Гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо ваъдаи адои ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ рафта буданд, бо сабаби қалбакӣ будани ҳуҷҷатҳояшон сарсон шуда, аз Кумитаи дин ва Сафорати Тоҷикистон хостаанд, ки онҳоро ба Ватан баргардонанд. Дар ин бора Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим бо нашри як изҳорот хабар дод.
Ба навиштаи ин ниҳод, онҳо бо фиреби нафарони алоҳида, ки мехостанд манфиати молӣ ба даст оранд, ба ҳаҷ рафтаанд ва “ин афрод бо таҳияи бейҷикҳои тақаллубӣ зоиронро бовар кунонидаанд, ки гӯё барои адои маросими ҳаҷ ба онҳо кумак мекунанд. Аммо дар асл, ин ҳуҷҷатҳо ҳеҷ гуна қувваи ҳуқуқӣ надошта, будубоши қонунии шаҳрвандонро дар мавсими ҳаҷ кафолат дода наметавонанд”.
Ба қавли манбаъ, ҳоло ин гурӯҳи шаҳрвандон дар ҳолати душвор қарор дошта, аз Кумитаи дин ва Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ дархост кардаанд, ки барои баргаштан ба Ватан кумак расонанд.
Кумита таъкид кардааст, ки муҳлати барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо барои мавсими ҳаҷҷи фарзии имсола кайҳо ба анҷом расида, пас аз ин муҳлат ҳеҷ як ширкати сайёҳӣ ё шахси миёнарав имкони таҳияи асноди заруриро надорад.
Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ба ваъдаҳои бардурӯғ бовар накунанд ва дар ҳолати рӯбарӯ шудан бо чунин ҳолат, ба телефони боварии Кумита – 221 83 58 муроҷиат кунанд.

Ин ниҳод мушаххас дар бораи афроде, ки ин гурӯҳи тоҷикистониҳоро ба Арабистон бурдаанд, маълумот надодааст ва ҳамин тариқ, маълум нест, ки онҳо барои ин кор боздошт ва ё муҷозот шудаанд ё не.
Ин бори аввал нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон фирефтаи ваъдаҳои ширкатҳои хусусӣ ё миёнаравҳо мешаванд. Дар солҳои пеш низ ҳолатҳое ба қайд гирифта шуда буданд, ки зоирон бо ҳуҷҷатҳои нодуруст то марзи Арабистони Саудӣ рафта, вале аз ҷониби пулиси ин кишвар боздошт ва ба Ватан баргардонида шуданд.
Қаблан ҳам Кумитаи дин аз шаҳрвандон хоста буд, ки танҳо бо роҳҳои расмӣ ба сафари ҳаҷҷи фарзӣ раванд. Мақомот борҳо ҳушдор додаанд, ки истифода аз раводидҳои (виза) сайёҳӣ, корӣ ё дигар навъи ҳуҷҷатҳо барои адои маросими ҳаҷҷи фарзӣ тибқи қонунҳои Арабистони Саудӣ манъ аст ва боиси ҷаримаву ихроҷи зоирон мегардад.
Нархи сафари ҳаҷҷи фарзӣ тариқи квотаи расмӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2026-ум 53 ҳазор сомонӣ, яъне наздики 4 ҳазор сомонӣ арзонтар нисбат ба соли гузашта муайян шудааст.
Бо тағйирот дар ҳаҷ дар ин матлаби мо маълумоти комил дарёбед: “Тағйироти ҳатмӣ дар Ҳаҷ – 2026. Барномаи “Нусук” чист ва он чӣ имкониятҳо дорад?”.
Ёдрас мешавем, ки ҳар сол ҳазорон нафар аз Тоҷикистон тавассути квотаҳои расмӣ ба зиёрати хонаи Худо мераванд ва тамоми раванди сафари онҳо зери назорати мақомот қарор дорад.


