bell Laboratories-ро занг зад ва гуфт, ки ӯ аз телефони воқеан мобилӣ истифода мекунад.
Телефони аввалин – Motorola DynaTAC 8000X тақрибан 1 кг вазн дошт ва андозааш 22×4×12 см буд. Дар он замон чунин дастгоҳ воқеан як мӯъҷиза ҳисоб мешуд.

3 апрели соли 1973 расман рӯзи қабули рамзи UPC (Universal Product Code) аст, ки онро мо имрӯз ҳамчун штрих-код мешиносем. Ин рамзро ширкати IBM таҳия ва пешниҳод кард.
Он барои аввалин бор имкони рақамии шиносоии молро дод, ки баъдан баҳисобгирии автоматикӣ дар фурӯшгоҳҳоро осон карда, назорати захираҳои анборро беҳтар намуд.
Аввалин бор штрих-код дар фурӯшгоҳ соли 1974 истифода шуд ва як бастаи резини ширини Wrigley’s бо он ба қайд гирифта шуд.

3 апрели соли 1933 аввалин ҷарроҳии пайвандкунии гурда дар таърих анҷом пазируфт. Ҷарроҳи украинӣ Юрий Вороной ин ҷарроҳиро анҷом дод.
Ӯ дар беморхонаи шаҳри Херсон гурдаи шахси фавтидаро ба як бемори 26-сола, ки аз заҳролудшавӣ бо сулема (хлориди симоб) ранҷ мебурд, пайванд кард. Гурда аз марди 60-солае гирифта шуда буд, ки бо сабаби осеби ҷиддии сар фавтида буд. Мутаассифона, бо сабаби номувофиқии гурӯҳҳои хун ва набудани доруҳои иммуносупрессивӣ дар он замон, узв рад карда шуд ва бемор пас аз 48 соат вафот кард.
Ин амалиёт, гарчанде муваффақ набуд, ҳамчун аввалин кӯшиши пайвандкунии узви инсон дар таърих сабт шудааст ва заминаи рушди минбаъдаи трансплантологияро гузошт.

3 апрел ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии шабнишинӣ (базм) (World Party Day) таҷлил мешавад. Ин иди ғайрирасмӣ аз романи “Flight: A Quantum Fiction Novel” (1995) аз нависандаи амрикоӣ Ванна Бонта сарчашма мегирад. Дар охири ин роман, 3 апрели соли 2000 як базми ҳамоҳангшудаи ҷаҳонӣ тасвир шудааст, ки ҳамаи инсониятро муттаҳид мекунад.
Соли 1996 аввалин Рӯзи ҷаҳонии шабнишинӣ баргузор шуд. Ҳадафи асосии ин рӯз ташвиқи зиндагии фаъол ва мусбат, инчунин ҷашн гирифтани ҳаёт ва ҳамбастагии инсонҳо мебошад.

ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ борон меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 19+24º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 10+15º гарм, дар водиҳо шабона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои абрнок, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 18+23º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 13+18º гарм, дар водиҳо шабона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 7+12º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои абрнок, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 16+21º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 13+18º гарм, дар водиҳо шабона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 17+22º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 6+11º гарм, дар ғарби вилоят шабона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, дар шарқи вилоят шабона 1-6º сард, дар баъзе минтақаҳо то 9-11º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои абрнок, асосан бебориш (0,0-0,5мм), гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат, рӯзона 17+19º гарм, шабона 12+14º гарм
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 22+24º гарм, шабона 14+16º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои абрнок, асосан бебориш (0,0-0,5мм), гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 19+21º гарм, шабона 12+14º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 18+20º гарм, шабона 9+11º гарм.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 3 ба 4-уми апрел ба ҳисоб гирифта шудааст.

