Ғ.Бобозода: Сарфи назар аз бӯҳрони молӣ, бандҳои марбут ба пардохтҳои иҷтимоӣ ва маоши буҷа тағйир нахоҳанд ёфт

            Душанбе. 31-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки ҳарчанд вазъи иҷрои буҷаи соли 2009 душвориҳо пеш орад ҳам, ҳукумати ҷумҳурӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, то онро сарбаландона иҷро созад.             Ба гуфтаи ӯ, бо назардошти бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ҳукумат нақшаи чорабиниҳоро таҳия намуда, баҳри […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 31-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки ҳарчанд вазъи иҷрои буҷаи соли 2009 душвориҳо пеш орад ҳам, ҳукумати ҷумҳурӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, то онро сарбаландона иҷро созад.





           

Ба гуфтаи ӯ, бо назардошти бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ҳукумат нақшаи чорабиниҳоро таҳия намуда, баҳри иҷрои он гурӯҳи корӣ низ таъсис додааст. «Нақша аз панҷ қисмат иборат буда, қисмате аз онро сиёсати молиявиву андоз ташкил медиҳад, – гуфт ӯ. – Мо нақшаи мазкурро ҷиҳати баррасӣ ба Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байнулмилалии асъор пешниҳод сохтем ва пас аз тавсияҳои онҳо ба хулоса омадем, ки он таҳрири иловагӣ мехоҳад».




           

Ғ.Бобозода мӯътақид аст, он бандҳои буҷа, ки ба пардохтҳои иҷтимоӣ ва музди меҳнат марбутанд, тағйир нахоҳанд ёфт. «Мо бояд иҷрои қисмати хароҷоти буҷаро пурра таъмин созем ва ин ҷо пеш аз ҳама, пардохтҳои иҷтимоӣ ва музди меҳнат дар назар аст», – афзуд вазир.

 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.