Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмини амнияти ғизоӣ ҷудо кардани ҳудуди 1 млрд. сомонӣ маблағро пешбинӣ мекунад

0



           

Душанбе. 30-юми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғулом Бобозода изҳор дошт, ки вазъи таъмини ғизо дар бозорҳои ҷумҳурӣ мӯътадил аст ва ҳеҷ мушкилоти марбут ба таъмини аҳолии кишвар бо маводи аввалияи ғизо вуҷуд надорад.





           

Ӯ гуфт, нархи орд дар муқоиса бо тобистони соли гузашта 40 дарсад поин рафтааст ва агар соли гузашта барои ташкили захираҳои давлатии орд 20 млн. сомонӣ ҷудо шуда бошад, соли равон ин рақам ба 50 млн. сомонӣ расидааст. «Ғайр аз ин бо Қазоқистон ҷиҳати ворид кардани зироати ғалладона ба маблағи 4 млн. $ тавофуқ ҳосил шуд», – гуфт ӯ.


Реклама на asia+

Дар Суғд ба иллати камбуди барқ шумораи навбатии ҳафтаномаи «Вароруд» ба чоп нарасид

0


Хуҷанд. 30-юми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Суғд ба иллати камбуди барқ шумораи навбатии ҳафтаномаи «Вароруд» ба чоп нарасид.




Ба гуфтаи муовини сардабири ҳафтанома Ҷӯра Юсуфӣ, ҳафтаи равон ба идораи рӯзнома танҳо дар муддати ду рӯз ва он ҳам ба муддати 2 соатӣ барқ интиқол дода шудааст. «Табиист, ки дар ин муддат мо имкон надоштем, шумораро омодаи чоп созем ва аз хонандагону ҳаводорони рӯзнома маъзарат мехоҳем», – гуфт ӯ.



Ҳафтаномаи «Вароруд» яке аз се рӯзномаҳои мустақили вилояти Суғд мебошад, ки ба миқдори 2,5 ҳазор нусха нашр мегардад.




 



Реклама на asia+

Мусодираи миқдори зиёди ҳероин дар марзи Афғонистон

0



           

Душанбе. 30-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон гумрукчиёни тоҷик миқдори зиёди маводи мухаддир мусодира намуданд.





           

Тавре аз Раёсати минтақавии хадамоти гумруки вилояти Хатлон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чанде қабл дар қаламрави Панҷи Поён ба гумони интиқоли маводи мухаддир мошине боздошт гардид, ки ба он семент бор карда шуда буду аз Афғонистон сӯи Тоҷикистон равона буд. Зимни азназаргузаронии мошини боркаш кормандони хадамоти гумрук беш аз 30 кило маводи мухаддир дарёфт ва мусодира намуданд. Зиёда аз 22 килои онро маводи сахттаъсири ҳероин ташкил медиҳад.




           

Феълан шахсони ба ин ҷиноят дастдошта муайян карда мешаванд.


Реклама на asia+

А.Ҳ.Раҳнамо: Таъин кардани А.Қаҳҳоров ба вазифаи вазири умури дохилӣ қадами воқеӣ ба таъмини ширкати воқеии минтақаҳо дар ҳокимияти воқеӣ а

0



           

Душанбе. 30-юми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Номзади улуми сиёсӣ Абдулло Ҳаким Раҳнамо дар мавриди таъини Абдураҳим Қаҳҳоров ба вазифаи вазири умури дохилии ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки пеш аз ҳама, онро чун сари мансаб омадани мутахассиси соҳибтаҷрибаву салоҳиятнок мебояд баррасӣ намуд.





           

Сиёсатшинос гуфт, вазифаҳои аввалиндараҷаи вазири нав бояд аз ислоҳоти сохториву маънавӣ баҳри беҳбуди имиҷи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва барқарорсозии эътимоди ҷомеа ба онҳо иборат бошанд. «Таъин кардани А.Қаҳҳоров ба вазифаи вазири умури дохилӣ қадами воқеӣ ба таъмини ширкати воқеии минтақаҳо дар ҳокимияти воқеӣ аст ва он минбаъд пайомадҳои муҳим ва мусбати сиёсӣ ба бор хоҳад овард», – гуфт ӯ.




           

Ба қавли коршинос, агар сиёсати кадрӣ минбаъд ҳамин тавр ҷараён гирад, он ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва дарки бештари эҳсоси умумиллии мутааллиқ будан ба давлати умумимиллӣ мусоидат хоҳад кард. «Аз дидгоҳи афкори технологияи сиёсӣ ташаккули чунин эҳсос нишондиҳандаи муҳими равонӣ буда, он нақши воқеии амаливу сиёсиро дорост ва аз ин рӯ, ман ин қарори сарвари давлатро мусбат арзёбӣ менамоям», – афзуд А.Ҳ.Раҳнамо.


Реклама на asia+

Ҳарифони дастаи «Регар-ТадАЗ» дар мусобиқоти Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё муайян шуданд

0


Душанбе. 30-юми январ – Дар шаҳри Куала -Лумпур, пойтахти Малайзиё, қуръакашии сабқати гур


ӯ


ҳии


Ҷ


оми раиси AFC – Конфедеросиюни футболи Осиё – доир гардид.




11 дастаи ширкаткунандаи мусобиқот ба 3 гур


ӯ


ҳ тақсим шуданд. Бар асоси қуръакаш


ӣ


ба гур


ӯ


ҳи «А» «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода (То


ҷ


икистон), «Непал Полис Клаб» (Непал), «Тайван Пауэр Компани» (Тайван), ВАПДА (Покистон), ба гур


ӯ


ҳи «В» «Ишқобод» (Туркманистон), «Шри-Ланка Арми» (Шри-Ланка), «Абахани» (Бангладеш), ба гур


ӯ


ҳи «С» «Дордой-Динамо» (Қирғизистон), «Канбавза» (Мянмар), «Пномпен Краун» (Камбо


ҷ


а) ва «Йездин» (Бутан) дохиланд.



Се дастаи ғолиби гур


ӯ


ҳҳо ва беҳтарин дастаи


ҷ


ойҳои дуввум ба даври ниманиҳо


ӣ


роҳ меёбанд. Макони баргузории сабқати гур


ӯ


ҳ


ӣ


ва ниҳо


ӣ


баъдтар муайян хоҳад шуд. Бозиҳо моҳҳои май (сабқати муқаддамот


ӣ


) ва сентябр (даври ниманиҳо


ӣ


ва ниҳо


ӣ


)-и соли 2009 баргузор мешаванд. Дар ин бора радиои Озодӣ хабар медиҳад.


Реклама на asia+

Ш.Шабдолов: Сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русияро мебояд сари мизи гуфтушунид нишаст

0



           

Душанбе. 30-юми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндаи парлумони ҷумҳурӣ одӣ Шабдолов бар чунин назар аст, ки сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русияро мебояд сари мизи гуфтушунид нишаст ва барои ҳалли мушкилоти зуҳурёфта оид ба танзими ин масоил дар сатҳи давлатӣ созишномаҳо ба имзо расонид.





           

Ш.Шабдолов мегӯяд, дар масъалаи истифодаи захоири обӣ бояд шартномаи усулие ба имзо расад, ки манофеъи ҳама ҷонибҳоро ҳимоят кунад ва аз тарафи парлумонҳои давлатҳо таъйид гардад. «Дар асоси усулҳои муқаррарсохтаи шартномаи мазкур парлумонҳои давлатҳо дар бораи истифодаи энергия, захоири обии рӯдхонаҳои фаромарзӣ ва интиқоли барқ қонунҳое мекунанд, ки мухолифи якдигар нахоҳанд буд», – гуфт ӯ.




           

Раиси Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон зикр кард, ки дар масъалаи таъсиси шабакаи ягонаи барқи минтақаи Осиёи Марказӣ, ки минбаъд ҷиҳати содироти барқ дар қисмати шимол бо Русия ва дар қисмати ҷануб бо Эрону Ҳиндустон ва Чин пайваст мегардад, ҳеҷ мушкилоти техникие мавҷуд нест ва ин нукта ҳамчунин ба масоили танзими раванди ҳаракати нақлиёт ва коммуникатсия низ дахл дорад.




           

Ш.Шабдолдов мӯътақид аст, ки бидуни ҳамгиройии кишварҳо дар минтақа танзими нархи нафту газ ва ғайра ғайриимкон аст, зеро агар нархҳоро ба ҳоли худ гузорему онро бо биржаи Лондон муқоиса намоем, ҳама гуна калавиши бӯҳрони ҷаҳонӣ ба иқтисоди кишварҳо таъсири ногувор хоҳад расонд. «Аз ин рӯ, дар ҳалли чунин масоил мо бояд бозори усувори минтақавии худро доро бошем, ки дар он Русия низ бояд ширкат кунад», – изҳор дошт ӯ.




           

Намояндаи парлумон афзуд, ки дар масъалаи истифодаи захоири обии минтақа гуфтушунидҳои дуҷониба самарае ба бор нахоҳанд овард ва онро мебояд дар чаҳорҷӯбаи ИДМ ва Русия ҳал намуд.


Реклама на asia+

Президенти Эрон омодагии кишварашро ҷиҳати расонидани кӯмак ба Тоҷикистон иборат аз сӯзишвориву дигар маводи мавриди ниёз изҳор намуд

0




Душанбе. 30-юми январ – Байни Президенти




Ҷ




умҳурии То




ҷ




икистон Эмомал




ӣ




Раҳмон ва Президенти




Ҷ




умҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод с




ӯ




ҳбати телефон




ӣ




баргузор гардид.








Сарварони ду кишвари д




ӯ




ст масоили вазъи ҳозира ва дурнамои рушди равобити ду




ҷ




онибаро баррас




ӣ




намуданд. Таъкид гардид, ки ҳарду




ҷ




ониб барои таъмини тавсеа ва густариши бемайлони

 

ин равобит чораҳои

 

мушаххас хоҳанд андешид.







Рафти сохтмони

 

пружаҳои

 

ҳамкор




ӣ




дар соҳаҳои

 

гидроэнергетик




ӣ




ва нақлиёт




ӣ




баррас




ӣ




шуд ва




ҷ




онибҳо иродаи худро




ҷ




иҳати қабл аз м




ӯ




ҳлати

 

пешбинишуда ба итмом расонидани

 

онҳо

 

изҳор намуданд.







Зимни гуфтуг




ӯ




мавз




ӯ




ъҳои ҳамкориҳои низомиву амният




ӣ




дар маркази тава




ҷҷ




ӯ




ҳи тарафайн қарор доштанд. Сарварони ду кишвар

 

таъмини тамосҳои доимии роҳбарони ниҳодҳои қудратиро амри зарур




ӣ




ҳисобида, мавриди ниёз будани инкишоф ва рушди чунин ҳамкориҳоро бори дигар таъкид намуданд.







Масоили

 

минтақав




ӣ





 

ва байналмилалии

 

мавриди тава




ҷҷ




ӯ




ҳи тарафайн низ аз мавз




ӯ




ҳои муколамаи

 

телефон




ӣ




буд. Президенти То




ҷ




икистон

 

баргузории




ҷ




аласаи навбатии сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодиро (ЭКО) таъйид намуда, омодагии




ҷ




ониби То




ҷ




икистонро барои ширкат дар ин




ҷ




аласа иброз дошт.







Президенти




Ҷ




умҳурии Исломии Эрон

 

бо дарназардошти вазъи душвори зимистони имсола дар То




ҷ




икистон омодагии




ҷ




ониби Эронро




ҷ




иҳати ба кишвари мо расонидани к




ӯ




маки бародарона иборат аз с




ӯ




зишвориву дигар

 

маводи мавриди ниёз изҳор намуд ва ин ибораҳои

 





ӯ




аз




ҷ




ониби Сарвари То




ҷ




икистон бо сипосу қадрдон




ӣ




истиқбол гардид. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.




Реклама на asia+

Э.Раҳмон ҷиҳати бартараф сохтани камбудиҳо ба як қатор мансабдорон шаш моҳ мӯҳлат дод

0




Душанбе. 30-юми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Таҳти раёсати Президенти




Ҷ




умҳурии То




ҷ




икистон, Раиси Ш




ӯ




рои амнияти мамлакат Эмомал




ӣ




Раҳмон




ҷ




аласаи Ш




ӯ




рои амнияти




Ҷ




умҳурии То




ҷ




икистон баргузор гашт, ки дар рафти он ҳисоботи

 

роҳбарони сохторҳои қудрат




ӣ




ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шунида шуда, нати




ҷ




аҳои фаъолияти онҳо дар соли 2008 мавриди таҳлилу баррасии




ҷ




идд




ӣ




қарор гирифт ва вазифаҳо барои соли равон муайяну мушаххас карда шуд.








Тава




ҷҷ




ӯ




ҳи зиёд ба бартараф намудани камбудию нуқсонҳои мав




ҷ




уда, таҳкими омодагии




ҷ




ангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва фаъолияти дигар сохторҳои дахлдор оид ба мубориза бо




ҷ




инояткор




ӣ




зоҳир гардид.







Президенти




Ҷ




умҳурии То




ҷ




икистон, Раиси Ш




ӯ




рои амнияти мамлакат Эмомал




ӣ




Раҳмон барои бартараф намудани камбудиҳои




ҷ




идд




ӣ




дар фаъолияти худ ба Раиси Суди ол




ӣ




Нусратулло Абдуллоев, Раиси Ш




ӯ




рои адлия Шермуҳаммади Шоҳиён, Мушовири давлатии Президенти




Ҷ




умҳурии То




ҷ




икистон оид ба сиёсати ҳуқуқ




ӣ




– намояндаи комилҳуқуқи Президенти




Ҷ




умҳурии То




ҷ




икистон дар Ма




ҷ




лиси Ол




ӣ





 

Зариф Ализода ва Деректори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо Исмоил Шафиев 6 моҳ м




ӯ




ҳлат дод. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.




Реклама на asia+

Хоҷагиҳои деҳқонии кишвар барои истифодаи об аз давлат ба маблағи 41 млн. $ қарздоранд

0



           

Душанбе. 30-юми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон Саиди Ёқубзод дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки вазорат аз миқдори қарзи зиёди ҷамъшудаи хоҷагиҳои деҳқонӣ изҳори нигаронӣ дорад, зеро имрӯз маблағи ин қарз ба 148 млн. сомонӣ расидааст. «Соли сипаригашта хоҷагиҳо қарзашонро ҳамагӣ ба андозаи 27 дарсад пардохт намуданд, вале мо то ҳанӯз 80-90 дарсади хоҷагиҳоро бо об таъмин месозем», – гуфт ӯ.





           

Ба гуфтаи вазир, камбуди маблағ имкон намедиҳад, ки саривақт корҳои омодагӣ ба мавсими нави киштукор анҷом дода шаванд ва ҳамчунин вазорат дар назди ширкати «Барқи тоҷик» аз истифодаи барқ ба маблағи 92 млн. сомонӣ қарздор аст. «Эҳтиёҷи солонаи истифодаи барқ дар бахши мелиоратсия ҳамагӣ 52 млн. сомониро ташкил медиҳад, маблағи боқимонда қарзи солҳои пешин аст», – афзуд С.Ёқубзод.


Реклама на asia+

Вазири умури дохилии Тоҷикистон иваз карда шуд

0



           

Душанбе. 30-юми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадназар Солеҳов аз вазифа сабукдӯш гардид.





           

Бо фармони сарвари давлат ба вазифаи вазири умури дохилии кишвар Абдураҳим Қаҳҳоров, ки қаблан ба ҳайси сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд ифои вазифа менамуд, таъин карда шуд. Фармонҳои мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.


Реклама на asia+