Ҷаласаи васеъи ҳукумати ҷумҳурӣ

0



           

Душанбе. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имр


ӯ


з дар Душанбе таҳти раёсати президенти


ҷ


умҳур


ӣ


Эмомал


ӣ


Раҳмон


ҷ


аласаи васеъи ҳукумат оғоз гардид, ки тайи ду рӯз дар он аз рушди иқтисодиву и


ҷ


тимоии кишвар дар соли 2008 нати


ҷ


агир


ӣ


хоҳад шуд.





           

Тавре аз Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар кори ҷаласа кормандони масъули дастгоҳи президент, роҳбарони вазорат ва раёсату идораҳои ҷумҳуриявӣ, корхонаву муассисоти бузурги кишвар, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони вилоят ва шаҳру навоҳӣ ширкат меварзанд.




           

Интизор меравад, ки дар рӯзи аввали ҷаласа ҳисоботи роҳбарони тамоми соҳаҳо оид ба фаъолият дар давоми соли гузашта шунида шуда, дар рӯзи дуввум масъалаи кадрҳо мавриди баррасӣ қарор мегирад.


Реклама на asia+

Э.Раҳмон соли равон бори аввал барои боздиди давлатӣ ба мамолики соҳили баҳри Балтика сафар хоҳад кард

0



          

Душанбе. 14-уми январ – Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон нимаи аввали моҳи

 

феврали соли равон бори аввал барои боздиди давлат


ӣ


ба Латвия

 

сафар хоҳад кард. Дар ин бора

 

АМИТ «Ховар хабар медиҳад. Сардори давлати То


ҷ


икистон дар Латвия бо

 

Президенти ин мамлакат Валдис Затлер мулоқот ан


ҷ


ом медиҳад.





        

Эмомал


ӣ


Раҳмон баъди ан


ҷ


оми сафараш дар Латвия ба Брюссел рафта, дар ма


ҷ


лиси Комиссияи Аврупо ширкат меварзад. Сипас Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон барои боздиди расмии давлат


ӣ


ба

 

Литва ва Эстония хоҳад рафт. Давлат Назриев зикр намуд, ки

 

Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон бори аввал ба мамлакатҳои соҳили баҳри Балтика сафар мекунад.




       

Қайд карда шуд, ки

 

дар ин сафар Президенти То


ҷ


икистонро гур


ӯ


ҳи калони роҳбарони вазорату идораҳо ва соҳибкорону то


ҷ


ирон ҳамроҳ


ӣ


мекунанд. Дар ҳар яке аз мамлакатҳои зикршуда мулоқотҳои то


ҷ


ирону соҳибкорон гузаронида мешаванд. Тибқи нақша дар


ҷ


араёни сафар имзои силсилаи ҳу


ҷҷ


атҳои ҳамкор


ӣ


пешбин


ӣ


гардидааст, гуфт Д.Назриев.


Реклама на asia+

Соли равон дар ҷумҳурӣ сохтмони роҳи оҳани «Колхозобод-Панҷи Поён» шурӯъ мегардад

0



           

Душанбе. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Бо супориши сарвари давлат КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» моҳи сентябри соли равон ният дорад сохтмони роҳи оҳани самти «Ваҳдат-Ёвон»-ро ба масофаи


46 км

шурӯъ намояд.





           

Сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар марҳилаи аввал корхона сохтмонро аз ҳисоби маблағҳои худӣ оғоз карда, сипас ҷалби сармоягузорони хориҷӣ низ аз эҳтимол дур нест.




           

Ба гуфтаи ӯ, ояндаи наздик шурӯъи сохтмони роҳи оҳани самти «Колхозобод-Панҷи Поён» дар назар аст, ки он тадриҷан Тоҷикистонро тавассути Афғонистон бо Эрон мепайвандад ва бунёди роҳ аз ҷониби Эрон аллакай оғоз гардидааст. «Ҳамчунин пешниҳоди сохтмони роҳи оҳан ба Чин тариқи қаламрави Қирғизистон низ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад», – афзуд Амонулло Ҳукуматулло.


Реклама на asia+

Телевизиони давлатии Тоҷикистон дар Аврупо намояндагии худро боз карданист

0


Душанбе. 14-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Телевизиони давлатии Тоҷикистон дар Аврупо намояндагии худро боз карданист.




Ба қавли директори телевизиони «Сафина» Маҳмадсаид Пиров, «дар ин хусус чанде қабл бо сафорати Олмон дар Тоҷикистон гуфтушунид шудааст. «Дар намояндагие, ки мо боз карданием, на танҳо шабакаҳои давлатӣ, балки хусусӣ низ метавонанд барномаҳои худро пахш созанд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки маоши рӯзноманигороне, ки хоҳиши дар Аврупо кор кардан доранд, аз 5 то 7 ҳазор доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод.



Номбурда гуфт, баргузории озмун барои рӯзноманигорон рӯзҳои наздик тариқи шабакаҳои телевизиони мҳаллӣ эълон карда хоҳад шуд. «Дар навбати худ шабакаи телевизионии «Ал ҷазира»-и Қатар ба ифтитоҳи намояндагиаш дар Тоҷикистон мароқ зоҳир месозад», – афзуд М.Пиров.


Реклама на asia+

Ҳукумати Ҷопон барои барқарор намудани роҳҳои мошингарди Тоҷикистон боз кӯмак мерасонад

0


Душанбе. 14-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имр


ӯ


з байни


ҷ


аноби Йошихиро Накаяма, Сарпарасти Сафорати


Ҷ


опон дар


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон ва


ҷ


аноби Ҳамрохон Зариф


ӣ


, Вазири корҳои хори


ҷ


ии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон, дар чорч


ӯ


баи к


ӯ


макҳои бебозгашти Ҳукумати


Ҷ


опон табодули Ёддоштҳо ро


ҷ


еъ ба лоиҳаи “Барқарор намудани роҳи автомобилгарди “Д


ӯ


ст


ӣ


-Пан


ҷ


и Поён” баргузор гардид.




Бо назардошти мавқеи


ҷ


уғрофии То


ҷ


икистон дар байни Авруосиё ва Осиё,


шабакаи нақлиёти кишвар дорои аҳамияти бузург барои ҳам та


ҷ


диди ояндаи


ҳамкории байниминтақав


ӣ


ва ҳам баланд бардоштани самаранокии ҳамкории



байналмилал


ӣ


маҳсуб мешавад. Аҳамияти та


ҷ


диди роҳҳои нақлиёт аз Осиёи


Марказ


ӣ


ба


ҷ


ануб метавонад ба рушди кишварҳои ин минтақа, ки василаи дигари


пайвастан ба роҳҳои обиро надоранд, такон бахшад ва ҳамчунин мавриди


баррас


ӣ


дар Барномаи амал


ӣ


“Диалоги Осиёи Марказї


ӣ




Ҷ


амъи


Ҷ


опон ” гардид, ки дар он кишварҳои Осиёи Марказ


ӣ


аҳамияти такмили шабакаи нақлиётии


минтақаро иброз доштанд.



Бино ба сабаби рушди иқтисодии минтақа, тақвият ва густарда гаштани


доираи ҳамкориҳои байналмилалии иқтисод


ӣ


ва рушди савдои байналмилал


ӣ


, роҳи мошингарди “Д


ӯ


ст


ӣ


-Пан


ҷ


и Поён” на танҳо барои То


ҷ


икистон, балки барои


кулли кишварҳои минтақаи Осиёи Марказ


ӣ


, инчунин барои Афғонистон, Эрон ва


Покистон низ аҳамияти хоса дорад.



Роҳи “Д


ӯ


ст


ӣ


-Пан


ҷ


и Поён” қисми 23,7 километраи роҳи “Қ


ӯ


рғонтеппа –


Пан


ҷ


и Поёнро” ташкил медиҳад, ки дар ду марҳала барқарор хоҳад шуд.


Марҳалаи якуми лоиҳа, ки таъмири


8,3 км

роҳро дар бар гирифт, аллакай ан


ҷ


ом


ёфт ва марҳалаи дуввум – барқарор намудани

15,36 км

боқимондаи онро дар бар


мегирад. Маблағи умум


ӣ


барои марҳалаи дуввуми лоиҳа


ҷ


удо шуда 1,324,000,000


йени


ҷ


опониро ташкил медиҳад, ки ин тақрибан ба 15 миллион доллари ИМА



баробар аст.



Роҳи мошингарди “Д


ӯ


ст


ӣ


-Пан


ҷ


и Поён” бо пули навсохташудаи “Д


ӯ


ст


ӣ





дар марзи байни То


ҷ


икистон ва


Ҷ


умҳурии Исломии Афғонистон пайваст


мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафорати


Ҷ


опон дар То


ҷ


икистон хабар доданд.




 

Реклама на asia+

Қазоқистон ба Тоҷикистон ба маблағи 12 миллион доллари ИМА кӯмаки хайрия мерасонад

0


Душанбе. 14-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон бегоҳии дир


ӯ


з бо Президенти


Ҷ


умҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

     

телефон


ӣ


с


ӯ


ҳбат кард.





 

Сарони ҳар ду давлат зимни с


ӯ


ҳбат ро


ҷ


еъ ба

 

вазъияти имр


ӯ


заи

 

муносибатҳои д


ӯ


стонаи То


ҷ


икистону Қазоқистон ва роҳҳои

 

равнақу риво


ҷ


и онҳо табодули назар намуданд.




 

Нурсултон Назарбоев ба Эмомал


ӣ


Раҳмон хабар дод, ки

 

Қазоқистон

 

мувофиқи

 

паймонҳои

 

дар


ҷ


араёни мулоқоти

 

дар шаҳри Бишкек баргузоргардидаи сарони давлатҳои

 

Осиёи Марказ


ӣ


қарор додааст ба То


ҷ


икистон ба маблағи 12 миллион доллари ИМА

 

к


ӯ


маки хайрия расонад. Бо ин маблағ, аз


ҷ


умла ба То


ҷ


икистон 29 ҳазор тонна мазут, 9 ҳазор тонна с


ӯ


зишвории дизел


ӣ


, 12 ҳазор тонна ғалла ва ғайра фиристода хоҳад шуд.



Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон ба

 

Нурсултон Назарбоев миннатдор


ӣ


баён карда, ин иқдоми


ӯ


ро зуҳуроти нави

 

муносибатҳои д


ӯ


стонаи ҳар ду мамлакат номид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.


Реклама на asia+

Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар баррасӣ мешавад

0


Душанбе. 14-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни боздиди ҳайати давлати Қатар аз Тоҷикистон таҳти сарварии вазири ҳамкории байнулмилалии ин кишвар, ки дар таърихи 16-уми январ сурат хоҳад гирифт, дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар баррасӣ мешавад.




Тавре роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷараёни боздид дидору гуфтушуниди ҳайати Қатар бо президенти Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе ва вазири умури хориҷии ҷумҳурӣ дар назар аст.



Интизор меравад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо амалисозии қарордодҳои тасвибгардида зимни сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қатар ва амири Қатар Ҳамад бин Халифа Ал Танӣ ба Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.

 




Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Кумитаи омори кишвар, муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Қатар дар давраи моҳҳои январ-ноябр 138,6 ҳазор доллари амрикоиро ташкил додааст, ки ҳамаи он ба молу маҳсулоти воридотӣ аз Қатар рост меояд.


Реклама на asia+

Дар Тошканд музокироти Тоҷикистону Ӯзбекистон перомуни транзити барқи Туркманистон ба ҷумҳурӣ идома дорад

0



 


           

Душанбе. 14-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии раиси ширкати «Барқи тоҷик» муддати се рӯз аст, ки дар шаҳри Тошканд қарор дорад ва бо энергетикҳои Ӯзбекистон бобати транзити барқи Туркманистон тавассути шабакаҳои барқи Ӯзбекситон ба ҷумҳурӣ гуфтушунид мекунад.







           

Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ба ҳайати Тоҷикистон танҳо намояндагони ширкати «Барқи тоҷик» шомил буда, ҷузъиёти музокирот ба онҳо маълум нест.




           

Ба ОИ «Азия-Плюс» муяссар шуд, ки бо ширкати «Ӯзбекэнерго» тамос бигирад ва энергетикҳои ӯзбек тавсия доданд, ки ба ширкати «Барқи тоҷик» муроҷиат намоем, вале аз ширкати мазкур аз пешниҳоди иттилои дақиқ худдорӣ карданд.


Реклама на asia+

Кишоварзони ҷумҳурӣ нақшаи шудгор барои кишти тирамоҳиро барзиёд иҷро карданд

0



           

Душанбе. 14-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Кишоварзони


ҷ


умҳур


ӣ


нақшаи шудгор барои кишти тирамоҳии зироати ғалладона, картошка ва дигар сабзавотро барзиёд и


ҷ


ро карданд.





           

Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, то имрӯз ба ҷои нақшаи пешбинишудаи 256 ҳазору


953 гектар

313,7 ҳазор гектар (122%) замин аз шудгор бароварда шудааст.




           

Ба иттилои манбаъ, феълан дар майдони 227 ҳазору

653 гектар

кишти тирамоҳии зироати ғалладлона гузаронида шудааст, ки ба 92 дарсади нақша баробар аст. «Аз ин миқдор дар беш аз 213 ҳазор гектар гандум кишт шудааст ва ҳаҷми кишти гандум дар заминҳои обӣ аз 170 ҳазор гектари пешбинишуда дар 130 ҳазор гектар кишт шудааст», – гуфт манбаъ.




           

Ёдрас мекунем, ки соли равон кишоварзони ҷумҳурӣ ният доранд, 1 млн. 260 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона ба даст оранд.


Реклама на asia+

Тайи як сол дар Кӯлоб ба маблағи 202 ҳазор сомонӣ амволи аз ҷониби додгоҳ ҳабсшуда фурӯхта шуд

0



           

Кӯлоб. 14-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Тайи як сол дар Кӯлоб ба маблағи 202 ҳазор сомонӣ амволи аз ҷониби додгоҳи иқтисодӣ ҳабсшуда фурӯхта шуд.





           

Тавре директори шӯъбаи дар Кӯлоб будаи КВД оид ба фурӯши амволи давлатӣ Фахриддин Рустамов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, соли равон дар музояда 22 иншоот, аз қабили бошишгоҳҳои саҳроиву анборҳо, 4 мошин ба фурӯш гузошта шуда буданд, ки маблағҳои бадастомада ба буҷа ворид гардиданд.



«Як музояда баргузор нагардид, зеро барои фурӯши нуқтаи таъмини гази ноҳияи Темурмалик танҳо як харидор ҳозир шуд ва бо як нафар доир намудани музояда мухолифи қонун аст», – гуфт ӯ ва афзуд, ки ин музояда соли ҷорӣ баргузор хоҳад гашт.


Реклама на asia+