ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Имрӯз дар тамоми муассисаҳои табобатии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ташхиси ройгон роҳандозӣ мегардад. Шаҳрвандон метавонанд давоми рӯз дар муассисаҳои тиббии маҳалли худ ташхису муоина ва машварати ройгон гиранд. Ин иқдом дар доираи “Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” ва “Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ” сурат мегирад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1978 – Ноҳияи Қубодиён ташкил ёфт.
Соли 2008 – Дар назди бинои Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ҳайкали Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода гузошта шуд.
Соли 2009 – Додгоҳи олии Тоҷикистон Суҳроб Лангариевро, ки як гурӯҳи қочоқбари маводди мухаддири фаромарзиро раҳбарӣ мекард, ба ҳабси абад маҳкум кард.
Соли 2010 – Сарбозони мусаллаҳи марзбони Қирғизистон ба сокинони деҳаи Ворух ҳамла карданд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1909 – Зодрӯзи Тоҳир Тоҷибоев, ҳунарпешаи театру синамо ва коргардони тоҷик.

Тоҳир Тоҷибоев яке аз асосгузорони театри назди шӯъбаи маорифи халқи Хуҷанд (баъдтар дар асоси он театри касбӣ ташкил ёфтааст) ба шумор меравад. Ӯ соли 1930 фаъолиятро дар ин театр оғоз намудааст. Сипас солҳои 1945-1955 ба театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ омад ва инҷо чун ҳунарпешаи бомаҳорат ном баровард.
Баъдтар солҳои 1955-1970 дар Театри драмаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини Ленинобод (ҳозира Суғд) кор кардааст.
Ӯ дар саҳнаҳои театри кишвар як қатор наққшҳои муассир офаридааст, аз ҷумла нақши Тоҳир дар “Тоҳир ва Зӯҳро”, Неъмат дар “Ҳалима” аз ин қабиланд. Ҳамчун коргардон пйесаҳои “Нурхон”, “Лайлӣ ва Маҷнун”, “Иродаи зан” ва дигар осори драматургони советиро ба саҳна гузоштааст.
Соли 1937 – Зодрӯзи Файзӣ Зикриёев, муаррихи тоҷик, доктори илмҳои таърих.
Соли 1946 – Мавлуди Хушбахт Абдуназаров, муаррих, доктори илми таърих, профессор
Соли 1974 – Самад Ғанӣ, рӯзноманигор, нависанда ва тарҷумони тоҷик дар 65-солагӣ даргузашт.

Самад Ғанӣ хатмкардаи Дорулмуаллимини Самарқанд ва курси ходимони молияи Тошканд буда, таҳсилашро дар мактаби ҳизбӣ ва курси рӯзноманигорони назди Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ идома дод. Фаъолияти эҷодию журналистии ӯ аз солҳои 1930 оғоз ёфт. Дар давраи фаъолияташ муҳаррири як қатор нашрияҳои муҳими ҷумҳурӣ, аз ҷумла рӯзномаи “Тоҷикистони Сурх” ва моҳномаи ҳаҷвии “Хорпуштак” буд.
Номбурда на танҳо рӯзноманигор, балки нависандаи тавоно ва драматурги шинохта низ маҳсуб меёбад. Ӯ муаллифи як силсила асарҳои саҳнавӣ ва ҳаҷвист, ки дар байни онҳо драмаҳои “Ғалаба”, “Ватандӯстон”, “Тӯй” ва “Виҷдон” ҷойгоҳи махсус доранд. Бисёре аз ин асарҳо дар театрҳои Тоҷикистон ба саҳна гузошта шудаанд.
Самад Ғанӣ ҳамзамон тарҷумони асарҳои муаллифони маъруфи хориҷӣ низ буд. Дар жанри ҳаҷв низ ӯ мавқеи хос дошт. Китобҳои ҳаҷвии ӯ, ба мисли “Гули хандон”, “Мавҷи шӯх” ва “Арвоҳ” дар ҷомеа маъруф буданд.
Соли 1975 – Мавлуди Низомиддин Муродӣ, адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ.
Соли 2013 – Пайванди Гулмуродзода, муҳаққиқи варзидаи публисистика ва устоди факултети журналистикаи ДМТ дар 56-солагӣ даргузашт.

Пайванди Гулмуродзода, пажӯҳишгар, публитсист ва рӯзноманигори варзидаи тоҷик буда, дар охири асри гузашта ва аввали асри нав бо таҳқиқоти илмиву публистистиаш дар илму адаб нақши мондагор гузошт ва ба қавли ҳампешагонаш, дар рушди худшиносии миллӣ ва ҳувиятсозии тоҷикон ҳам саҳми боризи худро гузошт.
Ӯ баъди хатми факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар саридораи ахбори радиои Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ба сифати муҳаррир кор кард ва аз соли 1980 то охири умр ба ҳайси аспирант, муаллими калон, дотсент, докторант дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дошт.
Аз соли 1992 то соли 1996 муовини декани факултети журналистика ва солҳои 1996-2001, 2005-2006 декани факултети журналистикаи ДМТ буд.
Пайванди Гулмуродзода муҳаққиқи варзидаи публитсистикаи ибтидои садаи 20-и тоҷик мебошад. Дар пажӯҳишҳояш масъалаҳои мактабу маориф, фарҳангу адаб, худшиносиву худогоҳии миллӣ ҷойгоҳи хоса доранд. Вай муаллифи зиёда аз 110 мақолаи илмӣ, 220 очерку мақолаҳои публисистӣ, чандин дастуру воситаҳои таълимӣ аст.
Дар бораи Пайванди худшинос, пажӯҳишгар, ходими илм ва муҳаққиқи матбуот дар ин пайванд маълумоти бештар пайдо мекунед.
Соли 2021 – Рамзия Баққол, раққоса ва балетмейстери тоҷик дар синни 94 даргузашт.

Рамзия Баққол (Баккал), яке аз симоҳои санъати рақси тоҷик буда, ҳаёти худро пурра ба хореография бахшидааст. Фаъолияти ӯ соли 1947 дар Театри драмаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Ленинобод оғоз ёфта, қариб 50 сол ҳамчун раққоси балет дар ҳамин театр кор кардааст.
Нақши Рамзия Баққол дар рушди хореографияи тоҷик назаррас аст. Сюитаи чорқисмаи “Зарбҳои диёри офтобӣ” ва рақсҳои мондагори “Ҷигарпора”, “Занг”, “Нағорабазм”, “Танавор” аз беҳтарин намунаҳои эҷодиёти ӯ мебошанд. Вай инчунин дар намоишнгомаҳои маъруф, аз ҷумла “Оршин мол-олон”, “Дилором”, “Рамояна”, “Фаввораи Боғчасарой” рақс иҷро кардааст.
Рамзия Баққол 7-уми апрели соли 2021 дар синни 94 даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ аст. Маҳз дар ин рӯз, 7 апрели соли 1948 Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ таъсис ёфтааст.
Ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳонӣ ба масоили муҳими тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи мушкилоти саломатиро таъкид мекунад. Ҳар сол СУТ барои рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ шиори хосеро интихоб мекунад.

Дар Тоҷикистон низ бахшида ба ин рӯз ҳамасола рӯзи муоинаи ройгон ташкил мешавад.
Имрӯз Рӯзи пайдоиши Рунет (RuNet) аст. Соли 1994 домени .ru барои Русия сабт ва ба пойгоҳи ҷаҳонии доменҳои миллӣ ворид гардид. Русия ба таври расмӣ ҳамчун кишвари намоянда дар интернет пазируфта шуд. То соли 2020 шумораи корбарони Рунет ба 118 миллион нафар расид. Ҳамчунин домени кириллии .рф низ ворид гардидааст.

ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 5+10º гарм, дар водиҳо шабона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 10+15º гарм, дар водиҳо шабона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 6+11º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 14+19º гарм, дар водиҳо шабона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 13+18º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 21+23º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 5+10º гарм, дар ғарби вилоят шабона 6+11º гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-7º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 17+19º гарм, шабона 10+12º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 15+17º гарм, шабона 10+12º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 14+16º гарм, шабона 12+14º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 15+17º гарм, шабона 7+9º гарм.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 7 ба 8-уми апрел ба ҳисоб гирифта шудааст.


