Волидайн аз “пӯшонидани тоқӣ” ба фарзандашон шикоят доранд, масъулин мегӯянд, “ихтиёрӣ” аст

Ин баҳс аз соли пеш идома дорад.

Шаҳноз Ализода, asia+

Чанд волидайни хонандагони мактаб дар Душанбе мегӯянд, ба фарзандонашон дастур шудааст, бо тоқӣ ба дарс ҳозир шаванд. Ба қавли онҳо, ин тартиб аз оғози фасли баҳор ҷорӣ шуда, иҷрои он ҳатмӣ будааст. Мудири яке аз ин  мактабҳо мегӯяд, “ин тавсия барои ба тартиб даровардани зоҳири бархеи онҳо дода шудааст”. Вазорати маориф ва илм низ таъкид мекунад, ки гузоштани тоқӣ барои духтарон дар мактабҳои  кишвар “тавсия аст”.

Хабарнигори “Азия-Плюс” чанд рӯз пеш дар назди даромадгоҳи мактаби №66 дар ноҳияи Синои пойтахт саҳнаи хариди тоқӣ аз сӯйи хонандагон ва роҳбарони синфи онҳоро мушоҳида кард.

“Бе тоқӣ намегузоранд ба дарс дароянд”

Савдогаре, ки дар рӯ ба рӯи ин мактаб дӯкон дорад, гуфт, бо назардошти талаботи хонандагон тоқӣ оварда, ба фурӯш гузоштааст. Нархи як тоқӣ 35 сомонӣ будаааст. Аз суҳбати хонандагон шунида мешуд, ки бидуни тоқӣ онҳоро ба мактаб роҳ намедиҳанд.

“Бе тоқӣ ба мактаб роҳ намедиҳанд. Онҳо маҷбуранд то дари мактаб дар ҷувздон тоқӣ баранду баъд ба сар монда, вориди мактаб шаванд”, – гуфт модари яке аз хонандагон.

Дар назди фурӯшанда чанд роҳбари синф ҳам буданд, ки барои хариди тоқӣ ба талабаҳояшон талош доштанд ва мегуфтанд, ки “аз пушти онҳое, ки тоқӣ надоранд, гап мешунавем”. Аз кӣ гап мешунаванд, нагуфтанд.

Ду хонандаи мактаб, ки тоқӣ мехариданд
Акс аз муаллиф

Мушоҳида нишон дод, ки баъзе хонандагон дар даромадгоҳи мактаб ба сар тоқӣ гузошта, пасон вориди муассиса мешуданд. Бархе низ бидуни тоқӣ аз роҳи дигар ба мактаб мерафтанд.

“Гап сари тоқӣ нест, мушкил дар он аст, ки пӯшидани он маҷбурӣ аст. Тоқӣ гузоштан ё нагузоштан кори ҳар хонанда аст ва ба таҳсил рабт надорад”, – мегӯяд модари хонандаи дигар.

“Гуфтем зоҳири духтаронро ба тартиб орем”

Зулфия Солиҳова, мудири мактаби №66 рӯзи 10-уми апрел ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар арафаи ҷашни Наврӯз ба духтарон тавсия додаанд, то сару вазъи худро ба тартиб оварда, муяшонро бофта, тоқӣ гузоранд.

Номбурда афзуд ин тадбир “дар пайи шикояти падару модари хонандагон аз либоспӯшӣ ва ороиши мӯйи духтаронашон гирифта шуд”.

“Мӯйи сарашонро ҳар хел ранг карданд, бо муйҳои боз меомаданд, баъд тавсия додем, ки тоқӣ гузоранд. Вале ин ихтиёрӣ аст. Аксари волидон мегӯянд, либоспӯшии фарзандашонро назорат кунем”,- гуфт Солиҳова.

Модари ду хонандаи мактаби №90, ки дар як кӯдакистони давлатӣ ба ҳайси мураббӣ кор мекунад гуфт, дар ин муассиса низ супориш шудааст, то духтарон бо тоқӣ ба дарс раванд.

“Муйяшонро дуто бофта, ба дарс раванд, хуб аст. Ҳар рӯз гузоштани тоқӣ хуб нест, вале дар ҷашну идҳо, зеби дигар дорад”, – иброз дошт ӯ.

Шаҳноза Восидова, мудири мактаби №90 ба “Азия-Плюс” гуфт, “духтаронро барои пӯшидани тоқӣ ҳеҷ кас маҷбур намекунад”.

“Як ду нафаре, ки тоқӣ доранд, бо хоҳиши худ, агар ҳаво гарм бошад онро мегузоранд. Ягон бор барои гузоштани тоқӣ духтаронро маҷбур накардем”,-гуфт номбурда.

Дар назди даромадгоҳи ин мактаб, тавре мушоҳида кардем, воқеан теъдоде аз хонандагон бе тоқӣ вориди мактаб мешуданд.

Пеш аз вуруд ба мактаб, духтарҳо ба сар тоқӣ мегузоранд
Акс аз муаллиф

Вазорати маориф: Гузоштани тоқӣ танҳо тавсия аст

Аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки гузоштани тоқӣ барои духтарон дар мактабҳои кишвар ҳатмӣ нест ва танҳо тавсия аст.

“Гузоштани тоқӣ дар муассисаҳои таълимӣ дастури ҳатмии Вазорати маориф ва илм нест. Дар Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ гузоштани тоқӣ танҳо тавсия шудааст. Директор ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ҳуқуқ надоранд, ки хонандагони мактабро барои гузоштани тоқӣ маҷбур кунанд”,-гуфтанд аз ин ниҳод.   

Намояндаи ин ниҳод гуфт, шикояти хонандагонро дар робита ба ин масъала баррасӣ мекунанд.

Бояд гуфт соли гузашта низ падару модарон аз маҷбур кардани духтарон, ки бо тоқӣ ба мактаб биёянд,  шикоят карда буданд. Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки дар мактаби №66 духтаронро бидуни тоқӣ роҳ намедиҳад.

Қаблан Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, меъёри либоси тавсиявӣ барои писарон ва духтарони мактабҳоро нашр карда буд.

Тибқи ин меъёр, пӯшидани ҳиҷоб, шими ҷинси танг ва дарида, пешдоманҳои кӯтоҳ ва танг, инчунин зиёда аз як гӯшвора дар як гӯш ва ороиши равшан ба духтарони мактабхон манъ аст. Ба мактаббачагон пӯшидани либоси варзишӣ бо шиорҳои таблиғотӣ ё тасвири рамзҳои кишварҳои дигар низ манъ аст.

Бастани рӯймолҳои миллӣ ва гузоштани тоқӣ иҷоза иҷозат дода мешавад.

Тибқи қонун “Дар бораи маориф” риояи пӯшидани либосҳои дахлдори муассисаи таълимӣ аз ҷониби хонандагон бояд таъмин ва назорат карда шавад.

Пештар низ волидайни хонандагон шикоят карда буданд, ки дар бархе мактабҳо аз онҳо талаб мекунанд, ки кӯдаконашон бо ҷузвдон ва пойафзоли якхела ба мактаб биёянд. Вазорати маорифи кишвар дар вокуниш ба ин шикоятҳо гуфта буд, ки ин ҳама ихтиёрӣ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.