Додгоҳи вилояти Суғд як сокини шаҳри Кӯлобро барои содир кардани чанд ҷиноят, аз ҷумла, муомилоти беш аз 100 кг маводи мухаддир гунаҳкор дониста, 23 сол равонаи зиндон кардааст. Аз ӯ Имомуддин Исломзодаи 56-сола ном бурда мешавад.
Акбар Шарифӣ, сухангӯи пулиси Суғд дар як барномаи телевизионӣ гуфтааст, ки додгоҳ Исломзодаро бо 5 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, аз ҷумла муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқ ва сохтакории далелҳо айбдор кардааст..
“Имомуддин Исломзода барои “муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ” (моддаи 200 қисми 4 бандҳои “в” “д”), қочоқ (моддаи 289, қисми 3), ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Тоҷикистон (моддаи 335, иловаи 1 қисми 2 бандҳои “г” “д”), ғайриқонунӣ дасггир ё ҳабс намудан (моддаи 358 қисми 3) ва сохтакории далелҳо (359 қисми 3 бандҳои “а” “б”) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуд”, – гуфта мешавад дар гузориш.
Ҷузъиёти дигари қазия маълум нест.
Назари маҳкумшуда ва назикону вккили дифяш низ датсрас нест. Ҳамчунин, дар гузориш гуфта нашудааст, ки Исломзода кай боздошт шуд, ҳукми додгоҳ нисбати ӯ кай содир шуд ва номбурда мушаххас ба кадом кирдор даст задааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар кишвар даҳҳо нафар бо ҷурми нашъаҷаллобӣ боздошту зиндонӣ мешаванд. Аз ҷумла, моҳи гузашта мақомоти амнияти Тоҷикистон ду аъзои гурӯҳи нашъаҷаллобро дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин боздошт карда, аз онҳо 58 кг маводи мухаддири навъи ҳашиш, афюн ва героин мусодира кардаанд. Маводи мухаддирро қочоқбарони афғонистонӣ тавассути сарҳади давлатӣ ба Тоҷикистон ворид кардаанд.
Тибқи иттилои Оҷонсии зиддинашъаи Тоҷикистон, соли гузашта мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ, 5 тоннаву 280 килограмм маводи нашъадорро мусодира кардаанд, ки нисбат ба соли 2024-ум 898 килограму 835 грам (21%) зиёд аст. Аз ин, 2 тоннаву 742 килограмаш (соли 2024 – 1 тоннаву 824 кг) аз сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дарёфт шудааст.
Ҳамзамон, соли 2025 дар Тоҷикистон барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир фаъолияти 44 гурӯҳи ҷиноӣ (соли 2024 – 32 гурӯҳ) дар ҳайати 88 нафар ошкор ва қатъ шудааст. Дар ин давра 132 парвандаи ҷиноии марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир нисбати 180 нафар баррасӣ ва ба додгоҳҳо ирсол кардааст.


