Дар сояи ҷанги беш аз як моҳа алайҳи Эрон, се мансабдори баландпояи амрикоӣ ба кори худ анҷом доданд. Рӯзи 2-юми апрел ду нафар – Додситони кулли Амрико Пэм Бонди ва Раиси Ситоди артиши заминии Амрико генерал Рэнди Ҷорҷ барканор шуданд. Пеш аз ин, 17-уми март, директори Маркази миллии мубориза бо терроризм Ҷо Кент бо истеъфои ошкор ва эътирозомез кори худро тарк карда буд.
Ҷанге, ки дар 48 соат тамом мешуд, беш аз як моҳ тӯл кашид
Рӯзи 28-уми феврал Амрико ва Исроил ба хоки Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамлаи таҷовузкорона анҷом доданд. Дар 12 соати аввал зиёда аз 900 зарба ба шаҳрҳои гуногуни Эрон расид. Раҳбари олии Эрон Алӣ Хоманаӣ ва даҳҳо мансабдори дигар дар ин зарбаҳо кушта шуданд.
Сарвари истихбороти Исроил Дэвид Барнеа гуфта буд, ки баъд аз чанд рӯзи зарбаҳо ва куштани роҳбарони Эрон, мардуми ин кишвар ба кӯча мебароянд, эътироз мекунанд ва худашон ҳукуматро иваз менамоянд. Ин нақшаро “тарҳи Венесуэла” меномиданд.
Аммо он татбиқ нашуд. Чанд ҳафта баъди оғози ҷанг таҳлилгарон ҳеҷ нишонаи ҷиддии шикаст дар низоми Эронро надиданд. Рӯзи 3-юми март Трамп гуфт, ки амалиёт барои “чор то панҷ ҳафта” пешбинӣ шудааст, аммо ҳадафҳои ҷанг дар тӯли ҳамон ҳафтаҳо борҳо тағйир ёфт: аз сарнагун кардани низом, то нест кардани барномаи ядроӣ, аз кушодани Тангии Ҳурмуз то ёриталабӣ аз кишварҳои НАТО ва Аврупо.
Се мансабдори ИМА барканор шуданд
Баъди 5 ҳафта мушкилоти зиёде сари Амрико омад ва дар ниҳоят дар пасманзари ин ҷанг то кунун се мансабдори калидии ИМА ба кори худ поён доданд.
Аз ҷумла, рӯзи 2-юми апрел генерал Рэнди Ҷорҷ, ки ҳамчун 41-умин раиси Ситоди артиши заминии Иёлоти Муттаҳида хидмат мекард, аз вазифааш барканор шуд. Ӯ як генерали пуртаҷрибаи дорои рутбаи “чорситора” буда, собиқаи тӯлонии хидмат дар қисмҳои гуногуни низомиро дорад.

Яке аз нуктаҳои ҷолиб дар зиндагиномаи касбии ӯ ин аст, ки вай тавонист дар мавҷи аввали барканориҳои оммавӣ дар моҳи феврали соли 2025, вақте вазири дифоъ Пит Хегсет бисёре аз генералони баландпояро аз кор ронд, мақоми худро ҳифз кунад.
Бино ба гузоришҳо, Пит Хегсет аз генерал Ҷорҷ талаб кардааст, ки “фавран” ба нафақа барояд. Сухангӯи Пентагон Шон Парнелл ин хабарро расман тасдиқ карда, изҳор дошт: “Генерал Ҷорҷ аз вазифаи 41-умин раиси Ситоди артиши замин фавран бознишаст мешавад”.
Бо вуҷуди ин, дар изҳороти расмӣ ягон сабаби мушаххаси ин тасмим зикр нашудааст.
Дар пайи ин таҳаввулот, муовини Ҷорҷ – генерал Ҷеймс Мингус низ пеш аз муҳлат ба нафақа рафт. Доналд Трамп аллакай номзадии генерал – лейтенант Кристофер ЛаНевро барои ишғоли ин мансаби калидӣ пешниҳод кардааст.
Мувофиқи гузориши NPR ва CBC News, барканории Ҷорҷ рӯзе рух дод, ки Трамп дар бораи ҷанги Эрон суханронӣ карда, дар он бурду бохти ҷангро гуфт. Баъди як рӯзи ин “натиҷагирӣ” раиси Ситоди артиши заминии Амрико ба нафақа гусел шуд.
Додситони кулли Амрико ҳам аз мансаб барканор шуд
Ғайр аз ин, рӯзи 2-юми апрел Пэм Бонди, Додситони кулли Амрико, ки яке аз чеҳраҳои калидии низоми ИМА ва дӯсти Трамп маҳсуб мешуд,аз вазифа барканор шуд.
Пэм Бонди пеш аз ин ду давра Додситони генералии иёлати Флорида буд. Ӯ дар нахустин муҳокимаи барканории Трамп ҳамчун вакили дифои шахсии ӯ баромад карда буд. Трамп ӯро дар охири соли 2024 ба унвани Додситони кулли Амрико пешниҳод кард ва Сенат онро тасдиқ намуд. Ӯ аз камтарин занҳое буд, ки ба ин вазифа расид.

Бонди дар тӯли кораш дар Додситонӣ тағйироти куллӣ анҷом дод. Аз ҷумла, дар ин “иқдом”-и худ ҳамаи додситонҳо ва муфаттишонеро, ки шӯриши рӯзи 6-уми январи соли 2021-ро тафтиш кардаву алаҳи Трамп парванда боз намуда буданд, аз кор ронд
Инчунин, Пэм Бонди ду бахши муҳими Вазорати адлияи Амрико – Бахши мубориза бо фасод ва Бахши ҳуқуқи маданиро зери қаноти худ гирифту чеҳраҳои дар парвандаи Трамп дастдоштаро бо роҳҳои гуногун аз маснад барканор кард.
Додситонии кулл зери роҳбарии Бонди алайҳи собиқ директори FBI (Бюрои федералии тафтишот) Ҷеймс Кими ва Додситони генералии иёлати Ню-Йорк Летисия Ҷеймс парвандаҳои ҷиноятӣ кушод, аммо додрасҳо ҳарду парвандаро рад карданд, зеро додситоне, ки ин парвандаҳоро боз карда буд, “дастнишондаи Пэм Бонди” гуфта мешуд.
Бонди чаро барканор шуд?
Бонди дуюмин узви кабинети Трамп буд, ки рӯзи 2-юми апрел дар ин давра аз вазифа барканор шуд. Трамп дар паёми “Truth Social” навишт, ки Бонди “ватандӯсти бузурги Амрико” аст ва ба кори хусусӣ мегузарад, аммо ягон сабаби расмӣ зикр накард.
Ба навиштаи расонаҳо, барканории Додситони кулли Амрико агар аз як сӯ ба пурра таҳқиқ нашудани парвандаи Ҷеффри Эпштейн рабт дошт, аз сӯйи дигар хостаҳои Трампро пиёда карда натавонист.
Таҳлилгарон, ғайр аз ин ду, инчунин, гуфтаанд, ки барканории Бонди ба ҷанги зидди Эрон ҳам рабт дошт. Ба навиштаи Washington Examiner, Трамп дар як ҳафтаи пур аз танқид дар бораи ҷанги Эрон мехост аз мансабдоре, ки “сарлавҳаҳои манфӣ” тавлид мекард, халос шавад. Яъне, барканории Бонди як паёми рӯшан ба дохил ва берун буд: “дар ин рӯзҳои ҷангӣ суст ва нокофӣ кор карданро намебахшам”.
Мувофиқи гузориши CNN, Трамп мегӯяд, Бонди душманони сиёсии ӯро ба андозаи кофӣ таъқиб накардааст, ки далели он парвандаҳои Ҷеймс Кими ва Летисия Ҷеймс ҳастанд.
Ҳоло Тодд Бланш, ки қаблан вакили дифои Трамп буд, муваққатан Додситони кулли Амрико шудааст.
Ҷо Кент – ягона мансабдори ошкоро эътирозкардаи Амрико
Аз ин пештар Ҷозеф Кент, раиси Маркази миллии мубориза бо терроризми Амрико дар эътироз ба ҷанги Иёлоти Муттаҳида алайҳи Эрон аз мақоми худ истеъфо дод.

Ӯ то кунун ягона мансабдори баландпояи Иёлоти Муттаҳида аст, ки ба таври ошкоро эътироз карда, истеъфо дод. Кент рӯзи 17-уми март, дар саҳифаи “Х”-аш навишт, ки “ман наметавонам бо виҷдони ором аз ҷанги кунунӣ бо Эрон пуштибонӣ кунам”.
“Эрон барои кишвари мо ҳеҷ таҳдиди фаврие эҷод накарда буд. Маълум аст, ки мо ин ҷангро аз сабаби фишори Исроил ва лоббии пурқудрати амрикоии он оғоз кардем”, – гуфт ӯ.
Номбурда дар идома аз собиқаи “11 маротиба ба майдонҳои ҷанг” фиристода шудани худ ва кушта шудани ҳамсараш Шеннон Кент дар ҷанге, ки онро Ҷозеф Кент “сохтаи дасти Исроил” номидааст, ёдрас шуда, гуфт, ки “наметавонам аз фиристодани насли оянда барои ҷангидан ва мурдан дар ҷанге, ки барои мардуми Амрико ҳеҷ суде надорад ва шарҳе барои арзиши ҷони амрикоиҳоро тавҷеҳ намекунад, пуштибонӣ кунам”.
Ҳамсари Ҷозеф Кент мутахассиси рамзнигорӣ дар Нерӯҳои дарёии Амрико буд ва соли 2019 дар ҷанг зидди ДОИШ дар як ҳамлаи интиҳорӣ дар шаҳри Манбиҷи Сурия кушта шуд. Ба навиштаи расонаҳо, ин ҳамларо ДОИШ ҳамон сол бар уҳда гирифтааст.
Мувофиқи гузориши Defense One, Кент ба ҳамтоёни худ дар ҷунбиши MAGA низ муроҷиат кард ва гуфт, ки ин ҷанг бар хилофи ваъдаҳои Трамп аст.
Ҷо Кент ҳоло 45 сол дорад ва моҳи феврали соли 2025 раиси Маркази миллии мубориза бо терроризми Амрико таъин шуда буд.
Агарчи қурбонии сангин дод, вале нашикаст
Дар тарафи дигари ин ҷанг, Эрон низ роҳбарони зиёдеро аз даст дод. Раҳбари олӣ Алӣ Хоманаӣ, вазири мудофиа Азиз Насирзода, фармондеҳи Сипоҳи посдорон Муҳаммад Покпур, котиби Шӯрои мудофиа Алӣ Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ Алӣ Лориҷонӣ, вазири иттилоот Исмоил Хатиб ва чанд мансабдори баландпояи дигар кушта шуданд. Аммо низоми он ҳанӯз пойбарҷост.
Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад? Дар ин маводи мо маълумоти муфассал дарёбед.


