Соли сипаригашта ширкати «Барқи тоҷик» ба хориҷи кишвар каме бештар аз 1 млр. кВт/соат нерӯи барқ содирот кард

0



           

Душанбе 31-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли сипаригашта ширкати «Барқи тоҷик» ба хориҷи кишвар каме бештар аз 1 млр. кВт/соат нерӯи барқ содирот кардааст, ки он ба Ӯзбекистон – 899; Қирғизистон – 72,6; Афғонистон – 45; Қазоқистон – 21,1 ва ҶСК «Помир-энержи» – 12,5 млн. кВт/соат рост меояд.





           

Тибқи маълумоти ширкат, дар мавсими тирамоҳу зимистон дар маҷмӯъ ба Тоҷикистон 3 млрд. 25 млн. кВт/соат нерӯи барқ ворид карда шудааст, ки он ба Туркманистон – 1 млрд. 203 млн.; Ӯзбекистон – 600,4 млн.; Қирғизистон – 91,8 млн.; Қазоқистон – 21,1 млн. ва НБО-и Сантӯда-1 – 1 млрд. 106 млн. кВт/соат рост меояд.




           

Ширкати «Барқи тоҷик» дар давраи фаъолияти истеҳсолиаш дар соли 2008 дар ҳаҷми 14,8 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол кардааст, ки нисбат ба соли 2007 ба миқдори 2 млрд. 600 млн. кВт/соат камтар мебошад.


Реклама на asia+

Дар Тоҷикистон бензин боз қиммат шуд

0




           

Душанбе. 31-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар муддати як моҳи ахир дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ арзиши бензин ба андозаи 17 дарсад боло рафт. Агар аввали моҳи январ арзиши як литр бензини навъи АИ-95 ба 2,40 сомонӣ (0,65 $) баробар буд, феълан нархи он ба 2,80 сомонӣ расидааст.





           

Дар нишасти хабарӣ вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғулом Бобозода изҳор дошт, ки болоравии арзиши бензин ба коҳиши қурби асъори миллӣ нисбати доллари амрикоӣ (7 дарсад) вобаста аст, зеро муносиботи тиҷоратӣ бо ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯзишворӣ ба ҷумҳурӣ асосан тариқи доллари амрикоӣ сурат мегирад. «Ғайр аз ин, миқдори таъминоти ҷумҳурӣ бо бензин, ки дар як моҳ ба 20 ҳазор тонна баробар аст, моҳи январ то 12 ҳазор тонна камтар шудааст», – гуфт ӯ.




           

Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ мегӯяд, иллати дигар дар он аст, ки ба муносибати таҷлили соли нави масеҳӣ қариб ду ҳафтаи аввали соли равон дар Русия рӯзҳои истироҳат эълон шуда буданд ва табиист, ки содироти маводи сӯзишворӣ дар ин давра нисбатан камтар шудааст ва ин бешак, ба воридшавии маводи сӯзишворӣ ба кишвари мо низ бетаъсир намонд, зеро 90 дарсади маводи сӯзишвориро Тоҷикистон аз Русия ворид месозад.




           

Ғ.Бобозода таъкид сохт, ки ба чунин вазъ ҳамчунин болоравии тарофаҳо ба газ низ асар гузошт, зеро бинобар болоравии нархи гази табиӣ аксари ронандагон ба истифодаи бензин рӯ оварданд.




           

Ба гуфтаи вазир, айни замон ҷиҳати омӯзиши бозори дохилии маводи сӯзишворӣ вазорат гурӯҳи кории махсус таъсис додааст. «Мо ба ширкати фаръии «Газпром» – ҶС «Зарубежнефтегаз», ки аз ҳаҷми умумӣ беш аз 35 дарсади маводи сӯзишвориро ба Тоҷикистон ворид месозад, пешниҳод кардем, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ нуқтаҳои фурӯши хусусии худро боз намояд, ки чунин иқдом низ бояд ба коҳиши арзиши бензин муосидат кунад», – афзуд Ғ.Бобозода.


Реклама на asia+

Миёни сарони кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон сӯҳбати телефонӣ баргузор шуд

0


Душанбе. 31-уми январ – Байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай сӯҳбати телефонӣ баргузор гардид.




Нахуст мавзӯъоти густариш ва рушди минбаъдаи равобити байни Тоҷикистну Афғонистон дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасии сарварони ду кишвари дӯст қарор гирифт. Зимнан сӯҳбат оиди масоили обу барқ ва истифодаи пулҳои байни ду мамлакат идома ёфт ва ҳангоми он тағйироту таҳаввулоти ахири дар арсаи минтақавӣ суратгирифта низ баррасӣ шуд.



Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пуштибонии кишвари худро аз сиёсати дар ин мавзӯъ пешгирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт.



Ҷонибҳо мавзӯъҳои ҳамкориҳои амниятиву низомӣ, мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосирро низ ба тафсил баррасӣ намуданд ва дар вақтҳои наздик баргузор намудани мулоқоти раҳбарони ниҳодҳои қудратиро мувофиқи мақсад донистанд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

Э.Раҳмон ва намояндаи Бонки ҷаҳонӣ масоили ҳамкории гуногунҷанбаи дуҷонибаро баррасӣ карданд

0


Душанбе. 31-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон Директори нави Бонки умуми


ҷ


аҳон


ӣ


оид ба кишварҳои Осиёи Марказ


ӣ


Моту Кониширо ба ҳузур пазируфт.




Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногун


ҷ


анба бо Бонки умуми


ҷ


аҳон


ӣ


ва дастгирии рушди и


ҷ


тимоию иқтисодии То


ҷ


икистон баррас


ӣ


шуд.



Зикр гардид, ки айни ҳол дар То


ҷ


икистон бо дастгирии молиявии Бонки умуми


ҷ


аҳон


ӣ


12 лоиҳа бо маблағи умумии 173 миллион доллари амрико


ӣ


татбиқ мегардад, ки 85 миллиони он грант ё худ к


ӯ


маки бебозгашт аст.



Моту Кониши изҳор дошт, ки барои


ӯ


аз То


ҷ


икистон оғоз намудани сафараш ба кишварҳои Осиёи Марказ


ӣ


басо муҳим аст.


Ӯ


ба чораҳои зиддиб


ӯ


ҳронии Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон баҳои мусб


ӣ


дода, изҳор намуд: «Бонки умуми


ҷ


аҳон


ӣ


дар ҳамкор


ӣ


бо сохторҳои дахлдори кишвар к


ӯ


шиши зиёд ба хар


ҷ


медиҳад то

 

таъсири манфии б


ӯ


ҳрони


ҷ


аҳонии молияв


ӣ


дар ин


ҷ


о ба ҳадди камтарин расонда шавад».



Ӯ


ҳамчунин таъкид намуд, ки Бонки умуми


ҷ


аҳон


ӣ


дастгирии ҳама


ҷ


онибаи худро баҳри истифода аз имкону захираҳои фаровони рушди иқтисодиёти То


ҷ


икистон афзун менамояд.



Дастгир


ӣ


аз рушди гидроэнергетика бо назардошти аҳамияти минтақавии он, аз


ҷ


умла барои барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон ва таъмини ниёзҳои энергетикии Покистон самти афзалиятноки ҳамкории

 

То


ҷ


икистону Бонки умуми


ҷ


аҳон


ӣ


маънидод гардид.



Ҳамкор


ӣ


дар соҳаи кишоварз


ӣ


низ, аз


ҷ


умла барои дастгирии бахши пахтакор


ӣ


самти муҳимми ҳамкор


ӣ


маънидод гардид.



Зимни с


ӯ


ҳбати пурм


ӯ


ҳтаво


ҷ


онибҳо омодаг


ӣ


ва ҳавасмандии қавии худро баҳри густариши ҳамкориҳо таъкид намуданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

Президенти Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар нишастҳои СААД ва ЕврАзЭС озими Маскав мешавад

0


Душанбе. 31-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 4-уми феврал дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар шаҳри Маскав иштирок хоҳад кард.




Тавре робари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, худи ҳамон рӯз Э.Раҳмон инчунин дар ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар сатҳи сарони кишварҳои аъзо низ ширкат хоҳад варзид.



Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё масъалаҳои таъсиси Фонди зиддибӯҳронӣ ва Маркази технологияи муосир дар чаҳорчӯбаи иттиҳод мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Ба иттиҳоди иқтисодии Авруосиё кишварҳои Русия, Белорус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон шомил мебошанд. Соли гузашта Ӯзбекистон аз узвият ба ин иттиҳод даст кашид.




 

Реклама на asia+

Ғ.Бобозода: Сарфи назар аз бӯҳрони молӣ, бандҳои марбут ба пардохтҳои иҷтимоӣ ва маоши буҷа тағйир нахоҳанд ёфт

0



           

Душанбе. 31-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки ҳарчанд вазъи иҷрои буҷаи соли 2009 душвориҳо пеш орад ҳам, ҳукумати ҷумҳурӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, то онро сарбаландона иҷро созад.





           

Ба гуфтаи ӯ, бо назардошти бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ҳукумат нақшаи чорабиниҳоро таҳия намуда, баҳри иҷрои он гурӯҳи корӣ низ таъсис додааст. «Нақша аз панҷ қисмат иборат буда, қисмате аз онро сиёсати молиявиву андоз ташкил медиҳад, – гуфт ӯ. – Мо нақшаи мазкурро ҷиҳати баррасӣ ба Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байнулмилалии асъор пешниҳод сохтем ва пас аз тавсияҳои онҳо ба хулоса омадем, ки он таҳрири иловагӣ мехоҳад».




           

Ғ.Бобозода мӯътақид аст, он бандҳои буҷа, ки ба пардохтҳои иҷтимоӣ ва музди меҳнат марбутанд, тағйир нахоҳанд ёфт. «Мо бояд иҷрои қисмати хароҷоти буҷаро пурра таъмин созем ва ин ҷо пеш аз ҳама, пардохтҳои иҷтимоӣ ва музди меҳнат дар назар аст», – афзуд вазир.

 



Реклама на asia+

Соли нави хониш факултаҳои табобати бемориҳои кӯдакона ва муолиҷавӣ дар ДДТТ муттаҳид мегарданд

0


Душанбе. 30-юми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Шурӯъ аз соли нави хониш дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар факултаи дорусозӣ бо мақсади рушди соҳаи дорусозӣ дар кишвар фанни таълимии ҷадид – фитотерапия ҷорӣ мегардад.




Тавре ректори донишгоҳи мазкур Убайдулло Қурбонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, донишгоҳ кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, ки фаъолияти худро мувофиқи «Консепсияи ислоҳоти тибби омӯзишӣ ва дорусозии ҶТ» ба роҳ монда, эҳтиёҷоти кишварро ба пизишкони соҳаи умумӣ (табибони оилавӣ) қонеъ намояд.

 


 



Реклама на asia+

Сардори Раёсати гумруки вилояти Суғд иваз карда шуд

0


Душанбе. 30-юми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи фармони сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ, Неъматулло Табаров ба вазифаи сардори Раёсати хадамоти гумруки вилояти Суғд таъин карда шуд. Номбурда қаблан дар дастгоҳи марказии хадамоти гумруки кишвар ифои вазифа менамуд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, Хайрулло Раҳимов, ки қаблан дар ин мансаб кор мекард, ба вазифаи директори муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи минтақавии таҳкими фаъолияти гумрук ва рушди зерсохтори он» таъин гардид.


Реклама на asia+

Тоҷикистон аз содироти ашёи хоми стратегӣ ба хориҷи кишвар даст кашиданист

0



           

Душанбе. 30-юми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Вазир рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғуломҷон Бобозода дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ният дорад, то соли 2015 аз содироти ашёи хоми нахи пахта комилан даст кашида, ҳаҷми содироти ашёхи хоми аввалияи алюминийро низ коҳиш диҳад.





           

Вазир мегӯяд, ҳукумати ҷумҳурӣ барномаҳои коркарди нахи пахта ва алюминийро қабул карда, дар кишвар 7 корхонаи коркарди нахи пахта ва як корхонаи истеҳсоли кабели алюминӣ сохта мешавад, ки минбаъд метавонад тамоми минтақаи Осиёи Марказиро бо ин маҳсулоти тайёри алюминий таъмин созад.


Реклама на asia+

Вазири мелиоратсияи ҷумҳурӣ аз кишварҳои минтақа даъват ба амал овард, ки лоиҳаи минтақавии тозакунии обанборҳои Нораку Қайроққумро таҳи

0


Душанбе. 3-юми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ аз кишварҳои минтақа, ки дар поёноби дарёҳои Амӯ ва Сир ҷойгиранд, даъват ба амал овард, дар истифодаи самараноки захоири обии рӯдхонаҳои фаромарзӣ саҳм бигиранд.




Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон Саиди Ёқубзод дар ҷамъи рӯзноманигорон гуфт, аз захираҳои обии минтақа ҳама кишварҳо истифода мекунанд, вале хисорот танҳо ба дӯши Тоҷикистон аст. «Соли гузашта танҳо Қазоқистон бо ин мақсад 300 ҳазор $ маблағ ҷудо кард», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи С.Ёқубзод, аз ҳисоби нигаҳдории об дар ҳаҷми 3,4 млрд метри мукааб саддҳо дар атрофи обанбори Қайроққум аз шамоли сахт шуста мешаванд, ки ин ба бадшавии ҳолати мелиоративии заминҳои ноҳияҳои Бобоҷон Гафуров ва Конибодом мусоидат намуда, сатҳи обҳои зеризаминӣ зиёд мешавад. «Ғайр аз ин, лойқанокшавии оюанборҳо низ афзудааст ва тибқи маълумоти коршиносон, ҳаҷми он дар обанбори Қайроққум 1 млрд. метри мукаабро ташкил медиҳад, ки барои тоза кардани 1 метри мукааби он 1 $ зарур аст», – изҳор дошт вазир.



Вазири мелиоратсияи ҷумҳурӣ аз кишварҳои минтақа даъват ба амал овард, ки лоиҳаи минтақавии тозакунии обанборҳои Нораку Қайроққум аз лойқанокшавиро таҳия созанд. «Тайи 2-3 соли ахир ҳукумати Тоҷикистон баҳри корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ 10 млн $ маблағ масраф карда, ҳамин миқдор маблағ барои корҳои барқароркунии соҳаи кишоварзӣ аз ҷониби Бонки қарзӣ ихтисос дода шуд», – афзуд С.Ёқубзод.


Реклама на asia+