Ш.Шабдолов: Сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русияро мебояд сари мизи гуфтушунид нишаст

            Душанбе. 30-юми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндаи парлумони ҷумҳурӣ одӣ Шабдолов бар чунин назар аст, ки сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русияро мебояд сари мизи гуфтушунид нишаст ва барои ҳалли мушкилоти зуҳурёфта оид ба танзими ин масоил дар сатҳи давлатӣ созишномаҳо ба имзо расонид.             Ш.Шабдолов мегӯяд, дар масъалаи истифодаи захоири обӣ бояд […]

Далер Ғуфронов



           

Душанбе. 30-юми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндаи парлумони ҷумҳурӣ одӣ Шабдолов бар чунин назар аст, ки сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русияро мебояд сари мизи гуфтушунид нишаст ва барои ҳалли мушкилоти зуҳурёфта оид ба танзими ин масоил дар сатҳи давлатӣ созишномаҳо ба имзо расонид.





           

Ш.Шабдолов мегӯяд, дар масъалаи истифодаи захоири обӣ бояд шартномаи усулие ба имзо расад, ки манофеъи ҳама ҷонибҳоро ҳимоят кунад ва аз тарафи парлумонҳои давлатҳо таъйид гардад. «Дар асоси усулҳои муқаррарсохтаи шартномаи мазкур парлумонҳои давлатҳо дар бораи истифодаи энергия, захоири обии рӯдхонаҳои фаромарзӣ ва интиқоли барқ қонунҳое мекунанд, ки мухолифи якдигар нахоҳанд буд», – гуфт ӯ.




           

Раиси Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон зикр кард, ки дар масъалаи таъсиси шабакаи ягонаи барқи минтақаи Осиёи Марказӣ, ки минбаъд ҷиҳати содироти барқ дар қисмати шимол бо Русия ва дар қисмати ҷануб бо Эрону Ҳиндустон ва Чин пайваст мегардад, ҳеҷ мушкилоти техникие мавҷуд нест ва ин нукта ҳамчунин ба масоили танзими раванди ҳаракати нақлиёт ва коммуникатсия низ дахл дорад.




           

Ш.Шабдолдов мӯътақид аст, ки бидуни ҳамгиройии кишварҳо дар минтақа танзими нархи нафту газ ва ғайра ғайриимкон аст, зеро агар нархҳоро ба ҳоли худ гузорему онро бо биржаи Лондон муқоиса намоем, ҳама гуна калавиши бӯҳрони ҷаҳонӣ ба иқтисоди кишварҳо таъсири ногувор хоҳад расонд. «Аз ин рӯ, дар ҳалли чунин масоил мо бояд бозори усувори минтақавии худро доро бошем, ки дар он Русия низ бояд ширкат кунад», – изҳор дошт ӯ.




           

Намояндаи парлумон афзуд, ки дар масъалаи истифодаи захоири обии минтақа гуфтушунидҳои дуҷониба самарае ба бор нахоҳанд овард ва онро мебояд дар чаҳорҷӯбаи ИДМ ва Русия ҳал намуд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.