Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки дар шаҳри Улан-Батои Муғулистон ҷараён дорад, муштзанони Тоҷикистон ба ду нишон ё медали биринҷӣ гирифта, як узви дастаи Тоҷикистон ба даври ниҳоии рақобатҳо роҳ ёфт.
Аз ҷумла, Мижгона Самадова, узви даста дар вазни 57 кг медали биринҷӣ ба даст овард. Дар даври чаҳорякниҳоӣ ӯ бар намояндаи дастаи мизбон (Муғулистон) Номин Эрдене Тугжарал дастболо шуда, дар даври ниманиҳоӣ аз Пунрави Руэнрос, варзишгари Тайиланд шикаст хӯрд ва ба медали биринҷиро соҳиб шуд.
Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ин нишон барои Мижгона дуюм даст. Бори нахуст, ӯ соли 2021 дар Дубай ба ин комёбӣ ноил гардида буд.

Федератсияи бокси Тоҷикистон
Мусобиқоти қаҳрамонии қораи Осиё дар Муғулистон таҳти сарпарастии “World Boxing” зиёда аз 230 варзишгарро аз 26 кишвари гирдиҳам овардааст.
Ба ҷуз Мижгона Самадова, намояндагони дигари тими Тоҷикистон, Некрӯз Салимов (80 кг) ва Парвиз Каримов (90 кг) низ ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфта, Салимов нишони биринҷӣ ба даст овард, ки аввалин медали ин муштзани тоҷик дар мусобиқоти ин қаҳрамонӣ маҳсуб меёбад.

Дар вазни 90 кг Парвиз Каримов дар рақобат бо намояндаи Ҳиндустон Харш Чоудхари дастболо шуда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар даври ниҳоӣ, рӯзи 10 -уми апрел ӯ бо намояндаи Ӯзбекистон Ҳалимҷон Мамасолиев барои дарёфти медали тилло рақобат мекунад.

Барои худи Каримов ин аллакай имкони дуюм барои ғолиб омадан дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё аст. Соли 2024 дар Тайиланд ӯ медали нуқраи ин мусобиқотро ба даст оварда буд. Акнун имкон дорад, ки боз як қадам пеш гузошта, ба дарёфти унвони қаҳрамони Осиё даст ёбад.


