Аз оғози соли равон гирифтани иҷозатномаи истифодаи шишаҳои сиёҳу хира дар мошин тариқи онлайн имконпазир шуд. Пештар ин иҷозатномаро аз шуъбаҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) тариқи ҳузурӣ гирифтан мумкин буд.
Дар ин бора аз Агентии инноватсия ва технологияҳои нави Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ки ронандаҳо ин иҷозатномаро тавассути Пойгоҳи ягонаи хидматрасониҳои давлатӣ – “ekhizmat.tj” метавонанд ба даст оранд. Ин пойгоҳ чӣ гуна кор мекунад ва барои ба даст овардани иҷозатнома чӣ бояд кард? Дар ин матлаб шарҳ додем.
Ҳоло иҷозатномаро чӣ гуна ба даст овардан мумкин аст?
Пас аз тағйироти нав, иҷозатномаи сиёҳшишаро танҳо онлайн тавассути Пойгоҳи ягонаи хидматрасониҳои давлатӣ – ekhizmat.tj ба даст овардан мумкин аст. Барои ин дар пойгоҳ сабтином ва аз раванди айнитякунонӣ гузашта, хидматрасонии лозимаро интихоб, маълумоти шахсиро ворид ва пардохт кардан лозим аст.

Иҷозатномаро ҳузурӣ ҳам гирифтан мумкин аст?
Не. Аз оғози сол иҷозатнома ро танҳо онлайн тариқи пойгоҳи ekhizmat.tj гирифтан мумкин аст. Ҳоло чунин иҷозатнома дар шуъбаҳои БДА дода намешавад.
Чӣ гуна метавон дар Пойгоҳ сабтином кард?
Барои дастрасӣ ба Пойгоҳ аз ду марҳилаи сабтином ва айнияткунонӣ (идентификатсия) гузаштан лозим аст:
- – Айнияткунонӣ дар Маркази хидматрасониҳои давлатӣ
- – Сабтином дар замимаи IMZO
Барои тасдиқи шахсият ва кушодани ҳуҷраи инфиродӣ дар пойгоҳ шуморо лозим аст, ба Маркази хидматрасониҳои давлатӣ, ки дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 47А ҷойгир аст, омада, худро ба қайд гиред.

Барои айнияткунонӣ танҳо шиносномаи асл ва рақами телефон лозим аст. Раванди айнияткунонӣ ҳамагӣ 5-10 дақиқа вақт мегирад. Акнун, барои воридшавӣ ба Пойгоҳи ягонаи хидматрасониҳои давлатӣ замимаи IMZO-ро дар Google Play ё App Store боргирӣ ва худро сабтином кунед.
Муҳим! Рақами телефоне, ки ҳангоми айнияткунонӣ дар Марказ зикр шудааст, бояд бо рақами телефоне, ки ҳангоми бақайдгирӣ ва воридшавӣ ба замимаи IMZO истифода шудааст, мувофиқат кунад.
Пас аз ин, ба Пойгоҳ (khizmat.ehukumat.tj) ворид шуда, тугмаи “воридшавӣ тариқи IMZO” -ро пахш ва рақами телефон ва рамзи яккаратаи тариқи паёмак омадаро ишора кунед.
Иҷозатномаи сиёҳшишаро дар Пойгоҳ чӣ гуна гирифтан мумкин аст?
Пас аз сабтиномшавӣ ба утоқи шахсии худ ворид шуда, дар бахши хидматрасониҳо “Иҷозатнома барои истифодаи воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳ”-ро интихоб кунед.
Нусхаи аризаи дар равзана пайдошударо пур кунед. Пас аз ворид кардани маълумот дар бораи автомобил, низом ба таври худкор арзиши гирифтани иҷозатномаро ҳисоб ва натиҷаашро пешниҳод мекунад. Маблағи онро метавонед дар худи пойгоҳ онлайн пардохт кунед.
Иҷозатнома давоми чанд дақиқа омода ва ба шумо ирсол мегардад. Дар ҳолати зарурӣ метавонед нусхаи электронии онро пешниҳод кунед.

Иҷозатномаи сиёҳшишаро бидуни сабтином дар Пойгоҳ гирифтан мумкин аст?
Бале. Иҷозатномаи сиёҳшишаро бидуни сабтином дар ekhizmat.tj низ гирифтан мумкин аст. Барои ин ҳангоми воридшавӣ ба сомона “вуруди меҳмонӣ”-ро интихоб кунед.
Дар ин ҳолат, ба шумо зарур аст рақами телефонатонро ишора ва рамзи яккаратаи тариқи паёмак ирсолшударо ворид кунед ва аз хидматрасонӣ ба таври дар боло зикршуда истифода баред.
Бояд гуфт, иҷозатномаи сиёҳшиша ягона хидматрасониест, ки метавон бидуни сабтиноми пурра дар низом ба даст овард.
Арзиши иҷозатнома чӣ қадар аст?
Арзиши иҷозатнома аз соли барориш ва навъи мошин аст. Арзиши дақиқро низом пас аз ворид кардани маълумоти мошин ба таври худкор ҳисоб мекунад.

Иҷозатномаро дар чанд дақиқа гирифтан мумкин аст?
Ба иттилои Агентӣ, иҷозатномаро метавон ҳамагӣ дар як дақиқа ба даст овард.
Иҷозатномаи қаблан аз БДА додашуда ҳам амал мекунад?
Бале, то анҷоми муҳлат амал мекунад. Пас аз анҷоми муҳлат иҷозатномаи навро алакай онлайн гирифтан мумкин аст.


